29.9 C
Dushanbe

Барқарории парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия

Русия ва Тоҷикистон аз 1-уми апрел парвозҳои мунтазам байни ҳамдигарро аз сар мегиранд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ парвоз ҳафтае як бор дар назар аст. Инчунин гуфта нашудааст, ки иҷрои онро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба уҳда доранд, ё аз Русия. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора хабар надодаанд.

Дар баробари Тоҷикистон, Русия боз парвозҳои мунтазамро бо Олмон, Венесуэла, Сурия, Узбекистон ва Шри-Ланка барқарор мекунад.

Ба гуфтаи Татяна Голикова, муовини нахуствазири Русия, тасмими боз кардани парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон ва панҷ кишвари дигарро Михаил Мишустин, сарвазири ин кишвар дар ҷаласаи ситоди мубориза бар зидди COVID-19 эълон дошт.

Аз 20 марти соли 2020 мақомоти Тоҷикистон ба иллати пандемия ҳама парвозҳои байналмилалиро мутаваққиф кард. Дар ин муддат Тоҷикистон ва Русия барои бозгашти шаҳрвандони худ ба ватан парвозҳои чартерӣ ташкил намуда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз тобистони соли гузашта гуфтанд, ки барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам бо Русия омода ҳастанд. Аммо ҷониби Русия гуфт баъд аз маълум шудани ҳолати эпидемологӣ ва сафари мутахассисони “Роспотребнадзор” ба Тоҷикистон тасмим дар бораи парвозҳоро хоҳанд гирифт.

Тасмим дар бораи сафари эпидемиологҳои Русия ба Тоҷикистон дар мулоқоти муовини сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук ва сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода дар доираи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 баргузор гардид гирифта шуд.

Мутахассисони “Роспотребнадзор” охири ҳафтаи гузашта ва пас аз дидани шифохонаву озмоишгоҳҳои Тоҷикистон ба Русия баргаштаанд, аммо хулосаи ниҳоии онҳо эълон нашудааст. Рӯшан нест, тасмим дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазам ба хулосаи онҳо рабт дорад, ё не.

Дар вақти баста будани марзҳо миёни  Русия ва Тоҷикистон даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз сафар ба ин кишвар маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардид. Бино ба иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, дар соли 2020 дар муқоиса ба соли пеш 76 дарсад камтар ба муҳоҷират рафтаанд, ки тақрибан 130 ҳазор касро ташкил медод.

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристоданд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.