13.9 C
Dushanbe

Баъди бозии футбол мухлисони ду даста якдигарро сангборон карда ҳамаро шикастанд

Рӯзи 21-уми сентябр Вазорати корҳои дохилӣ Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки бегоҳии 19 сентябр дар майдончаи варзишии мактаби рақами 2-и шаҳри Хоруғ миёни мухлисони дастаҳои “Гулакен” ва “Хоруғи боло”, баъди  анҷоми мусобиқаи футбол муноқиша рӯх додааст.

Дар натиҷаи сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд” ва даҳҳо шишаи тирезаи мактаби рақами 2 ва хонаҳои атроф   шикастаанд.

Дар иттилоияи Вазорат омадаааст, ки “6 автомашинаи шаҳрвандон зарар бардошта, 6 тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаи тирезаи бинои “Амонатбонк” шикаста шудааст.”

Нисбати омилони ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва он нафарон дар ҷустуҷӯ қарор дорад, гуфтааст ВКД.

Гулрӯз Наврӯзов, мудири мактаби рақами 2 ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бозии футбол хуб гузашт, вале бар сари натиҷаи бозӣ ҷанҷол бархост, дастаи “Гулакен” дастаи маҳаллаи “Хоруғи боло”-ро ба ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод ва баъд аз он муноқиша сар зад.

Ба гуфтаи директори мактаб ҳодиса 10-15 дақиқа давом кардааст, аз як тараф сангпартоӣ байни мухлисон аз тарафаи дигар шикастани тирезеҳо   ва садои “бой дод” сар шуд, ки оқибат ба ҷангу дашному бетартибӣ  оварда расонид.

Гулрӯз Наврӯзов гуфтааст, мақомот омаданд тирезаҳои шикастаи мактабро диданд ва зарарро ҳисоб карданд.

Аммо як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар рӯ ба рӯи Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ дар маркази шаҳр қариб як соат сангпартоӣ идома кардааст. Вале мақомот қудратӣ дар ин ҷанг мудохила накардаанд.

То ҳол сабаби ҷанҷолу муноқишаи ширкаткунандагони бетартибӣ маълум нашудааст, вале чунин бармеояд, ки дар натиҷаи мағлуб шудани дастаи “Хоруғи боло” мухлисони дигар ҷониб ба таҳқир гузаштаанд, ки оқибат ба бетартибиҳо оварда расонд.

Хурсанд, як сокини маҳаллаи Хоруғи боло ба Радиои Озодӣ гуфтааст, мусобиқаи футбол миёни маҳаллаҳои Хоруғ ҳар сол баргузор мешавад, вале имсол ба ҷанҷол печид.

Гуфта мешавад, баъд аз дахолати фаъолони маҳаллаҳо ҷангҷол хомӯш шудааст. Масъулини беморхонаи вилояти Бадахшон гуфтанд, баъди муноқиша ба беморхонаҳои шаҳри Хоруғ ягон нафар муроҷиат накардааст.

Коршиносон омили бетартибиҳо ва асабонияти ҷавононро ба набуди ҷойи кор ва мушкилиҳои иҷтимоӣ рабт медиҳанд.

Рамзия Мирзобекова, таҳлилгар ва сокини шаҳри Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, муноқишаҳо баъд аз бозии футбол дар ҳама кишварҳо сар мезанад, вале мушкили иҷтимоӣ ҳам метавонад, боиси чунин ҳодисаҳо шавад.

Дар идома Мирзобекова гуфтааст,

“ҷавонон кор надоранд, бо ягон чиз машғул нестанд, ин як чизи табиӣ аст, ки як энержӣ доранд ва дар баъзе ҳолатҳо вай берун мебарояд ва ягон нофаҳмӣ ва муноқишаҳо мешавад. Махсусан дар шароити коронавирус, ки на ба Русия рафта метавонанд, на ба ҷойи дигар. Ин проблемаҳо бояд бардошта ва роҳи ҳалаш пайдо карда шавад.”

Ин ҷангу нофаҳмӣ дар ҳолест, ки аз соли 2018 то ҳол нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Хоруғ қарор доранд, вале дар баробари дар онҷо будани онҳо пеши роҳи ин ҷангҷолро гирифта натавонистаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.