Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо “Паём ТВ” вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Тағоев гуфтааст, ки ҳолаташ хуб аст ва сабаби тақрибан ду ҳафта фаъол набуданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ надоштан ба интернет будааст.

Ба гуфтаи Тағоев, тақрибан 40 рӯз пеш додгоҳ дархости паноҳандагии ӯро рад кардааст. Ӯ ният дорад аз болои ин қарор ба Додгоҳи Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кунад.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки мақомоти қудратии кишвари Гурҷистон аз вазъи ӯ огоҳанд ва тамоми маълумоти марбут ба ӯро дар ихтиёр доранд.

Пештар ин расона аз ғайб задани Муҳаммад Тағоев дар Гурҷистон ва нигарониҳо дар бораи эҳтимоли истирдод ё ихроҷи ӯ хабар дода буд. Он вақт гуфта мешуд, ки Тағоев қаблан аз рад шудани дархости паноҳандагӣ ва хатари бозгардонида шуданаш изҳори нигаронӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Тағоев аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст. Ӯ моҳи марти соли 2020 дар Алматои Қазоқистон бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд. Баъдан, соли 2022 озод шуд ва ба Гурҷистон паноҳ бурд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.

Бедарак шудани як фаъоли зодаи Бадахшон дар Олмон

19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

Намоиши филми Эмомалӣ Раҳмон дар масҷидҳои ноҳияи Ванҷ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз намоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия хабар додаанд.