Вокуниши Толибон ба изҳороти SIGAR: Ҳеч хатаре ба ҳамсоягон таҳдид намекунд!

Толибон рӯзи 18-уми июни соли ҷорӣ бо нашри баёнияе ба гузориши ахири ниҳоди Бозраси вежаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон (SIGAR) вокуниш нишон дода, онро таблиғоти Амрико барои бадномсозии ҳукуматашон арзёбӣ кард.

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон бо нашри изҳороти расмие муҳтавои ин гузориши ниҳоди амрикоиро мабнӣ бар ин ки дар Афғонистон мушкилоти амниятии дохилӣ афзоиш ёфта, кишварҳои ҳамсояро хатар таҳдид мекунад, дурӯғ шуморида, мегӯяд, чунин фаъолиятҳо барои “фазосозӣ бо ҳадафи нигарон сохтани ҳамсоягони Афғонистон” омода мешаванд.

Сухангӯи ҳукумати Толибон мегӯяд, ниҳоди Бозраси вежаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон пас аз ба сари қудрат расидани Толибон дар ин кишвар вазифаи пропаканда дуруст кардан алайҳи Иморати исломиро бар уҳда гирифтааст.

SIGAR дар тозатарин гузориши худ гуфтааст, ки “Иморати исломӣ бо мушкили амниятии ҷиддӣ мувоҷеҳ аст ва гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ ва таҳдидоти дохилӣ дар Афғонистон афзоиш ёфта ва бархе кишварҳо бо хатар мувоҷеҳ ҳастанд.“

Аммо ниҳоди сухангӯии Толибон ин гузоришро рад карда, мегӯяд, “Мо ин навъ пропакандаи SIGAR-ро бо ҷиддият рад менамоем. Иморати исломии Афғонистон контроли комили авзоъро дар даст дорад ва ба ҳеч гурӯҳ ё ҷиҳате иҷозат нахоҳад дод, ки Афғонистонро ноамн кунад ё аз хоки Афғонистон алайҳи касе истифода кунад.“

Дар баёнияи Толибон ҳамчунин таъкид мешавад, ки ҳеч хатари гурӯҳи мусаллаҳонаи дохилӣ ва хориҷӣ ба амнияти Афғонистон таҳдид намекунад ва “пурӯжаи ДИИШ шикаст хӯрда, дар маърази нобудист.”

Таъкиди Толибон дар бораи нобудии ДИИШ ва адами таҳдиди амният аз хоки ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя дар ҳолест, ки чанд моҳе қабл ду маротиба гурӯҳҳои мусаллаҳ аз хоки ин кивашр вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар вилояти Бадахшон ва вилояти Суғди Тоҷикистон бо нерӯҳои марзбонии кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.