Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Красногорск боздошт шуд.

Расонаҳои русӣ аз ин нафар Ашӯров ном мебаранд ва гуфта мешавад, ӯ шаҳрвандии Русияву Тоҷикистонро дорад. Ба иддаои тафтишот, Ашӯров бародарон Диловар ва Аминҷон Исломовҳоро дар манзили худ ҷаълӣ сабти ном кардааст ва дар хабари додгоҳ низ гуфта мешавад, ки ӯ ба гуноҳи худ комилан иқрор шудааст.

Гуфта мешавад, пайвандони Ашӯров дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардаанд ва ба ҳамин хотир тафтишот аз додгоҳ хостааст, ки ба далели фирор накардан нисбати ӯ чораи пешгирикунанда дар шакли ҳабс содир шавад ва додгоҳ ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кардааст.

Диловар ва Аминҷон Исломовҳоро ҳамроҳи падарашон Исроил Исломови 62-сола, Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав шоми 25-уми марти соли ҷорӣ бо иттиҳоми кумак ба терроризм то 22-уми майи соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ маҳкум карда буд.

Бино ба иддаои мақомоти рус, бародаронро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ ва гӯё Фаридуни Шамсидин ҷалб кардааст ва Диловар Исломов охирин соҳибмулки мошине будааст, ки дар ҳамла ба толори консертӣ истифода шудааст.

Аммо Диловар Исломов дар мусоҳиба бо нашрияи “Новая газета Аврупо” гуфтааст, як ҳафта пеш аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” мошинашро ба бародарзанаш фурӯхта будааст ва аз дидани мошин дар расонаҳо дар ҳайрат мондааст.

Пас аз ин ба гуфтаи наздиконаш, худи Диловар ҳамроҳи бародараш ба шуъбаи пулис рафта, баёнот дод, аммо баъдан боздошт шудаанд.

Исломовҳо гуфтаанд, гуноҳе надоранд ва айбномаи мақомоти рус, бахусус Кумитаи тафтишоти ин кишварро, ки ба боздошту зиндонӣ кардани онҳо пофишорӣ намуд, рад карда, аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурдаанд, аммо додгоҳ шикояти ин се нафарро рад кардааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски канори Маскав ҳамла сурат гирифта, муҳоҷимон сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. ва пас аз чанде толори консертӣ оташ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 143 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти Русия дар пайи ин ҳодиса чандин нафарро боздошт кард, ки аксари онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир вазъи муҳоҷирон дар Русия ва баъзе кишварҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷойҳо кору зиндагӣ мекунанд, ногувор шуда, ҳатто бидуни далел ихроҷ шуда истодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.