Боздошти 2000 муҳоҷир дар Русия шаби соли нав

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаби соли нав якбора ҳудуди 2 ҳазор муҳоҷири меҳнатии шаҳрвандони кишварҳои наздик ва Осиёи Марказиро боздошт кард.

Тавре расонаҳои русӣ аз қавли шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи вилояти Ленинград хабар медиҳанд, пулиси ин шаҳр дар натиҷаи гузарондани “тадбирҳои амниятӣ” шумори зиёде аз муҳоҷиронро ба хотири “нақзи қонуни муҳоҷират ва асноди будубош” дастгир кардааст.

“Дар рафти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ҳудуди 2000 нафар шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя бо мақсади пешгирӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ оварда шуданд. Дар натиҷаи санҷиш як қатор нақзи қонунгузории муҳоҷират ошкор гардида, барои онҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуданд”, – омадааст дар хабар.

Аммо то ҳол мушаххас нест чанд нафари боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва чанд нафар аз шаҳрвандони ҳамсоякишварҳо. Аммо тибқи маъмул дар чунин ҳолатҳо пулиси Русия бо мақсади гузарондани “чораҳои амниятӣ” муҳоҷирони зиёдеро боздошт мекунад, ки аксари онҳо бо пардохти маблағ худро озод мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишасти Теҳрон: Эрон ва аъзои Паймони Макка ба идомаи музокирот мувофиқат карданд

Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия пас аз нишасти Теҳрон аз идомаи гуфтугӯҳо барои таҳкими сулҳу амнияти минтақа хабар доданд.

Тоҷикистон барои роҳ ва оби Кӯлоб 55,4 миллион евро қарзи нав мегирад

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд барои таҷдиди роҳи Балҷувон–Сари Хосор ва беҳсозии обрасонии Кӯлоб то 55,4 миллион евро қарзи давлатӣ ҷудо мекунад.

“Тӯби тиллоӣ 2026” насиби кӣ гашт?

26-уми октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Лондони Британияи Кабир маросими супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ 2026" ба беҳтарин футболбозони сол баргузор гардид.

Бори гарони муҳоҷирон сабук мешавад?

Тоҷикистон бори аввал дар қонун уҳдадории давлатро барои мусоидат дар бозгардонии ҷасади шаҳрвандони дар хориҷ фавтида пешбинӣ кард.