18.8 C
Dushanbe

Оғози размоиши низомии СПАД дар Тоҷикистон

Имрӯз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)  размоиши низомии бузургеро бо ширкати 4000 сарбоз дар Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон оғоз кард.

Интерфакс” аз қавли маркази тадорукоти ин размоишҳо хабар дод, ки дар тамринҳои вижаи “Эшелон-2021”, “ Ҷустуҷӯ-2021” ва размоиши муштараки “Ҳамкорӣ-2021”, ки дар чорчӯби тамринҳои амалиётӣ-стратегии СПАД “Ҷанговарони бародарӣ-2021” дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад, 4 ҳазор нафар бо беш аз 500 адад таҷҳизоти ҳарбӣ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ин размоишҳо дар майдонҳои омӯзишии “Момирак” ва “Ҳарб-Майдон”-и назди марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешаванд. Ҳадаф аз ин чорабинӣ омодагӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва гурӯҳи СПАД барои пешгирӣ ва ҳалли муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ ва инчунин пешгирӣ аз кӯшиши ворид шудани аъзои созмонҳои террероистии байналмиллалӣ ба қаламрави як давлат арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон ба муддати 5 рӯз аз 18 то 23-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбанд. “Ҷустуҷӯ-2021” машқи иктишофии кишварҳои СПАД аст, “Ҳамкорӣ-2021” бошад нерӯи вокунишии сареъ ва зудамал гуфта мешавад, аммо “Эшелон-2021” воҳиди таъминоти моддию техникӣ мебошад.

Ташабубскорони ин тамринҳо мегӯянд, мо сенарияҳои эҳтимолиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар назар гирифтаем, аммо умедворем кор ба онҷо нахоҳад кашид, ки ин сенарияҳо ба амал биёянд.

Фармондеҳи Округи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин ба “Интерфакс” гуфта, ки қисми асосии нерӯҳои низомии Русия дар ин тамринҳо Пойгоҳи низомии 201 -уми Русия дар Тоҷикистон хоҳанд буд.

Ӯ афзуда, ки барои интиқоли нерӯҳои низомии Белорус, Қазоқистон Русия ба ин размоиш ба Тоҷикистон 35 парвоз анҷом додаанд. Қисме аз воҳидҳои низомӣ низ тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Баъд аз ба сари қудрат омодани Толибон дар Афғонистон кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон нерӯҳои амниятии худро дар марз бо ин кишвари ҳамсоя тақвият бахшидаанд. Инчунин Русия моҳи август ду размоиши низомӣ, яке дар наздикии марзи Афғонистон бо Узбакистон ва дигаре бо Узбакистону Тоҷикистон баргузор кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп дар хитоб ба Натанёҳу: “Ту девона шудаӣ”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар як тамоси телефонӣ Бинёмин Натанҳоё, нахуствазири Исроилро бо лаҳни тунд сарзаниш кардааст.

Муаллимро заданд ва алайҳаш парванда боз карданд

Мақомот бар зидди омӯзгоре, ки аз ҷониби бародари шогирдаш мавриди латтукӯб қарор гирифта ва шикоят карда буд, парвандаи маъмурӣ боз кардаанд.

Боронҳои шадид ба шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ осеб расонданд

Рӯзи 1-уми июн бар асари бориши шадиди борон дар километрҳои 138 то 143-и шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ селоб рух дода, ҳаракатро мушкил сохт.

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шуд

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон пас аз болоравии бесобиқа дар рӯзҳои охир каме коҳиш ёфтааст.