27.9 C
Dushanbe

Боздошти афсари КДАМ бо иттиҳоми интиқоли ҳаҷми бузурги маводи мухаддир

Як афсари нерӯҳои марзбонии Кумитиаи давлатии амнияти милии Ҷумҳури Тоҷикистон бо иттиҳоми интиқоли 146 килограм маводи мухаддир аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Данғара боздошт шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ боздошти ин афсари Кумитиаи амнияти миллӣ рӯзи 18 декбари соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз ҷониби Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохила ва маъмурони милисаи ноҳияи Данғара амалӣ гардидааст.

Ин афсар 25 сол дошта рутбааш лейтенанти калон аст ва дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Дарвоз фаъолият мекардааст.

Манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон   гуфтааст, аз афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти милли Ҷумҳури Тоҷикистон 146 килограмм маводи мухаддир дарёфт кардаанд, ки аз ин ҳаҷм 101 килограммаш афюн ва 45 килограмми дигарашро ҳашиш ташкил медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ тафтишот дар ин замина идома дорад.

Вале то ҳол назари боздоштгардида ва наздиконаш дар ин маврид дастрас нагардидааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон афсарони баландпояи мақомоти қудратӣ  даст ба интиқоли қочоқи маводи мухддир мезананд.

Чанде пеш Шерхон Салимзода собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон аз даст доштани кормандони мақомоти қудратӣ дар интиқол ва қочоқи маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда буд.

Дар он вақт гуфта буд, “бархе кормандони мақомоти қудратӣ дар интиқоли маводи мухаддир даст доранд.”

Ӯ гуфта буд, ки чанд нафар аз кормандони мақомот, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд, боздошт шудаанд, вале омори боздоштшудаҳоро зикр накард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.