25.9 C
Dushanbe

Саргардонии паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон

Теъдоде аз паноҳҷӯёни афғон бо шумули оилаҳояшон, ки ба марзи Тоҷикистон фирор кардаанд, то ҳол дар манотиқи мухталифи марз дармондаанд.

Бино ба иттилои шабакаи ҷаҳонии “Tolonews” ҳудуди 90 хонавода тӯли 40 рӯз мешавад, ки дар як қисми марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дармондаанд ва пулҳояшон тамом шудааст. Онҳо мегӯянд, ки ягон намуд хидматрасонии тиббӣ вуҷуд надорад, зеро табибони ин минтақа дигар маош намегиранд.

Пеш аз ин Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 13 октябр дар нишасти сарони хадамоти амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) изҳор дошт, “гурезагоне, ки мехоҳанд сарҳадро убур ва ба Тоҷикистон ворид шаванд, ҳамарӯза теъдодашон 500 то 600 нафар мебошанд.”

Баъд аз ба қудрат расидани Толибон Тоҷикистон марзашро бо Афғонистон баста ва қабули паноҳандагони афғонро ба хотири кумакҳои байналмилалӣ ба таъхир мегузорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар минтақаи марзии Тоҷикистон барои гурезагони афғон як анбор бо кумаки Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ифтитоҳ гардид, ки барои ниёзҳои ҳадди ақал 100 оила дар ҳолатҳои изтирорӣ метавонад ёрӣ расонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.