16.9 C
Dushanbe

Афзоиши парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Агентии федеролии транспорти ҳавоии Русия эълом кардааст, ки теъдоди парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобро зиёдтар кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Агентии федеролии транспорти ҳавоии Русия (Росавиатсия) бо ворид кардани тағйирот дар масири парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар теъдоди парвозҳои ширкати ҳавоии Урал (Уральские авиалинии)-ро зиёдтар кардааст.

Бар асоси ин тағйирот парвозҳои ширкати “Уральские авиалинии” аз шаҳри Уфа ба Душанбе то 5 маротиба ва аз Уфа ба Кӯлоб то 7 маротиба дар як ҳафта илова карда шуданд.

Пеш аз ин ширкати “Уралские авиалинии”аз “Росавиатсия” хоста буд, ки теъдоди парвозҳо ба шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ки ҳафтае 3 маротибаӣ анҷом мешуд, то 7 маротиба дар як ҳафта афзоиш диҳад.

Ин дар ҳолест, ки пас аз оғози ҳамлаҳои Русия дар 24-уми феврали соли 2022 алайҳи Украина ва дар натиҷа ҷорӣ шудани таҳримҳои зиёде алайҳи Маскав хеле аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз даромадҳои ҳангуфти худ, ки аз парвозҳо ба кишварҳои аврупоӣ ба даст меоваранд, маҳрум шуданд.

Аз сӯи дигар, аксари шаҳрвандони Русия низ дар ин вазъияти буҳронӣ барои мусофират ва хушгузаронии рухсатиҳои худ кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистонро интихоб мекунанд, зеро молу хидматрасониҳо дар ин кишварҳо нисбатан арзонтар мебошанд.

Гуфта мешавад, ширкатҳои дигари ҳавопаймоии Русия, аз он ҷумла ширкатҳои “Аэрофлот” ва “Победа низ хостори касби иҷозаи парвози мусофиркашонӣ ва боркашониро аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, аммо “Росавиатсия” бартариятро дар ин самт ба ширкати “Уралские авиалинии” додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.