Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия ба гумони куштор дар кофтукоби ҷиноятӣ қарор додаанд

Як шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори омӯзгори Донишгоҳи иқтисодии Русия бо номи Плеханов ва модари ӯ дар кофтукоби ҷоноӣ қарор дорад. Дар ин бора ба хабаргузории

Ольга Врадий

Намояндаи Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав Олга Врадий ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки куштор рӯзи 7 ноябр дар як хонаи хусусӣ дар минтақаи Солнечногорск сурат гирифтааст, ки дар он ҷасади ду зани соли таваллудашон 1976 ва 1953 (модар ва духтар) бо ҷароҳатҳои зиёди корд дар тамоми аъзои баданашон пайдо шуд.

Пулис афзуда, ки дар хона духтарчаи 6-сола низ пайдо шудааст, ки дар гардан ва қафаси синааш бо корд захм хӯрдааст. Кӯдак дар ҳолати вазнин ба беморхона мунтақил шуд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотии Русия, миёни ҳамлагар ва занҳои кушташуда муноқишаи пулӣ буда, қотил баъди он ки занҳоро ба қатл расондааст, пул ва ашёи қимматбаҳоро аз хона гирифта ғайб мезанад.

То ҳол сабаби асосии ин куштор шарҳ дода нашудааст. Мақомоти тафтишотии Русия барои ин ҳодисаи куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...