12.9 C
Dushanbe

Ғарқ шудани се нафар дар обҳои кишвар. Яке аз онҳо кӯдаки ноболиғ буд

Дар ду рӯзи гузашта се нафар дар обҳои кишвар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд, ки яке аз онҳо писарбачаи ноболиғи 11-сола будааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, зуҳри 19-уми августи соли ҷорӣ “як сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент ҳангоми оббозӣ дар Ҳафткӯл, воқеъ дар рустои Рашнаи Поёни ҷамоати деҳоти деҳаи Шинг аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.” 

Гуфта мешавад, ду рӯз боз корҳои наҷотдиҳӣ аз ҷониби КҲФ идома дорад, вале то ҳол ҷасадро пайдо накардаанд.

Ҳамчунин 20-уми августи соли ҷорӣ “ҳангоми гузаштан аз канали “ВД-з” як сокини 19-солаи деҳаи Рахшонзамини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара дар об ғарқ шуд ва ба ҳалокат расид.” Гуфта мешавад, ҷасади ин навҷавони тоҷикро сокинони атроф пайдо карда, ба волидонаш супурданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ хабар медиҳад, ки шоми 20-уми август дар шаҳри Ваҳдат як сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод – 3, ҷамоати деҳои Гулистон ҳангоми оббозӣ дар каналаи байнидеҳавӣ ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро то ҳол пайдо накардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар мегӯяд, аз субҳи имрӯз, 21-уми август талошҳо барои пайдо кардани ҷасади ғарқшуда идома дорад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сатҳи талоқ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода мегӯяд, бо вуҷуди коҳиш ёфтани омори талоқ дар кишвар, ин масъала ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Интернети Starlink дар Тоҷикистон дастрас шуд

Интернети моҳвораии Starlink расман фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард. Дар ин бора ширкати Илон Маск 5-уми феврал хабар дод.

HRW: Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Соли 2025 дар Тоҷикистон мавқеи ҳизби ҳоким мустаҳкам гардида, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мухолифин зиёд шудааст.

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон бо талаби Тоҷикистон

Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷонби мақомоти Қазоқистон дастгир шудааст.