Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад. Аммо дар хабари расмӣ шарҳи муфассали манбаъҳои ин афзоиш оварда нашудааст.

Лоиҳаи буҷет рӯзи 29-уми октябр дар ҷаласаи Ҳукумат баррасӣ шудааст. Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар“, даромади пешбинишуда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба андозаи 15,1 миллиард сомонӣ зиёд аст. Лоиҳа барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Ҳукумат афзоиши 23,2-дарсадии даромадро дар муқоиса бо буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ҳисоб кардааст. То куҷо амалӣ шудани ин пешбинӣ аз ҷамъоварии андозҳо ва дигар даромадҳои давлатӣ дар соли оянда вобаста хоҳад буд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои масъул дастур дода, ки заминаи андозбандиро васеъ ва қарзҳои андозиро рӯёнанд, истеҳсоли дохилиро зиёд ва воридотро кам кунанд. Ин дар ҳолест, ки аксари соҳибкорон ба сабаби зиёд будани андозҳои иҷбории гуногун фаъолияти соҳибкорияшонро қатъ мекунанд.

Дар гузориши расмӣ манбаъҳои таъмини даромади иловагӣ шарҳ дода нашудааст.

Тавре расонаҳои давлатӣ хабар медиҳанд, дар буҷети муайяншуда барои соҳаҳои иҷтимоӣ 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 дарсади хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Ҷузъиёти тақсими ин маблағ миёни бахшҳои иҷтимоӣ дар хабар зикр нагаштааст.

Ҳукумат ҳамчунин дурнамои буҷетро барои ду соли баъдӣ баррасӣ кардааст. Тибқи он, даромади давлатӣ дар соли 2028 ба 90,2 миллиард ва дар соли 2029 ба 104,6 миллиард сомонӣ бояд бирасад.

Дар ҳамин ҷаласа барномаи қарзгирии хориҷии давлат барои соли 2027 низ муҳокима шудааст. Аммо дар хабар тафсилоти он, аз ҷумла ҳаҷми қарзҳои пешбинишуда ва шартҳои онҳо зикр наёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Ҳодиса дар “Роғун”: шоҳидон аз захмӣ шудани коргарон мегӯянд, мақомот рад мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи захмӣ шудани коргарон дар нерӯгоҳи “Роғун”-ро рад карда, сабаби ҳодисаро канда шудани ҳавзи оби техникӣ номиданд.

Маҷбуран бурдани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Панҷакент

Дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд се ҷавонро маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин бора як манбаи маҳаллӣ ба Azda.tv хабар дод.