Задухӯрд дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбари маводи мухаддир кушта ва даҳҳо кг ҳашиш мусодира шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми “Панҷоб” дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз тарафи як гурӯҳи чорнафараи қочоқбари мусаллаҳи шаҳрвандони Афғонистон ошкор ва пешгирӣ гардид.

Ҳангоми кӯшиши боздошт, қочоқбарон ба амри кормандони мақомоти амният ва сарҳадбонон итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷа миёни нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ва қочоқбарон задухӯрд сар зада, роҳбари ин гурӯҳи қочоқбар Маҳмадҳошим валади Миракбари 50-солаи сокини деҳаи Навободи вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори Афғонистон кушта шула, се узви боқимондаи гурӯҳ ба Афғонистон фирор карданд.

Дар натиҷаи кофтуков дар ҷои ҳодиса 71 киллову 929 грамм ҳашиш, як автомати Калашникови АК-74, се тирдон ва 87 дона тирҳои калибри 7,62 мм мусодира гардиданд.

Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон тибқи моддаҳои 200 қисми 4 банди “д”, 289 қисми 3, 335 қисми 2 ва 195 қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Задухӯрди нерӯҳои қудратии Тоҷикистон бо қочоқбарон дар марз бо Афғонистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон борҳо шикоят карда буд, ки аз ҷониби кишвари ҳамсоя маводи мухаддир ба таври васеъ қочоқ мешавад. Аммо Толибон кишварҳои ҳамсояро муттаҳам мекунанд, ки қочоқи ин мавод аз ҷониби онҳо низ зиёд сурат мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.