Танҳо як вазорат 15 млн буҷаро дуздид, Кумитаи дин ҳам қафо намондааст

Акс аз: bashinform.ru

Дар давоми ним сол зимни санҷишҳои баҳодиҳии иҷрои буҷети давлатӣ тақрибан дар аксари вазорату идораҳои Тоҷикистон камбудӣ, ба монанди тассаруф, пушидани андоз ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ошкор шудааст.

Дар ин бора имрӯз 16 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси палатаи ҳисоб, Қарахон Чиллазода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ҳамазмон  вазир гуфта, ки дар баъзе идораву вазоратҳои Тоҷикистон камбудиҳои зиёд ба чашм мерасад.

Хабаргузории “Sputnik” бо истинод аз қавли раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон менависад, ки тибқи иттилои ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон дар сохторҳои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба андозаи 479 ҳазор сомонӣ, дар сохторҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 15 миллион сомонӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав 1,2 миллион сомонӣ, Хадамоти гумрук 3,6 миллион сомонӣ, Кумитаи андоз 1,1 миллион сомонӣ ошкор гардид.

Ҷинояти тасарруфи зиёди буҷаи давлат инчунин дар дигар кумитаву идораҳои давлатӣ низ ошкор шудааст. Аз ҷумла Агентии хариди молу коло ва хизматрасонӣ – 2,5 млн сомонӣ, Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон  – 2,3 млн сомонӣ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон – 686 ҳазор сомонӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – 367 ҳазор сомонӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа – 198 ҳазор сомонӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон 178 ҳазор сомонӣ, Агентии беҳдошт 104 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Ба ин монанд низ дар чанд идораҳои дигари давлатӣ тасарруфи буҷаи давлатӣ ба чашм мерасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сӯхтори бинои дуошёна дар Норак: даҳҳо нафар бе хона монданд

Дар деҳаи Лангарии шаҳри Норак як бинои дуошёнаи истиқоматӣ оташ гирифт, ки дар натиҷа 50 сокин бе сарпаноҳ монданд.

Ҳизби Пашинён дар интихоботи порлумонии Арманистон пирӯз шуд

Дар интихоботи парлумонии Арманистон бори дигар ҳизби ҳокими "Паймони шаҳрвандӣ" пирӯз эълон шуд.

Вақте омӯзгорро мезананд…

Ҳодисаи Нуробод ва саволҳое, ки дар бораи мақоми омӯзгор беҷавоб мемонанд.

Боздошти Идибеки “Бохтарӣ” ва Рустами “Кал”

Мақомоти Тоҷикистон ду блогери фаъол дар шабакаҳои иҷтиморо, ки миёни ҷомеа ҳамчун блогерони "ҳукуматӣ" шинохта шудаанд, боздошт кардааст.