20.9 C
Dushanbe

Баъди музокироти ахир дар Чоркӯҳ боз тирпарронӣ шуд

Рӯзи 13-уми март баъд аз музокироти 7-соатаи Тоҷикистону Қирғизистон боз марзбонони қирғиз ба ҳавлаии як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ 3 тир кушоданд.

Бино ба иттилои манбаи “Азия-Плюс”, нисфирӯзии 13-март тахминан соати 13:00 марзбонони қирғиз ба ҳавлии Наим Абдуллоев, сокини 39-солаи деҳаи Сомониён се тир холӣ кардаанд.

“Хонаи Наим Абдуллоев, наздик ба мактаби рақами 64-и деҳаи Сомониён ва дар рӯ ба рӯи масҷиди Абӯбакри Сиддиқ воқеъ аст. Аз се тири холикардаи марзбонони қирғиз, ду тир ба дарахти себи ҳавлии ин сокини деҳа, ки дар кӯчаи Сомониён 144 ҷойгир аст, расида, баъдан ба тарафи масҷид гузаштааст”,-омадааст дар хабар.

То ҳол дар бораи тирпарронии рӯзи 13-уми март, ки баъд аз музокироти тарафҳо рух додааст, мақомоти ду кишвар расман ҷизе нагуфтаанд.

Тиркушоии марзбонони Қирғизистон ба сӯйи ҳавлиҳои сокинон ва халалдор кардани оромии мардуми осоиштаи ноҳияи Исфара дар ҳолест рӯзи 12-уми март мақомоти ду ҷониб баъд аз даргирии рӯзи 10-уми март гирди мизи музокирот нишаста ба чанд масъала ба тавофуқ расида буданд. Аз ҷумла яке аз тавофуқоти ҳайати музокиракунандаи ҷонибҳо ин буд, ки дигар истифодаи силоҳ ва ноором кардани сокинон қатъиян манъ аст, магар дар ҳолатҳои махсус. Вале аз музокирот як рӯз ҳам нагузашта боз аз ҷониби марзбонони қирғиз тиркушоӣ мушоҳида шуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми март дар пайи тирпарронӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз як низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта ва як сокини маҳаллӣ захмӣ шуд. Ва ҳамчунин шаби 11-уми март тахминан соати 01:20 нерӯҳои марзбонии Қирғизистон чанд маҳалларо дар Чоркӯҳ мавриди тирборон қарор доданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.