Дар шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши либос ва лавозими мактабӣ оғоз шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба шаҳрдории Душанбе хабар дод.
Гуфта мешавад, ин ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ аз 1-уми августи соли ҷорӣ шуруъ шуда, то 31-уми ҳамин моҳ идома хоҳад кард.
“Ярмарка бо ҳадафи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либос ва лавозимоти мактабӣ ва бо риояи қоидаҳои беҳдошт баргузор карда мешавад”, – гуфтааст манбаъ.
Ҳамчунин зикр шуда, ки ин намоиши фурӯши лавозими мактабӣ барои донишомӯзон бо фармони шаҳрдор Рустами Эмомалӣ дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Ҳамасола бо фаро расидани оғози соли хониш масъалаи харидани либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон ва хусусан дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ба яке аз баҳсҳои доғ мубаддал мешавад.
Як манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш ба Azda tv гуфт, “4 фарзандам дар мактаб мехонанд, ҳоло барои либосхарӣ аз мактаб моро маҷбур доранд, ки рафта аз як мағозае, ки хеле гаронфурӯш аст ва нархи он нисбат ба бозор фарқ мекунад, рафта ҳамаи либосҳоро бихарам ва расидашро оварда ба дасти масъулони мактаб супорам. Дар акси ҳол, аз дигар ҷо харидан бароям мушкилсоз мешудааст.“
Ин дар ҳолест, ки аз Вазорати маориф илми Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки волидайн дар хариди либос барои фарзандҳояшон озоданд ва касе ҳам ҳақ надорад онҳоро маҷбур созад, ки либосҳоро аз мағозаи махсус рафта бихаранд.
Вале боз ҳам дида мешавад, ки дар ин соҳа касе аз мақомоти дахлдор назорат намебарад ва дида мешавад, ки ин мушкилӣ бо фарорасии соли нави хониш боз сар задааст.
Ба гуфтаи бархе огоҳани умур, ин як роҳи пулкоркунии директорони мактабҳост, ки онҳо бо соҳибкорони махсус машварат карда, сари ҳар либос ҳам соҳибкор ва ҳам мудири мактаб фоидаи зиёд ба даст меоранд. Онҳо фоидаи худро мади назар дошта, он зарареро, ки ба буҷаи хонаводаҳои камбизоат ворид месозанд, барояшон муҳим нест.