Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ ва қонуншиканиҳо дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv ва санҷиши додситонӣ директори мактаб Ғолиб Мустафиров аз вазифа озод ва маблағҳо ба буҷети давлат баргардонида шудаанд.

Дар номаи тозае, ки ин гурӯҳи волидон ба Azda.tv фиристодаанд, омадааст, ки баъди нашри гузориш намояндагони соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат ба мактаб рафта, шикояти онҳоро баррасӣ карданд. Аммо, баррасии шикоятҳо дар оғоз натиҷае надошта, масъулон нисбат ба директор чора наандешиданд ва қонуншикаҳои зикршударо ҷиддӣ нагирифтанд.

Дар нома аз корманди соҳаи маориф Саидов Мавҷудшо низ ном бурда мешавад, ки ба иддаои волидон, ҷамъоварии пул аз хонандагонро амали маъмул арзёбӣ кардааст. Вале волидон аз чунин мавқеъ изҳори норозигӣ намуда, таъкид доранд, ки ҳар гуна маблағҷамъкунӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд танҳо дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои хонандагону волидайн анҷом дода шавад.

Ба гуфтаи онҳо, пас аз санҷиши намояндагони маорифи шаҳри Ваҳдат, баррасии масъала аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии шаҳр низ бенатиҷа буда, дар робита ба ин қазия чорае надиданд.

Аммо баъдан додситонӣ ба санҷиши фаъолияти муассиса пардохта, дар баробари ҳолатҳои зикршуда дар шикоят, чанд қонуншикании дигарро низ ошкор кардаанд.

Муроҷиаткунандагон хабар медиҳанд, ки дар натиҷаи ин санҷишҳо директор Ғолиб Мустафиров аз вазифа озод шуда, маблағҳои муайяншударо тавассути бонк ба буҷети давлатӣ пардохт кардааст. Онҳо менависанд, ки ин пардохтҳо бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ шудаанд, аммо ҳаҷми маблағ зикр нашудааст.

Дар нома ҳамчунин иддао мешавад, ки Мустафиров минбаъд ҳаққи фаъолият ба ҳайси директори муассисаи таълимиро надорад, аммо санади расмии тасдиқкунандаи чунин маҳдудият ва муҳлати он дар маводи пешниҳодшуда мавҷуд нест. Ҷузъиёти барканорӣ ва натиҷаҳои санҷиш низ дар ҳоли ҳозир танҳо аз рӯйи номаи волидон нақл мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми июни соли ҷорӣ, гурӯҳе аз волидони хонандагони мактаби рақами 6-и шаҳри Ваҳдат ба Azda.tv аз истифодаи ғайришаффофи маблағҳои ҷамъоваришуда аз хонандагон барои ободонӣ, ки ҳармоҳааш беш аз 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, инчунин ҷамъоварии маблағ барои хариди китобҳо, корҳои таъмирӣ, пули шаҳодатномаи хатм, баргузории “Занги охир” ва дигар эҳтиёҷоти муассиса шикоят карда буданд.

Шикоятҳо танҳо ба пулҷамъкунӣ маҳдуд набуда, дар муроҷиати пешин ҳамчунин гуфта мешуд, ки дар мактаб номи афроде ҳамчун омӯзгор сабт шудааст, ки амалан дарс намедиҳанд, вале ба номи онҳо маош ҳисоб мешавад ва маблағи онҳо ба кисаи директор меравад. Волидон он замон ҳамчунин гуфта буданд, ки муроҷиатҳояшон ба масъулони маориф натиҷа надода буд, чун падари мудири мактаб корманди баландпоя аст ва касе ба додашон намерасад.

Акнун онҳо дар номаи тоза аз санҷиши додситонӣ ва чораҳои андешидашуда истиқбол карда, умедворанд, ки минбаъд дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ шаффофият, масъулият, риояи талаботи қонунгузорӣ ва муносибати одилона ба хонандагону волидайн таъмин гардида, нисбат ба ҳар гуна қонуншиканӣ чораҳои саривақтӣ ва дахлдори қонунӣ андешида мешавад.

Бояд гуфт, бо гузашти 3 моҳ аз нашри қонуншиканиҳо дар мактаби №6-и Ваҳдат назари ҳамакнун директори собиқи муассисаи таълимии мазкур Ғолиб Мустафиров ва мақомоти марбута дастрас нашудааст. Дар сурати дастрас шудани мавқеи расмии ҷониби дигар, Azda.tv омода аст онро низ нашр намояд.

Ёдовар мешавем, ки чунин шикоятҳо қаблан ҳам аз ҷониби волидони хонандагон ва ҳатто омӯзгорон аз чанд шаҳру ноҳияи кишвар ба дасти Azda.tv расида буд ва онҳо нашр шуданд. Аммо ба ҷуз як ҳолат дигар мудирони муассисаҳои таълимӣ вокунише нишон надодаан. Ҳатто Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам барои пешгирии падидаи ғайриқонунии пулситонӣ аз хонандагон, ки қариб дар тамоми муассисаҳои таълимӣ роиҷ шудааст, чорае наандешидааст. Ва ин аввалин ҳолате аст, ки директори мактабе пас аз гузориши Azda.tv дар бораи қонуншиканиҳояш аз мақом барканор мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон дар роҳ бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.

Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.

Тоҷикистон ва БАТР барои сармоягузорӣ то соли 2030 харитаи роҳ таҳия мекунанд

Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои ҳамкории сармоягузорӣ дар солҳои 2026–2030 ёддошти тафоҳум имзо карданд.