ВКД аз кушта шудани 8 нафар ва боздошти 70 нафар хабар дод

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ аз кушта шудани 8 нафар ва захмӣ шудани 11 сокини ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Ҳамчунин дар изҳороти ВКД аз боздошти беш аз 70 нафар аз сокинони ин ноҳия низ хабар дода мешавад.  

Вазорати корҳои дохила мегӯяд, беш аз 200 нафар аз сокинони ноҳия ба корвони мошинҳои “таъиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ” ҳамла намуда, бар асари он 1 афсар ба ҳалокат расида, “13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.”

Ин ниҳоди давлатӣ дар изҳороти расмияш аз сокинони ноҳияи Рӯшон “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ” ном бурда, таҳдид кардааст, ки силоҳҳои худро ба мақомот бисупоранд ва дар акси ҳол ба қавли ин ниҳод, “фардо дер мешавад.”

Дар изҳорот гуфта мешавад, айни замон вазъият дар Рӯшон ором аст ва инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба кори муқарарӣ машғуланд ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.

Аммо баъзе манобеъ мегӯянд, вазъият ором нест ва мардум дар як ҳолати тарсу ваҳшат ба сар мебаранд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ хабари суқути чархболи низомӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Бадахшонро рад кард.

Дафтари матбуоти Вазорати мудофиа худ чизе нашр накардааст, аммо АМИТ “Ховар” бо истинод аз ин вазорат хабарро нашр кардааст.

“Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки гӯё зимни он як чархболи низомии Тоҷикистон дар Рӯшон суқут кардааст, изҳор медорад, ки ин маълумот ягон асоси воқеӣ надорад”, — омадааст дар изҳороти вазорат.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 18-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре аз суқути чархболи низомӣ дар ноҳияи Рӯшон нашр шуд. Ба қавли шоҳидон чархбол бо мушаке сарнагун гашта, ки аз ҷониби Афғонистон партоб шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия НАТО-ро ба ҳамлаи ҳастаӣ таҳдиди кард

Маскав мегӯяд, дар сурати муҳосира шудани Калининград ба марказҳои қабули қарор дар кишварҳои узви паймони НАТО ҳамлаи ҳастаӣ хоҳад кард.

Иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар баъзе минтақаҳо

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.

Раҳмону Ҳуснулин дар Душанбе масоили иқтисодиро баррасӣ карданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Марат Хуснуллин муовини раиси ҳукумати Русия масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд.

Ҷанҷоли халабонҳо ҳангоми парвоз ва нишасти изтирорӣ дар Табук

Ҳавопаймои ширкати "Flydubai", ки аз Дубай ба самти Тел-Авив парвоз мекард, рӯзи 30-уми сентябр ҳангоми парвоз дар шаҳри Табуки Арабистони Саудӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод.