Исмоилхон, собиқ волии Ҳирот ба дасти Толибон асир уфтод

Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волии Ҳирот ва аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон пас аз суқути Ҳирот дар шаби гузашта ба дасти Толибон асир гирифта шуд.

Толибони бо нашри як навори видеоӣ, ки дар он Исмоилхон ҳамчун асир дар дохили як худрав суҳбат мекунад, мегӯяд, ҳамроҳи Исмоилхон се тани дигар низ аз раҳбарони воломақоми Ҳиротро ба асорат гирифтаанд.

Дар навор аз Муҳаммад Исмоилхон пурсида мешавад, ки бархурди Толибон бо вай муҳтрамона будааст, оё ӯ дар бораи таслим шудан аз қабл тасмим гирифта буд ва ё фикр мекард, ки рӯзе таслим шавад, мегӯяд, ба асорат афтидани ӯ ногаҳон сурат гирифтааст.

Толибон ҳамзамон иддаъо мекунанд, ки шаби гузашта вилояти Қандаҳор ва Ҳилмандро низ ба тасарруфи худ даровардаанд. Аммо мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳанӯз ҷанг барои аз даст надодани ин вилоятҳо идома дорад.

Аз сӯи дигар Толибон эълон кардаанд, ки Муҳамммад Исмоилхон худаш ба ин гурӯҳ пайваста ва аз омадани ӯ истиқбол кардаанд, сипас “ба ӯ ва ҳамроҳонаш итмиънон додаанд, ки метавонанд ба зиндагии ором ва обрӯмандонаи худ идома диҳанд.”

Муҳаммад Исмоилхон дар гузашта ҳам ба дасти Толибон асир уфтода ва муддати се сол дар зиндоне дар Қандаҳор нигоҳдорӣ мешуд, аммо дар 1997 муваффақ шуд, ки аз зиндон фирор кунад ва сипас дубора ба саҳнаи ҷанг ва мубориза бо ин гурӯҳ баргардад.

Афғонистон 34 вилоят дорад, ва зарфи як ҳафтаи ахир бо шумули зодгоҳи президент Ашраф Ғанӣ дар Лугар 18 вилояти ин кишварро забт кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.