Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Покистон

Нишасти навбатии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон баргузор мешавад.

Субҳи имрӯз, 22-юми марти соли ҷорӣ чиҳлу ҳаштумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон бо шиори мушорикат барои ваҳдат, адолат ва тавсеъа ба кори худ оғоз кард.

Ин нишаст бо ҳузур ва суханронии Нахуствазири Покистон Имрон Хон оғоз шуда, раёсати онро Маҳмуд Қурайшӣ, Вазири умури хориҷии Покистон бар уҳда дорад.

Тоҷикистонро дар ин нишаст Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Меҳриддин намояндагӣ мекунад.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар ин нишасти худ мавзуъҳои муҳим барои олами ислом, аз ҷумла масъалаи Афғонистону Яман ва Фаластинро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода, дар бораи вазъияти Украина ва ҳамлаи низомии Русия ба он табодули назар хоҳад кард.

Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар гузашта Созмони Конфронси Исломӣ ном дошт. Ин созмон дар соли 1969 дар Марокиш поягузорӣ шуд ва дар ҳоли ҳозир 57 кишвари узв дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.