14.9 C
Dushanbe

Гузориши Вазири молияи Тоҷикистон дар бораи НБО-и “Роғун” ва қарзи кишвар

Дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5,2 миллард сомонӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пардохт шудааст.

Қаҳорзода Файзиддин Саттор, вазири молияи Тоҷикистон 16-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки талош доранд бо Бонки рушди Саудӣ, Бонки исломӣ ва дигар созмонҳои молиявӣ созишномаҳои сармоягузорӣ имзо намуда, барои бунёди НБО-и “Роғун” то 1 миллард доллар маблағ ҷалб кунанд.

Вазир афзуд, ки соли гузашта дар бораи 24 лоҳиаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 571,7 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид. Аз ин маблағ 374,1 миллион доллар ё 65% он маблағҳои грантӣ ва 191,6 миллон доллар ё 33,5% он маблағҳои қарзӣ ва 6 миллон доллар ё 1,5% он саҳми Тоҷикистон мебошад.

Қаҳорзода дар гузоришаш инчунин дар бораи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ишора карда, гуфт, ки қарзи умумии давлатӣ то 1 январи соли 2024 ба 3,6 миллард доллар ё 30,2% Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар шудааст. Вазири молия мегӯяд, 89% он қарзи беруна ва ҳудуди 400 миллион доллари дигар қарзи дохилӣ гуфта мешавад. Ба гуфтаи вазир, қарзи умумии берунаи кишвар ба 26,9% ММД баробар аст.

Аммо дар бораи ин ки ҳукумати кишвар солона қарзҳои хориҷияшро чӣ гуна ва бо кадом роҳҳо боз мегардонад, вазири молия чизе нагуфт.

Ин дар ҳолест, ки Бонки рушди АвруОсиё дар гузорише соли 2020 ба Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки дар робита ба гирифтани қарзҳои хориҷӣ эҳтиёткор бошад, зеро хати сурх (38% ММД)-ро гузаштааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, то аввали соли 2020 таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба ММД-и кишвар 45,7%-ро ташкил дода буд, ки 7,7 банди фоизӣ аз “хати сурх”-и 38% зиёдтар мебошад.

Аз ҷумла, то 1 январи соли 2020 қарзи дохилии ҷумҳурӣ 6,9 млрд сомонӣ ва ҳаҷми қарзи хориҷӣ – 2,9 млрд долларо ташкил медод. Он замон Вазорати молияи Тоҷикистон дар гузорише гуфта буд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз оғози соли 2020 то 1-уми октябри ҳамон сол ба 3,2 млрд доллар расида буд.

Дар роибта ба афзоиш ё коҳиши ҳаҷми қарзи дохилӣ ва раванди пардохти онҳо то ба имрӯз мақомоти кишвар аз додани маълумоти дақиқ худдорӣ мекунанд ва ҷое чунин маълумот нашр нашуда ва масъулон ҳам эълон накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси пешакии ронандаи автобус

Додгоҳи Санкт-Петербург ронандаи автобусеро, ки рӯзи 10-уми май ба дарёи "Мойка" сарозер шуд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

USCIRF: Бар зидди Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ карда шавад!

Комиссия байналмилалии Амрико дар умури озодиҳои динӣ аз мақомоти кишварарш хоста, ки алайҳи бархе мақомодорон ва ниҳодҳои Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кунанд.

Фишор болои модари Бахтовар Ҷумъаев

Бахтовар Ҷумъаев, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз афзоиши фишори мақомоти Тоҷикистон болои пайвандонаш хабар дод.

Ҳалокати 3 нафар дар пайи сарозер шудани автобус ба дарё

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як автобус бо 20 мусофир ба дарёи "Мойка" сарозер шуд.