30.9 C
Dushanbe

Чаро мақомоти Тоҷикистон макони Абдуллоҳи Шамсиддинро намегӯяд?

Пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин чанд маротиба бо номаҳои расмӣ аз мақомоти Тоҷикистон дархост карданд, ки макони буду боши ӯро бигӯянд, вале ҳеч ниҳоде ба номаҳои додхоҳии хонаводаи ӯ посухе намедиҳад.

Номаи ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин, Сумая Пирова ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Нусхаи номаҳое, ки пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин дар чанд марҳила ба мақомоти Тоҷикистон фиристодаанд, ба дасти Azda tv расид. Ин номаҳо як моҳ пеш ба мақомот фиристода шудааст, вале то ба ҳол посух надодаанд.

Ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин, Сумая Пирова рӯзи 26-уми январи соли 2023 бо ирсоли номаи расмӣ аз Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Бобозода Умед ва Додситонии кулли кишвар Юсуф Раҳмон тақозо карда буд, ки макони буду боши шавҳарашро расман эълон кунанд. Аммо аз ин ниҳодҳои расмӣ то кунун посухе дарёфт накардаанд.

Номаи ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин, Сумая Пирова ба Додситони кулли Тоҷикистон

Пас аз бепосух мондани номаҳои Сумая Пирова, низ Шамсиддини Саид, падари Абудллоҳи Шамсиддин, узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар таърихи 6-уми феврали соли ҷорӣ аз Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон бо номаи расмӣ талаб кард, ки макони буду боши писарашро расман эълон кунад. Вале боз ҳам посухе шунида намешавад.

“Ман Шамсидин Саидов, падари Абдуллоҳи Шамсиддин мутаваллиди 16.03.1990, ки дар таърихи 18.01.2023 тавасути паровози Туркишайр аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуда ва то имрӯз, яъне таърихи 06.02.2023 аз макони зист ва ҳолати саломатиаш ҳеҷ маълумоте дар дастрас нест.

Абдуллоҳ пас аз расидан ба Тоҷикистон аз фурӯдгоҳ бо ҳамроҳии мусофирони дигар ба берун набаромада, боздошт ва ба самти номаълум интиқол дода мешавад. Хомӯшии мақомоти КДАМ ҶТ, ВКД ҶТ ва эълон нашудани кадом гуноҳе ба Абдуллоҳ ҳадсу гумонҳои зиёдеро ба бор овардааст. Ӯ ки гирифтори бемории зиқии нафас ҳасту ҳамеша эҳтиёҷ ба даво ва назорати табиб дорад, нигаронии манро бештар намудааст. Бино бар ҳолати пешомада аз Прократураи Тоқикистон ва хосатан аз Шумо Прокурори Генералӣ талаб менамоям, пеши роҳи ин қонуншиканиҳоро гирифта, дар асраъи вақт аз аҳволи фарзандам Абдуллоҳи Шамсиддин ва макону сабаби боздошташ расман иттилоъ диҳед.”, омадааст дар номаи Шамсиддини Саид.

Ин дар ҳолест, ки давоми чанд рӯзи ахир шуморе аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои аврупоӣ бо баргузории як иқдоми ҳамагонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро ба қазияи фаъоли сиёсӣ Абдуллоҳи Шамсиддин ҷалб кунанд.

Пеш аз ин, пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин дар суҳбат ба Azda tv гуфта буданд, ки вай 18-уми январи соли 2023 пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддинро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо аз мақомоти расмии Тоҷикистон хоста шуд, ки макони буду боши ӯро эълон кунанд. Аммо мақомоти тоҷик то кунун хомӯшанд, касе аз ӯ ҳарфе намезанад. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд.

Ин хомӯшӣ ва изҳори бехабарии мақомоти тоҷик суолҳои зиёдеро дар зеҳни пайвандон ва ҳатто ҷомеаи тоҷик халқ кардааст, ки Абдуллоҳи Шамсиддин агар зиндаву саломат бошад, чиро намегӯянд дар куҷост ва кадом ниҳод ӯро боздошт кардааст?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бозгушоии сафорати Эрон дар Арабистон

Мақомоти эронӣ ба сурати расмӣ фардо ва пасфардо сафоратхона ва сарконсулгарии худро дар Арабистони Саудӣ бозгӯшоӣ мекунанд.

Ҳалокати наздик ба 300 мусофир дар Ҳиндустон

Бар асари тасодуфи 3 қатори мусофиркаш дар Ҳиндустон наздик ба 300 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 900 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ифтитоҳи бузургтарини масиҷиди Тоҷикистон бо ҳузури амири Қатар

Дар назар аст рӯзҳои наздик амири давлати Қатар шайхи Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масълаҳои ҳамкории дуҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.