23.9 C
Dushanbe

Биллоҳ, Одам дар ин ҷомеа девона мешавад

Абдуқодири Рустам, акс аз саҳифаи фейсбукаш

Бознашри мусоҳибаи 5 соли пеши Абдуқодири Рустам, адиб ва нависандаи тоҷик бо ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз саҳифаи фейсбукаш.

Абдукодир Рустам
Ин суҳбат беш аз 5 соли қабл дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” таҳти унвони ”Биллоҳ, Одам дар ин ҷомеъа девона мешавад” чоп шуда буд. Ҳоло мутассифона, минбаре чунон нест, ки мисли ин андешаҳоро озодона иброз…

Ин суҳбат беш аз 5 соли қабл дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” таҳти унвони “Биллоҳ, Одам дар ин ҷомеъа девона мешавад” чоп шуда буд. Ҳоло мутассифона, минбаре  чунон  нест, ки мисли ин андешаҳоро озодона иброз дорӣ….

Равшанфикр, мулло ва ҷомеа
(Суҳбат бо нависанда ва муҳаққиқ Қодири Рустам)

  • Киро мешавад зиёӣ гуфт? Вазифа ва рисолати ин қишр аз чӣ иборат аст?
    Аз равшанфикр таърифҳои зиёд дар даст дорем, вале, ба назари ман, ҳеч яке аз ин таърифҳо вежагӣ ва имтиёзи ин қишри ҷомеаро ба таври комил ва ба сурати возеҳ баён накардааст. Шояд яке аз сабабҳои асосии нақси ин таърифҳо дар он бошад, ки ин вожа ва мафҳуми он дар забонҳои шарқӣ – дар форсӣ “равшанфикр” ва дар арабӣ “зиёӣ”, дар мафҳуми он дар забонҳои урупоӣ, ки гунаи русиаш “интеллегент” аст, тафовути назаррас дорад; дар истилоҳи урупоиён таъкид бар “ақл” ва “хирад” аст, дар ин ҷо ба “фикр”-у “андеша”. Албатта, маншаъи андеша ва фикр ҳам то ҳадди зиёде ақл аст, вале боз ҳам фақат ақл нест, “дил” низ дар ташаккули андеша ва фикр, бахусус, андешаҳои иҷтимоӣ саҳим аст. Дар ин маврид ақл аст, ки андешаро пайрезӣ мекунад ва дил аст, ки ба он самт медиҳад.
    Ва дигар, “интеллигент” лозим нест, ки ҳатман “равшанфикр” бошад, ҳар касеро, ки  ба кори ақлонӣ машғул аст, метавон “интеллигент” номид, “интеллигент” метавонад дар умури ҷомеа дахолат кунад, ва метавонад ором, бесару садо танҳо ба пешаи худ, ба ҳирфаи худ машғул бишавад ва гоҳе хабар ҳам надошта бошад, ки дар паси девори хонааш ё озмоишгоҳу маҳалли кораш чӣ мегузарад. Аммо “равшанфикр” ё “зиёӣ” ба ҷуз он ки бояд таҳсилкарда ва доно бошад, вагарна наметавонад фикраш равшан шавад, боз бояд ин равшаниро ба мардум низ бидиҳад, роҳи мардумро равшан кунад, чашми ботинии мардумаш бошад, муҳим нест, ки мардумро аз дунболи худ бибарад, инқилобӣ бошад, вале ҳатман бояд роҳи дурустро ба тӯдаҳо намоёнад, ё ҳадди ақалл чунин талоше бояд бикунад, Намедонам дар куҷо ва аз кӣ буд, хонда будам, ки гуфта, он чӣ равшанфикрро аз дигарон тафовут мебахшад, эҳсоси шадиди адолатхоҳӣ аст. Воқеан, адолатхоҳӣ, ки аслан баробарии инсонҳо лозимаи он аст, моҳияти равшанфикрӣ аст. Ин маънӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гунаҳои мухталиф чанд ҳазор сол боз матраҳ аст,ки он чӣ ба худ намехоҳӣ,  ба дигарон махоҳ. Ин асли ахлоқиро Конфутсий ҳам гуфта, ҳадиси паёмбари ислом ҳам ҳаст, Рӯдакӣ ҳам таъкид карда (Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш) ва Фирдавсӣ ва дигарону дигарон низ ба шеваҳою суратҳои гунагун таъкид намудаанд ва ин асли (принсипи) ахлоқӣ асоси кори равшанфикр аст. Аммо эҳсоси “адолатхоҳӣ” ба танҳоӣ муайянкунандаи “равшанфикр” нест, дар зиндагӣ ва фаъъолияти ӯ “ҳақиқат” ва “маърифат” низ нақши муҳим доранд, ин сегона асли кори равшанфикр ва балки шохиси ӯ ҳастанд. Равшанфикр бояд ҳақиқатро дарёбад ва ба хотири барқарор намудани адолат маърифати ин ҳақиқатро ба тӯдаҳо бидиҳад. Рисолат ва вазифаи равшанфикр дар ҳар ҷомеае, ба фикри ман, ҳамин аст.
    Ва агар бо таваҷҷуҳ ба ин гуфтаҳо боз ба тафовути байни “интеллегент” ва “равшанфикр” баргардем, ин тафовут дар муносибати худи мардум ба намояндагони ҳирфаҳои мухталиф аёнтар ва равшантар намудор мегардад. Мардум аз муҳандис ва ё пизишк  интизори онро надоранд, ки барои ҳуқуқҳои онҳо ва адолат мубориза барад ё талош бикунад (агарчи мо муҳандисон ва пизишкони равшанфикрро низ мешиносем ва аз ҷумла, дӯстони ман, пизишкони маъруф Саидшо Акрамов ва Нусратулло Юсуфбеков ба маънии аслии ин калима равшанфикр ҳастанд), ин интизорро аз намояндагони ба истилоҳ “интеллигентсияи эҷодкор” доранд ва пеш аз ҳама, аз шоирону нависандагон, хабарнигорон ва ҳунарпешагон.
  • Оё метавон гуфт, равшанфикри тоҷик дар марҳалаи кунунии таърихи миллат рисолат ва вазифаҳои худро иҷро мекунад?
    Дар марҳалаи кунунӣ кадом гуруҳи иҷтимоӣ вазифаю рисолати худро иҷро мекунад, ки ин интизорро аз равшанфикр дошта бошем? Равшанфикронамон ҳам вазифаю рисолаташонро на ончунон ифо мекунанд, ки мебояд. Медонед, ки тайи солҳои охир равшанфикрон, саҳеҳтар бигӯем, аҳли адабу ҳунар ва илмро хеле шадид интиқод мекунанд. Дар ҳар ҷамъе, ки биравед, интиқоди зиёиён, тамаллуқпешаву чоплус ва дур аз дарди ҷомеа, бетафовут будани онҳо ба мушкили мардумро мешунавем. Дар расонаҳои чопии ғайридавлатӣ низ дар ин бора бисёр менависанд. Ман худам ҳам боре чанд ба ин муносибату он муносибат аз ин қишр интиқод кардаам ва ҳатто гуфта будам, қишри равшанфикр ба унвони гурӯҳи иҷтимоӣ дар Тоҷикистони муосир аслан вуҷуд надорад. Ва ин интиқоду гилаҳо то ҳадде дурусту ростанд. Вале фақат то ҳадде! Дар Тоҷикистон мисли бештари кишгварҳои Шӯравии собиқ ва Шарқи мусалмонӣ “равшанфикри расмӣ” дорем ва “равшанфикри ғайрирасмӣ”. “Равшанфикрони расмӣ” ҳамеша дар паҳлӯи ҳукуматдорон ҳастанд, дар ҷаласаҳои ҳукумат менишинанд, кафкӯбӣ мекунанд, аз паси шонаҳои якдигар қад меафрозанд, то бибинандашон, ки ҳастанд ва фаромӯш накунандашон, ва гоҳе вазифаю унвон мегиранд. Ва дар иваз ҳукумату ҳукуматдоронро ситоиш мекунанд, агар Худо ба дилашон инсоф андозад, дар баробари ноадолатиҳо ва қонуншиканиҳои муҷриёни қонун хомӯшӣ ихтиёр мекунанд, вале бадтар аз ин, гоҳе мебинем, ки чунин амалҳои онҳоро тавҷеҳ низ мекунанд. Намедонам, гоҳе мегӯянд, ки онҳоро метавон фаҳмид, чун эшон низ фарзандони Одаманд ва бояд худу аҳли хонаводаашонро хӯронанду пӯшонанд. Яъне,
    Он чи шеронро кунад рубаҳмизоҷ,
    Эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ!
    Вале, дарки ин маънӣ барои ман сахт душвор аст. Устоди зиндаёд Сотим Улуғзода дар романи “Фирдавсӣ” ҳодисаеро ба тасвир овардаанд, ки ҳоким пешниҳод мекунад, молиёти Фирдавсӣ коҳиш дода шавад, аммо Шоир розӣ намешавад, мегӯяд, агар кам мекунед, бояд молиёти ҳамаро кам бикунед, агар не, ман намехоҳам имтиёз дошта бошам. Албатта, ин маҳсули тахайюли устод Улуғзода аст, вале як асли муҳимми ахлоқӣ аст. Ва ҷолибтар аз тасвири устод Улуғзода ҳодисаи воқеӣ аст, ки дар кутуби таърих ва тазкираю табақоти суфиён мастур аст. Ҳангоми ҳамлаи муғулон ба Хоразм шайхи бузург Наҷмиддини Кубро низ шамшер бар даст гирифт ва ба муқобили душман бархост, муғулон онҳоро дар қалъае маҳсур карданд, вале бо он ки медонистанд,  ҳама кушта хоҳанд шуд, касе таслим нашуд. Чун муғулон фаҳмиданд, ки дар он миён шайхи бузурге ҳаст ва муғулон эҳтироми зиёд ба руҳониёни ҳамаи адён қоил буданд, кас ба назди шайх фиристоданд, ки берун ой,  хон туро афв мекунад. Шайх розӣ нашуд, ки агар ин мардум кушта мешаванд, ман низ бо онон кушта хоҳам шуд. Ва мардона ҷон бохт. Ва насиҳату васияти шайхи аҷалл Саъдиро ба ёд оварем, ки аз забони яке мегӯяд:
    Ман аз бенавоӣ наям рӯйзард,
    Ғами бенавоён рухам зард кард.
    Манзур ин ки “туро газад маро чӣ ғам” гуфтану нишастан, дар баробари мушкилоти ҷомеа ва фоҷиаҳои миллӣ дам назадан, агар нарм бигӯем, ба шаъни зиёӣ намезебад. Алӣ, домоди паёмбари ислом гуфтааст: “ дар баробари ҷиноят хомӯшӣ ихтиёр кардан низ ҷиноят аст”.
    Вале, хушбахтона, мо “равшанфикрони ғайрирасмӣ” низ дорем, ки шукри Худо,  назарашонро, андешаашонро бепарда ва фошофош иброз медоранд. Ҳатто метавон гуфт, дар адабиёти мо шеъри иҷтимоӣ, шеъре, ки ба қавли устоди зиндаёд Лоиқ “вазни дарди мардум аст”, хеч гоҳ чунин амиқу густарда набуд, ки дар марҳалаи кунунӣ. Чунин шеър, ки  аз “Фарёди бефарёдрас”-и Лоиқ оғоз меёбад, дар даҳ соли охир рушди назаррас дошт. Дар бархе осори бадеии мансур низ оҳангҳои иҷтимоӣ ва дарди рӯз маҳсус аст. Хабарнигорони мо, бавежа дар расонаҳои ғайридавлатӣ аз ҳама мушкилоти ҷомеа менависанд, дарду ғамҳои мардумро мегӯянд. Албатта, таҳлилҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар расонаҳои мо гоҳе на чандон амиқ аст, вале муҳим ин аст, ки онҳо хомӯшӣ ихтиёр намекунанд, бетафовут нестанд, талош мекунанд, ки  роҳи бартараф кардани нуқсонро нишон бидиҳанд.
  • Муҳит ва фазои кишвар барои кору амали зиёӣ мувофиқ аст ё не ва худи ин қишр барои ҳамвору мутобиқ сохтани ин муҳит ҷаҳду талош мекунад?
    Посухи ин суол он қадар сода нест, ки ба назар мерасад. Вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварамон чунон аст, ки ба рушди адабиёт, ҳунар, фарҳанг ва илм мусоидат намекунад. Ҳамчунин,  ин вазъ мардумро маҷбур мекунад, ки хостаю нахоста ҳама фикру зикрашон дар ғами хӯронидану пӯшонидани аҳли хонаводаашон бошад ва барои харидории маҳсули ҳунару адабиёт ва тамошою хондан – албатта, осори воқеии ҳунару адаб манзур аст, на консертҳои оммавӣ ва намоишҳои сабуки ҳаҷвӣ – имкони хуби молӣ надоранд ва фурсат ҳам. Дар чунин ҳол аст, ки барои маҳсули адабиёту ҳунар на супориши давлатӣ ҳаст, на супориши иҷтимоӣ. Яъне, на давлат ба осори ҳунарии воқеӣ ниёз эҳсос мекунад, на мардум. Адабиёт бидуни хонанда ва ҳунар бидуни бинанда наметавонанд вуҷуд дошта бошанд. Ва як  натиҷааш толорҳои холии театрҳо ва рафҳои пури фурӯшгоҳҳои китоб аст (ва сабаби ин рафҳои пур низ инҳитоти маънавӣ аст, ки ҳар кӣ се ҷумла ҷумла метавонад нависад, гумон мекунад шоиру нависанда аст ва китоб чоп мекунад) ва натиҷаи дигараш коҳиши нуфуз ва эътибори равшанфикрон дар ҷомеа аст. Ин аст, ки аз сӯйе, бисёре аз ҳунармандон, шоирону нависандагони мо эҳсоси лозим набудан, ангушти шашуми ҷомеа будан, эҳсоси дар ҳошияи зиндагӣ буданро доранд ва аз сӯйи дигар, фақри маънавӣ фарогир шудааст, завқҳо хеле поин омадааст, андеша мурдааст, ахлоқ фосид шудааст. Мо ҳама дар нишеби инҳитоти маънавӣ гом мезанем. Чун “раият дар дини подшоҳонанд”, бештар халлоқони осори адабию ҳунарӣ низ талош мекунанд, офаридаашон мутобиқи завқи мақомдорон бошад, он чизеро бигӯянд ва бинависанд ва ба тасвир бикашанд, ки ин мақомдорон шунидан, хондан ва дидан мехоҳанд ва ё дастикам шунидан, хондан ва дидан намехоҳанд. Мо дигар ба унвони Главлит – сензура идорае надорем. Вале сензураи бадтар аз он дар қалб ва зеҳни адибону ҳунармандон маскан гузида ва ҷуръаташонро маҳор задааст.  Адабиётшинос ва шоир Аскар Ҳаким ду-се соле пеш зимни суҳбаташ дар телевизион ба гувоҳи рушди адабиёт гуфт, дар замони шӯравӣ фалон нафар унвони шоиру нависандаи халқӣ доштанд ва дар чанд соли пас аз истиқлол ин теъдод ба маротиб афзуд. Вале ин рақамҳо ба ҳеч ваҷҳ гувоҳи рушду тавсиъаи адабиёт нест, баръакс таъйиди ҳикмати мардум аст, ки “ҳар чӣ бисёр шуд, хор шуд”. Аз назари таносуби шоир ва нависандаи халқӣ ба кулли аҳолӣ   Тоҷикистон шояд мақоми аввал дар ҷаҳонро дошта бошад ва аз назари тиражи саронаи китоб ҷойи охирро. Маҷмуаи бархе аз ин шоирони халқиро мехонед ва шеъре наметавонед пайдо бикунед. Ва албатта, ин амр ҳам боиси коста шудани нуфуз ва таъсири сухани бадеъ шудааст. Аслан унвони шоир ва нависандаи халқӣ дар чанд кишвари шӯравии собиқ мавҷуд аст ва наҳваи эътои он ҳам бо ҳеч мантиқе созгор нест ва хидмате ҷуз эҷоди муҳити носолими адабӣ надорад. Барои он ки адабиёти мо эътибор ва нуфузи пешини худро дубора дарёбад, аз ҷумла, беҳтар аст, ин унвон аслан ҳазф карда шавад. Онҳое ки шоир ва нависанади халқӣ шудаанд, бигузор то охири умр ин унвонро дошта бошанд, вале минбаъд ба касони дигар дода нашавад.
    Зиёии имрӯзаи тоҷик аз зиёии замони шӯравӣ чӣ фарқ дорад?
    Равшанфикри имрӯзӣ на зиндагии хубу рифоҳи даврони шӯравиро дорад, на нуфузи эътибори он равшанфикронро. Вале равшанфикрони замони шӯравӣ ҳама зодаи як идиуложӣ буданд, гарчанд на ҳамаашон аз идиулужии ҳоким дар ҷомеа тарғибу ташвиқ мекарданд, вале аз хатти кашидаи он камтар по берун мениҳоданд. Мо ба маънои асл ва пурраи ин вожа дар замони шӯравӣ дигарандеш надоштем. Истисно танҳо чанд соли бозсозии шӯравӣ аст, вале ин ки дар ин замон афроде ва гурӯҳҳое зуҳур карданд, ки андешаашон аз андешаи ҳоким дар ҷомеа тафовут дошт, бештар хидмати худи давлатмардон буд, ки иҷоза медоданд, афроде ва гурӯҳҳое аз дари мухолифат бо онон ворид бишаванд. Бо ин ҳол, пайдоиш ва интишору тақвияти ифтихори миллии тоҷикиро мо мадюни замони шӯравӣ ва равшанфикрони тоҷик ҳастем. Чун ба мавзуи суҳбатамон иртибот надорад, намехоҳам дар ин ҷо аз хадамоти арзандаи ходимони давлатӣ ва риҷоли сиёсӣ амсоли Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Аббос Алиев ва дигарон ҳарф бизанам. Аз баъди инҳо ононе, ки барои истиқрори ҳастии мо заҳмат кашиданд, моро ба мо шиносониданд ҳама равшанфикрон буданд – аз устод Айнӣ гирифта, то Ғафурову Турсунзода, Улуғзодаю Осимӣ ва аз онҳо то Муъмин Қаноату Лоиқ, Бозор Собиру Акбар Турсун, Давлат Худоназару Тоҳири Абдуҷаббор, Гулназару Гулрухсор ва дигарону дигарон.
    Дар маҷмуъ, чунонки гуфтем, равшанфикрони тоҷик асосан аз роҳу пайраҳаҳои Ҳизби коммунист ва Давлати шӯравӣ гом мезаданд ва агар коре ҳам барои миллат анҷом медоданд, дар чаҳорчӯби идиулужии ҳокими замонашон буд. Аммо онҳо хонандагон ва бинандагони хеле бештар аз имрӯз доштанд, тирожи китобҳояшон гоҳе ба 50 ҳазору 100 ҳазор мерасид. Суханашон ба гӯши мардум мерасид ва таъсир мегузошт, ҳукуматдорон бархе ифтихор доштанд бо равшанфикрон нишинанду суҳбат бикунанд, бархе аз ин қишр меҳаросиданд. Равшанфикрон дар замони шӯравӣ зиндагии нисбатан сазовор доштанд. Ҳоло бо душворӣ рӯз мегузаронанд, фарзандон, бародарони онҳо низ дар ғарибкорианд ва аз он ҳисоб зиндагӣ мекунанд. Чун тақрибан хонандаю бинанда ҳам надоранд, суханашон таъсире ҳам надорад, на барои мардум на барои давлатмардон.
    Баҳсҳо миёни аҳли ҷомеа дар мавриди он ки мо “мулло” ва “домулло”-ҳоро зиёӣ биҳисобем ё не, гуногун аст. Назари шумо дар ин бора чӣ аст?
    Мо замоне метавонем ҷомеаи пешрафта дошта бошем, ки муллоҳоямон равшанфикр бошанд ва равшанфикронамон ба огоҳии гусдардатар ва амиқтар аз масоили дину мазҳаб даст ёбанд. Дар айни ҳол на чунин мулло дорем, на чунин равшанфикр ва натиҷааш ҳам ҷомеаест, ки дорем. Аксари муллоҳои мо ба баҳсҳои камаҳаммият ва аз замони дақёнус монда машғул ҳастанд, бо илми муосир ошноии сатҳӣ ҳам надоранд ва тафсирашон аз Қуръон аз тафсири муллоҳои асримиёнагӣ тафовуте надорад ва дар бархе масоил ҳатто ақибмондатар аст ва ё истинод  мекунанд, ки фалонӣ дар фалон китоб дар ин бора чунин фармудааст. Ва мебинӣ, ки ун фалонӣ дар асри 9 ё 11 зистааст ва он замон илм ҳанӯз ба масъалаи мавриди баҳс рушанӣ наандохта буд. Қуръон сухани Худост ва бештари ояҳояш ҳам барои ҳамаи замонҳост. Ва онро ба масал, мисли барномаи компютерӣ бояд қабул кунем, ки худ худро таҷдид мекунад. Ва ба ҳамаи суолҳои рӯз посух мегӯяд. На танҳо олимон Қуръонро тафсир мекунанд, Қуръон низ инсонро тафсир мекунад. Ва барои он ки тафсири дуруст ва мутобиқ бо масоили  замон ба даст биоварем, олим бояд хеле дониши фаровон ва амиқ дошта бошад, ботине пурсарват дошта бошад ва бо камоли огоҳӣ Қуръон ба даст бигирад ва Қуръонро тафсир кунад. Дар асри суръатҳои кайҳонӣ ва электроника, дар асре ки “куффор” дар рӯйи курраи моҳ гаштугузор мекунанд ва ба Миррих сафина мефиристанд, идораи муфтии Тоҷикистон наметавонад рӯзи дақиқи фаро расидани рамазонро муайян кунад ва қиблаи бисёре аз масоҷиди Тоҷикистон “каҷ” аст.
    Аз ин масоили динӣ бигзарем, бархе аз муллоҳои тоҷик дар талоши исломӣ кардани ҷомеа хоставу нахоста талош доранд фарзандони тоҷикро араб бикунанд. Намунаи ин гуфта зиёд аст ва фурсати бештаре барои шарҳу тафсири ин масоил мехоҳад. Ҳоло фақат дар масъалаи ном ва номгузорӣ таваққуф мекунем. Ба андешаи баъзе муллоҳои тоҷик, агар фарзанди тоҷик номи тоҷикӣ дошта бошад, бахусус номе ки пайванд бо ифтихороти миллии мо дорад, амсоли Рустам, Исфандиёр, Кайхусрав, Афшин, Деваштич ва ғ., пас мусулмони комил нест ва номаш бояд иваз карда бишавад. Ва инҳо тайи чанд соли охир номи садҳо нафарро тағйир доданд, номҳои тоҷикиро дур андохтанд ва номи арабӣ, ки ба пиндори онҳо танҳо номи исломӣ аст, ба фарзандони тоҷик гузоштанд. Аламовар ин аст, ки ҳафтаномаи ба ном мустақил ин ҳарзаҳои номивазкунии муллоро чоп ва пахш мекунад, ки Шумо, бародар, қисми дувуми номатон исломист ва фақат қисми аввалашро иваз кунед, кофист. Аммо кудоме аз ин муллоҳо ба ин суол посух медиҳад, ки чаро номи арабӣ исломист ва номи эронӣ (тоҷикӣ) не? Ин ҳарфро дар китоби Худо хондед, ё аз паямбар шунидаед? Магар ҳамин Абубакру Умару Усмону Алӣ пеш аз он ки номи хулафои рошидин бошанд, номи садҳо тан аз бутпарастони араб набуданд? Магар даҳҳо номи арабии дигар, ки шумо ба унвони номи исломӣ ба фарзандони тоҷик мегузоред, 1400 сол пеш номи чанд тан аз роҳзанони араб набуд? Магар эронӣ (тоҷик), ки дар қарни 8 мелодӣ ислом овард ва исломро дар миёни ақвоми мухталиф густариш дод ва дар пайафканӣ ва рушди фарҳанги исломӣ нақши бузургтарин ифо кардааст, дар тӯли 1300 сол ҳам номаш исломӣ нашуд?! Магар ислом бо шиори баробари нажодҳо зуҳур накарда буд? Ва боз чаро номҳои муғулию туркии бархеи шумо метавонад исломӣ бошад ва номҳои миллии фарзандони тоҷик не? Ва ниҳоят аз инҳо бояд пурсид, ки кудомаш рафт ба дафтари сабти аҳвол ва “ов”-у “ич”-и русиро, ки албатта, исломӣ нест (вале гуноҳ ҳам нест) аз насаб ва номи падариаш ҳазф кард? Биллоҳ, ки одами оқил дар ин ҷомеа девона мешавад! Хабари бутҳои Бомиёнро мунфаҷир кардани Толибон оламро ларзонд. Вале коре, ки муллоҳои мо талош доранд бо расму сунани мардум бикунанд, ҳеч тафовут аз он кори Толибон надорад, вале ҳама хомӯшанд. Ман дар китобфурӯшиҳои хиёбонҳои Душанбе ду китоб дидам, якешро харидам ҳам – дар бораи савоби риш гузоштан ва дигаре дар бораи офаридаи шайтонӣ будани телевизион. Навиштаи покистониҳост, ки муллоҳои тоҷик тарҷума ва чоп  кардаанд.  Чун мулло, ки суханаш бештарин таъсир ба ҷомеаро дорад, – зеро дар паси шонаи ӯ Худо ва Китоби Худо ва паёмбар қарор доранд – машғули инчунин баҳсҳост, мо ба куҷо хоҳем рафт?!
    Ва руҳониён ҳам мисли равшанфикрон ба ду гурӯҳи “расмӣ” ва “ғайрирасмӣ” ҷудо мешаванд, гурӯҳи расмии ин қишр низ мисли “равшанфикрони расмӣ” ба тамаллуқу хушомадгӯйӣ машғул ҳастанд ва гуфтаю фармудаи дурусту нодурусти ҳукуматдоронро тавҷеҳ ва таблиғ менамоянд ва гурӯҳи ғайрирасмиаш дар баробари ҳарфҳои хуб ва ахлоқию маънавӣ ба чаранду парандҳои асримиёнагӣ низ машғуланд, мутаассифона. Яъне, дар ин арса вазъ бадтар аз вазъи равшанфикрист.
    Баҳсҳое назири ман аввал “тоҷик” баъд “мусулмон” ё баръакс чаро доман зада мешаванд? Ин баҳс манфиате дар пай дорад?
    Ҳарфи пучу беасл ва саросар зиёновар аст. Байни “тоҷикият” (“эроният”) ва “исломият” на танҳо таноқузе ва ихтилофе нест, балки як навъ ваҳдате вуҷуд дорад. Тоҷикон мусулмонанд, тамаддуни мо аз қарни 8 мелодӣ инҷониб тамаддуни исломист, албатта, расму ойинҳое ҳам дорем, ки решаи тоисломӣ доранд, вале тайи қарнҳои тӯлонӣ комилан ранги исломӣ ба худ гирифтаанд. Мубориза бо исломият мубориза бо тоҷикият низ ҳаст. Эроният ё тоҷикият ва исломият ду боли парвози тоҷиканд, агар якеро буред ё захмӣ кунед, мо аз парвоз, аз ҳаракат мемонем, ки оқибаташ фаност, маҳв шудан аст. Худи номвожаи “тоҷик” пайванди қавӣ бо ислом дорад. “Тозик” дар забонҳои паҳлавӣ ва суғдӣ ба арабон гуфта мешуд. Ва чун арабон бо дини тозазуҳури ислом ба кишварҳои эронӣ ҳамла оварданд, ва бархе эрониён ба ислом гаравиданд, онҳое ки ҳанӯз дар дини пешин буданд, ин ҳамқавмони худро ҷое ба икроҳ ва ҷойе ба пӯзханд “тозик” номиданд (чунонки дар рустоҳои Тоҷикистон то солҳои 60-уми садаи бистум ҳар шляпапӯшро урус мехонданд), ки рафта-рафта номи умумии ҳамаи эрониёни порсизабон (ва гоҳе ғайрипорсизабон низ) шуд ва дар пайи таҳаввулоти овойӣ “тозик” ба “тоҷик” мубаддал гардид.
    Вале шарҳи чанд  нуктаро лозим медонам.
    Аввал, афроди атеист ва гаравида ба динҳои дигар, чун дар миёни дигар ақвом дар байни тоҷикон низ ҳастанд, вале ин амр далел шуда наметавонад, ки миллиятро ҷудо аз дин бидонем. Русҳо бештар аз мо афроди атеист ва гаравида ба ойинҳои ғайр дорад, вале ин амр асос шуда наметавонад, ки православӣ будани қавми русро инкор бикунем. Чун мабонии тамаддуни русҳо мазҳаби православӣ аст, чунонки фарҳанги тоҷикон, бахусус дар 13 асри гузашта  асос бар ислом дорад.
    Ва низ он чи қавмеро аз қавми дигар тафовут мебахшад, ба ин халқ вежагӣ ва имтиёз мебахшад, ба ҷуз ранги пӯст ва забон махсусиятҳои ботинӣ ва равонии ин мардум аст, ки аз сӯйе то ҳадди қобили мулоҳиза маншаъ дар расму ойинҳо ва одатҳои мардумӣ дорад ва аз суйи дигар, худ ба ин расму ойинҳо таъсир мегузорад.
    Мухолифати бархе аз муллоҳо бо ойинҳои мардумӣ, ки бузургтаринаш Наврӯз аст, ба баҳонаи ин ки решаи исломӣ надоранд, коре зиёновар аст ва миллати моро аз дарун пучу пук мекунад. Пас инҳо бояд аммомаи сарашонро низ канор бигзоранд, чун одати дастор бастан расми қабл аз исомист, ки аз мардуми Хуросон ба давраи исломӣ роҳ ёфта ва дастор бастан бо ислом мутобиқ шуд ва шарҳҳое динӣ пайдо кард…..
    Пас чӣ бояд кард? Ба андешаи шумо дар Тоҷикистон  ҳеч қишре ва гурӯҳе вазифаю рисолати худро ончунонки мебояд, ифо намекунад. Бо ин ҳол чӣ ояндае моро интизор аст?
    Дар ин самт кори ҳамагонӣ мебояд. Дар навбати аввал давлатмардон бояд дарк кунанд, онҳое, ки аз фаъъолияти онҳо интиқод мекунанд, на ин ки душмани ин Ватан нестанд, балки душмани шахсии онҳо низ нестанд, онҳо ҳаққи интиқод доранд ва агар интиқод мекунанд, камбуду нуқсонҳоро мегӯянд, ба ин хотир аст, ки ватанашонро, миллаташонро дӯст медоранд, миллатро сарафроз ва Ватанро шикуфон мехоҳанд бибинанд ва ба ҳарфҳояшон гӯш бояд дод ва барои ислоҳи камбуду нуқсонҳо талош бояд кард.
    Дигар, давлат ва ҷомеаи мо бояд талош ба харч диҳанд, ки кишварамон шаҳрвандони озод ва сарафроз бештар дошта бошад. Онҳое, ки дӯст доранд лофи истиқлол бизананд, бояд бидонанд, ки бидуни мардуми озод истиқлоли кишвар комил нест. Мо тӯли асрҳои тӯлонӣ дар руҳияи бардагӣ тарбият шудаем ва давлатмардон ва руҳониёнамон низ гоҳе амдан ва гоҳе бидуни он ки худ дарк бикунанд, талош мекунанд ин руҳияи бардагӣ ва сарафкандагиро ҳифз бикунанд ва ҳатто тақвият бидиҳанд, чун идора кардан ва талқин намудани мардуми озод ва озода ба коре, ки мухолифи манфиати эшон бошад, басо душвортар аст. Аз ин лиҳоз, мо бояд дар навбати аввал низоми омӯзиш ва барномаҳои омӯзиширо билкулл дигар бикунем, дар ин низом ва барномаҳо на маълумот андӯхтан, балки андешидан авлавият бояд дошта бошад. Яъне донишомӯз на танҳо хондану навиштан, муодила ҳал карданро ёд бигирад, на танҳо номи осори шоирон ва санаҳои таърихиро ба ҳофиза бисупорад, балки биандешад, ки чаро ин қонун чунин асту чунон на, он чӣ шеъри ин шоирро аз сурудаи шоири дигар тафовут мебахшад, чист….. Мактаби мо бояд Инсон, Шаҳрванд тарбия бикунад. Ин кори душвор аст, осон нест ва бояд марҳала ба марҳала ҳал бишавад. Барои таҳаққуқ пазируфтани он  дар навбати аввал, муаллимон бояд имтиёзҳое дошта бошанд, ҳуқуқи муносиб бояд бигиранд, ки хонаводаҳояшонро таъмин кардан тавонанд; муаллими муҳтоҷ ва нимгурусна Инсон наметавонад тарбия бикунад; бояд муаллимони хуб аз бозорҳо ва сохтмонҳои Русия баргардонида шаванд……
    Мусоҳиб Абдуқаюми Қаюмзод
    Нигоҳ, № 5, 28.04.2015.

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.