Идомаи боздошти муҳоҷирон дар Русия

Дар пайи як амалиёти мақомоти интизомии Русия чанд тан аз муҳоҷирони корӣ дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт шуданд.

Шабакаи телеграммии “Многонационал” бо нашри чанд аксу навор аз идомаи “рейд”-у боздошти муҳоҷирон дар шаҳраки Котленики хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои амниятӣ дар асоси шикояти сокинони руси ин шаҳрак нуқтаҳои кору хоби муҳоҷиронро тафтиш карданд.

Дар наворҳои нашркардаи ин шабака дида мешавад, ки кормандони ОМОН қаҳвахонаи “Бек-бургер” ва хобгоҳи “Белая дача”-и шаҳраки Котелникро тафтиш доранд. Қисме аз муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд, қисми дигарро ба мошин савор карда ба шуъбаи пулис бурданианд.

То ҳол маълум нест, ки миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё не.

Шабакаи телеграммии “Многонационал” менависад, ки дар натиҷаи ин “рейд” даҳҳо муҳоҷири хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доштанд, муайян карда шудааст ва чунин рейдҳо мунтазам идома хоҳанд ёфт.

Чанд моҳи ахир аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия аз ҷониби мақомоти ин кишвар тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон идома дорад. Ва яке аз аввалин рейди густарда дар соли ҷорӣ дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав пас аз шикояти сокинони маҳаллии он ба Президенти Русия оғоз гардид.

То ин муддат наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, чӣ аснод дошта бошанд чи на, ҳамаро якҷоя боздошт мекунанд. Вале, ба гуфтаи муҳоҷирон, касе ҳуҷҷатҳои лозимаро дошта бошад, озод мекунанд, аммо онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд боздошту ихроҷ мешаванд ва ҳатто табқи хабарҳои тасдиқнашуда, муҳоҷирони боздоштшударо ба ҷанги Украина ҷалб кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Думаи давлатӣ қонуни боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро қабул кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 10-уми июн дар хониши дуюм ва сеюм, яъне ниҳоӣ қонунеро қабул намуд, ки мувофиқи он ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон зиёд карда мешавад.

Беш аз 200 зани маҳбуси тоҷик аз Русия ба Ватан интиқол дода шаванд

Беш аз 200 зани шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, эҳтимол то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.

Ронандаи ҷавон дар обанбори кони тиллои Шугнов ҷон бохт

Як корманди ҷавони корхонаи истихроҷи тилло дар ноҳияи Ховалинг бар асари ба обанбор афтодани мошини борбардораш ҷонашро аз даст дод.

Як ҷавони 18-сола дар Хатлон зиндонӣ шуд

Мақомот дар вилояти Хатлон як ҷавони 18-соларо бо иттиҳоми пайравӣ аз "Салафия" зиндонӣ карданд.