Қатъи ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ

Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Эрон рӯзи 25-уми июн “Тарҳи таълиқи ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ”-ро тасвиб карданд.

Тавре расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, Муҳаммалбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии ин кишвар эълом карда, ки Созмони энержии атомии Эрон то “замонати амнияти таъсисоти ҳастаӣ”-ро ба даст наорад, ҳамкории худ бо Ожонси байналмилалии атомиро муваққатан қатъ мекунад.

Гуфта мешавад, ин тарҳ бидуни раъйи мухолифи намояндагони Маҷлиси исломии Эрон ба тасвиб расид. Бар асоси ин тарҳ давлати Эрон муваззаф шудааст то замоне ки “риояти комили ҳуқуқи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзӣ”-и Эрон ва инчунин “таъмини амнияти марказҳои ҳастаӣ” сурат нагирад, ин ҳамкорӣ “ба таълиқ” андохта шавад.

Намояндагони Маҷлис таъкид мекунанд, ки барномаи “сулҳомез”-и ҳастаии Эрон бо “суръати бештаре” пеш хоҳад рафт.

Бар асоси ин тарҳ, акнун насби ҳаргуна дурбинҳои назоратӣ барои контрол ва назорати фаъолияти ҳастаии Эрон аз ҷониби Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мамнуъ хоҳад шуд. Низ ин тарҳ вуруди бозрасон ва маъмурони ОБЭА-ро ба Эрон барои назорати раванди фаъолияти энержӣ мамнуъ мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ хостори азсаргирии ҳамкории Эрон бо Ожонс шуд.

Аз сӯи дигар бархе кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли ҳамкорӣ накардани Эрон дар барномаи ҳастаияш бо ОБЭА ҳушдор додаанд. Рӯзи сешанбе намояндаи кишвари Фаронса дар Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дода, ки дар ҳоли адами тавофуқи ҳамкории Эрон Фаронса ва дигар кишварҳои аврупоӣ омодаи фаъол кардани механизми бозгардонидани таҳримҳои СММ алайҳи Эрон ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Амрико чанд рӯзе пеш эълон кард, бо ҳамлаи ҳавоӣ ба таъсисоти ҳастаии Фордо, Натанз ва Исфазон тавонист пурра барномаи ҳастаии Эронро аз байн бибарад. Ва ҳамчунин Исроил низ иддао кард, ки бо аз байн бурдани чандин донишманди ҳастаии Эрон тавонист барномаи ҳастаии ин кишварро аз байн бибарад ва ё ҳаддиақал онро ба чандин моҳ ба қафо партояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.