СММ: ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайҳи раҳбарони Толибон

Кумитаи таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид вазири маориф ва муовини ӯ дар ҳукумати муваққати Толибонро аз сафар манъ кардааст.

Расонаҳои Афғонистон ба нақл “Франс Пресс” иттилоъ додаанд, ки Кумитаи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мавлавӣ Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, вазири маориф ва Саид Аҳмад Шаҳидхел, муовини вазири маорифи ҳукумати муваққати Толибонро аз сафар кардан ба хориҷ манъ кардааст.

Ба қавли манбаъ, Кумитаи таҳримҳои СММ далели ҷорӣ кардани ин таҳримҳоро алайҳи вазири маориф ва муовини он дар бастагӣ ба манъ кардани таҳсилоти духтарон дар Афғонистон қаламдод кардааст.

Аммо Кумитаи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид розӣ шуда, ки муҳлати муъофияти 13 мақоми баландпояи Толибонро барои се моҳи дигар тамдид кунад.

Гуфта мешавад, Толибон 15-уми августи соли 2021 пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон қудратро дар Кобул ба тасарруфи худ дароварданд, вале бо гузашти беш аз 10 моҳ то ҳол бо далелҳои мухталиф, аз он ҷумла, манъи таҳсили духтарон, ҳеч кишваре ҳукумати муваққати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афви ду милиса пас аз марги як сокини Кӯлоб

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июли ҷорӣ, ҳукми панҷ...

Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Минск бо фарқи 40 баробарӣ

Дар ҳоле ки Душанбе кӯшиш дорад амнияти озуқавории худро...

Ҳамкории тиҷоратии ду ҳамсояи Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид мешавад

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон мавқеъи хасмона алайҳи Толибон...

«Тоҷикстандарт» ҳушдор дод: Нӯшокиҳои зери офтобро нахаред

Агентии «Тоҷикстандарт» аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар рӯзҳои...