32.9 C
Dushanbe

Заминларзаи шаби гузашта даҳҳо хонаро дар Мастчоҳ хароб кард

Шаби 23-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 01 боз як заминларзаи сахте Тоҷикистонро такон дод, ки дар натиҷа дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт даҳҳо хона зарар дид.

Гуфта мешавад, мардум аз даҳшати ин заминларза шабро дар берун рӯз кардаанд. Тибқи иттилои расонаҳо, дар деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки маркази заминларза онҷо гуфта мешавад, 300 хона зарар дида, беш аз 100 чорво талаф ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳукумати кишвар аз таъсиси як комиссияи давлатӣ барои муайян кардани ҳаҷми хисороти заминларза хабар дод. Аммо то ҳол ин комиссия аз ҳаҷми зарари ворида чизе нагуфтааст.

Акс аз саҳифаи фейсбукии Fitrati Hikmat
Мақомоти КҲФ мегӯяд, хушбахтона, талафоти ҷонии сокинон ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар натиҷаи ин заминларза аксари сақфу деворҳои оғилхонаҳо оғилхонаҳо фурӯ рехт, ки чорвоҳои зиёде талаф ёфт.

Кумитаи фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба ба иттилои хадамоти геофизикии назди АМИТ хабар дод, ки “23-юми марти соли 2023 соати 1:07 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 132 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт, 30 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ буд.”

Акс аз саҳифаи фейсбукии Fitrati Hikmat
Ба иттилои Кумита, қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.

Ҳамчунин КҲФ хабар медиҳад,  ки “Маротибаи дуюм соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ замин такон хӯрд, ки маркази он 6-7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мстчоҳ буд. Манбаъи ёдшуда хабар дод, ки қувваи заминларзаи дуюм дар маркази он 4,8 балл, дар умқи 40 километр 4 балл, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.”

Ёдовар мешавем, ки аз ин пештар шоми 21-уми марти соли ҷорӣ низ заминларзаи сахте бахши азими Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва бархе навоҳии вилояти Хатлонро такон дода буд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба расонаҳо гуфта буд, ки “марзкази заминларза дар ҳудуди Афғонистон буда, дар марказ қувваи заминларза аз 7 бал зиёд ва дар шаҳри Душанбе 5 балро ташкил дод.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ дар Олмон

Ҷамъе аз фаъолони олмонӣ ва тоҷикистонӣ тасмим гирифтаанд, ки ҳафтаи оянда се ҳамоиши эътирозӣ дар Берлин - пойтахти Олмон баргузор кунаад.

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.