24.9 C
Dushanbe

Русия ҷалби муҳоҷирони кориро кам карданист

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кард, ки квотаи муҳоҷирон дар соли 2022 наздик ба 124 ҳазор нафар муқаррар карда, шумораи муҳоҷирони ҷалбшударо нисбат ба соли 2019 14% кам кунанд.

Бино ба иттилои ТАСС, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия пешниҳод кард, ки квота барои ҷалби муҳоҷирони корӣ, ки ба Русия бар асоси раводид меоянд, дар соли 2022 ҳудуди 124 ҳазор нафар муқаррар карда шавад.

Гуфта мешавад, дар соли 2019 квотаҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ 144,5 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба давраи пеш аз пандемия шумораи онҳо беш аз 14% кам шудааст. “Ин талабот дар соли 2022 бар асоси пешниҳоди мақомоти федералӣ ва минтақавӣ муайян шуда, аз ҷониби комиссияи байниидоравӣ, ки ба ҳайати он намояндагони Вазорати корҳои дохилии Русия, Вазорати саноат ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисодии Русия, Вазорати сохтмон ва Вазорати рушди шарқии Русия шомиланд, тасдиқ шудааст,” – омадааст дар ин изҳорот.

Қайд карда мешавад, ки лоиҳа бо назардошти талаботи бозори меҳнати дохилӣ тартиб дода шудааст. Инчунин қарор дар бораи ба кор қабул кардани муҳоҷирони меҳнатӣ мутобиқи квота дар ҳоле сурат мегирад, ки агар дар дохили кишвар мутахассис пайдо карда нашавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия, Вадим Коженов пешниҳоди як тоҷири русро дар бораи коҳиш додани квота барои коргарони хориҷӣ интиқод карда буд.

Пештар раиси ширкати “Мираторг”, Виктор Линник дар як мусоҳиба бо шабакаи телевизионии РБК-и русӣ аз зиёд шудани муҳоҷирони корӣ дар Русия ва маъоши пасти шаҳрвандони рус изҳори нигаронӣ карда гуфт, барои коҳиш додани муҳоҷирони меҳнатӣ квота се-чор маротиба кам карда шавад.

“Вақте, ки мо муҳоҷиронро ба кишвар ворид мекунем, мо барои худи шаҳрвандони рус рақобати беадолатона эҷод мекунем”,- гуфт Линник.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Озодии ду узви собиқи раёсати олии ҲНИТ

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.

Густариши ҳамлаҳои Исроил ба дохили Лубнон

Танишҳо низомӣ миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон шиддат гирифтааст.

Парвозҳои Теҳрон – Душанбе баъд аз се моҳи таваққуф аз сар гирифта шуданд

Парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе пас аз се моҳи таваққуф дубора барқарор гардиданд.

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.