Ҳамла ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон

Субҳи имрӯз бар асари як ҳамлаи мусаллаҳона ба сафорати Озарбойҷон дар пойтахти Эрон як нафар кушта ва ду каси дигар захмӣ шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломии Эрон “Ирно”, субҳи имрӯз, 27-уми январи соли 2023 як фарди мусаллаҳ бо автомати “Калашников” вориди бинои сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон шуда, ба кормандони он ҳамла кардааст.

Дар наворҳое, ки аз ин ҳодиса ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, нишон дода мешавад, ки марди ҳамлакунанда бо ворид шудан аз дарвоза ба самти кормандон оташ мекушояд. Ду нафар аз маҳҳали ҳодиса фирор кардан мехоҳанд, вале ҳамлакунанда онҳоро дунбол карда ба рӯяшон тир холӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол як тан аз посбонҳои сафорат дасти холӣ ба самти вай медавад ва мехоҳад силоҳро аз дасташ бигирад, вале муваффақ намешавад.

Ба қавли ББС, Президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев, ҳамла ба сафорати кишвараш дар Теҳронро як амали “террористӣ” хонда ва ба шиддат онро маҳкум кардааст. Ӯ гуфта: “Мо хостори фавран ба ҳодиса расидагӣ ва муҷозоти террористҳо ҳастем.

Гуфта мешавад, дар пайи ҳодисаи мазкур Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон сафири Эрон дар кишварашро эҳзор кардааст.

Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин ҳамларо маҳкум карда, ба хонавода ва мардуми Озарбойҷон изҳори ҳамдардӣ кардааст. Ба гуфтаи Канъонӣ, “натиҷаи баррасиҳои аввалия ва дастгоҳҳои зирабт ҳокӣ аз ангезаи шахсӣ дар пушти ин иқдом аст. Ба ин хотир, бо таваҷҷуҳ ба вуруди фаврии дастгоҳҳо ва ниҳодҳои зирабти интизомӣ, амниятӣ ва қазоӣ тавсия мегардад расонаҳо аз интишори ахбори ғайри мувассақ ва гумоназаниҳо дар ин робита иҷтиноб намоянд.”

Аз сӯи дигар Мавлуд Човушоғлу, Вазири корҳои хориҷии Туркия дар саҳфаи Теввитриаш бо маҳкум кардани ин ҳамла онро як амали “хоинона” арзёбӣ карда, гуфтааст: “Ба бародари шаҳидамон раҳмату мағфират, ба пайвандонаш ва мардуми Озарбойҷон тасаллият ва ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорам. Озарбойҷон ҳеҷ гоҳ танҳо нест.” Инчунин Русия ҳам дар вокуниш ба ин ҳодиса гуфтааст, ки мо аз ҳамла ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон “шок” шудем.

Эрон мегӯянд, ки марди ҳамлакунанда дар маҳалли ҳодиса боздошт шудааст ва тибқи эътирофоти ибтидоӣ, вай гуфтааст, ки ҳамсараш моҳи апрели соли ҷорӣ ба сафорати Озарбойҷон омада дигар ба хона барнагаштааст. Ба ин хотир аз пеш силоҳро омода карда, ба қасди бозпас гардондани ҳамсараш ба сафорат ҳамла кардааст.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз, соати 08:00 ба вақти Теҳрон ва 08:30 ба вақти Боку марде бо мошин омада дами дарвозаи сафорати Озарбойҷон дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон истод мешавад ва ин марди мусаллаҳ бо калашников вориди бино мешавад. Бар асари ин ҳамлаи мусаллаҳона сардори горди нирӯҳои муҳофизи сафорат Ризвоноғлу Аскаров кушта ва ду тани дигар аз ҳамкоронаш захмӣ шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.

Табдили алифбо баробар бо табдили қудрат аст

Ҳазфи вожаи "форсӣ" аз Қонуни забон ва маҳдуд кардани омӯзиши хатти форсӣ натавонист онро ба фаромӯшӣ бисупорад ва ё пеши роҳи омӯзиши онро аз миллати тоҷик бигирад.

Дидори вазири тоҷик бо намояндаи вежаи президенти Амрико

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи 10-уми июн дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо намояндаи вежаи президенти Иёлоти Муттаҳида дидору гуфтугӯ кард.

Ҳамлаи ҷадиди Амрико ба Эрон: Тангаи Ҳурмуз баста шуд

Шаби 10-уми июни соли ҷорӣ нерӯҳои низомии Амрико ба хоки Эрон дигарбора ҳуҷумро оғоз карданд.