Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, ба Душанбе барои иштирок дар ин ҷаласа сарвазирон ва намояндагони баландпояи кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла, нахуствазири Шӯрои давлатии Чин Ли Сян, нахуствазири Русия Михаил Мишустин, нахуствазири Қазоқистон Олжас Бектенов, раиси Девони вазирони Қирғизистон Одилбек Қосималиев, нахуствазири Беларус Александр Турчин ва нахуствазири Узбекистон Абдулло Орипов меоянд.

Эронро дар ҷаласа муовини аввали раисҷумҳур Муҳаммадризо Ориф, Ҳиндустонро вазири дифоъ Раҷнатҳ Сингҳ ва Покистонро муовини нахуствазир ва вазири корҳои хориҷӣ Муҳаммад Исҳоқ Дар намояндагӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи сарвазирони кишварҳои узви СҲШ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, рушди нақлиёту логистика, саноат, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои нав, ҳамкориҳои молиявӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин баъзе масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Инчунин масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи технологияҳои муосир, ҳамкориҳои молиявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар кишварҳои узви созмон аз мавзуъҳои асосии рӯзномаи ҷаласа мебошанд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Душанбе кишварҳои узви СҲШ самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро муайян карда, барои рушди робитаҳои нақлиётиву логистикӣ, саноатӣ ва сармоягузорӣ қарорҳо ва санадҳои муштарак қабул кунанд.

Ҷаласаи имсола дар ҳоле баргузор мешавад, ки Тоҷикистон раёсати СҲШ-ро ба уҳда дошта, ҳамчунин соли 2026 аз таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой 25 сол пур мешавад.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 таъсис ёфта, ҳоло Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Беларусро муттаҳид мекунад.

Бояд гуфт, ҷаласаи сарвазирони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе дар ҳоле баргузор мешавад, ки таваҷҷуҳи Иёлоти Муттаҳида ба Осиёи Марказӣ низ афзоиш ёфта, ҳамзамон бо нишасти Душанбе, дар шаҳри Самарқанд мулоқоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида дар қолаби “C5+1” баргузор шуд.

Дар ин нишаст котиби давлатии ИМА Марко Рубио иштирок дошта, ба гузориши расонаҳо, ӯро дар ин сафар беш аз 200 намояндаи ширкатҳои тиҷории Амрико ҳамроҳӣ мекунанд. Ин ҳайат барои ҷустуҷӯи имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ба минтақа омада, ба гуфтаи Рубио, интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар созишномаҳои тиҷоратӣ ба маблағи миллиардҳо доллар эълон шаванд.

Ин нишастҳо дар заминаи афзоиши рақобати иқтисодӣ ва геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ сурат мегиранд. Чин дар солҳои охир ба шарики асосии тиҷории кишварҳои минтақа табдил ёфта, Русия ҳамоно бо онҳо робитаҳои густурдаи иқтисодӣ ва амниятӣ дорад. Ҳамзамон, Иёлоти Муттаҳида талош дорад ҳузури иқтисодӣ ва сиёсии худро дар минтақа густариш диҳад.

Ба назари коршиносон, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиши таваҷҷуҳи қудратҳои бузург метавонад имкониятҳои нави сармоягузорӣ, тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодиро фароҳам созад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Асадулло Бобоев баъди ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Асадулло Бобоев, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ ва пас аз расидан ба Душанбе боздошт шуда буд, ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.