26.9 C
Dushanbe

Иттиҳоми нав алайҳи Ораз Вазирбеков

Мақомот ба парвандаи Ораз Вазирбеков, фаъоли Бадахшон, ки чанд моҳ пеш аз Русия дуздида ва ба Тоҷикистон оварда шуда буд, иттиҳоми “азхудкунии маблағ”-ро илова кардаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба пайвандони Вазирбеков хабар медиҳад, ки мақомоти тафтишотӣ ӯро барои аз худ кардани пулҳое муттаҳам кардаанд, ки сокинони Бадахшон ба оилаҳои осебдидаи амалиёти соли 2012 аз хориҷ фиристода буданд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Вазирбеков дар Бадахшон мезист ва он замон раиси маҳаллаи “УПД” ё “Тирчид”-и шаҳри Хоруғ будааст ва воқеан, ӯ ҳамроҳи чеҳраҳои дигари бонуфузи шаҳр дар ҷамъоварӣ ва тақсими маблағ ба мардуми осебдида кумак мерасонд, “вале пули мардумро нагирифтааст”.

Пайвандонаш ӯро бегуноҳ медонанд ва аз илова шудани иттиҳоми нав дар парвандааш нигаронанд.

Мақомот то ҳол иловаи иттиҳоми нав ба парвандаи Оразро шарҳ надодаанд.

Аммо гуфта мешавад, мақомот ӯро бар асоси қисми дуи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (тундгароӣ бо истифода аз Интернет) муттаҳам доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Ораз Вазирбеков ҳамроҳи фаъоли дигари зодаи Бадахшон Рамзӣ Вазирбеков аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.