27.9 C
Dushanbe

ВКХ аз шаҳрвандон бо исрор хост ба Қирғизистон сафар накунанд

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон 2-юми феврал зимни нашри баёнияе аз шаҳрвандони кишвар, ба хусус донишҷӯён бо исрор хоста, ки ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон сафар накунанд.

Вазорати корҳои хориҷаи кишвар иброз медорад, ки бо вуҷуди фармоиши Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон аз 22 октябри соли 2021 дар бораи муҳайё намудани имконият барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ва фаъолияти корӣ намудан дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон, боз ҳам ҳолатҳои боздошти донишҷӯёни тоҷик дар гузургоҳҳои сарҳадии ин кишвар ва ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мешавад.

“Муассисаҳои таълимоти олии Қирғизистон таҷрибаи ба таври сунъӣ кашол додани раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни тоҷикро идома дода, барои судури ҳуҷҷатҳои лозима барои гузариш ба макотиби олии Тоҷикистон монеа эҷод месозанд. Зимни ин дар аксар мавридҳо ба донишҷӯён шарт гузошта мешавад, ки маблағи ҳаққи таълимро барои соли пурраи таҳсил пардохт намоянд, ҳарчанд дар қарордодҳои онҳо бо муассисаҳои таълимии Қирғизистон талаботи мазкур пешбинӣ нашудааст.”, омадааст дар баёнияи вазорат.

Дар идома таъкид мешавад, ки бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.