Боз 3 кӯдаки дигар аз дуди оташ заҳролуд шуда, ҷон бохтанд

Рӯзи 2-уми марти соли 2024, 3 кӯдаки ноболиғ дар шаҳри Душанбе бар асари оташ гирифтани хона ҷон бохтанд.

Имрӯз, 4-уми март Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфт, ки ин ҳодиса дар кӯчаи Хайрулло Мирзои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт тақрибан соати 13-и рӯз ба вуқуъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми сӯхтор кӯдакон, Узоқов Абдурасули 4-сола, Узоқова Зуҳрои 3-сола ва Узоқова Зайнаби 1-сола дар дохили хона монда, аз дуди ғализ заҳролуд шуда, ҳарсе фавтиданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби оташсӯзиро “бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқии гармидиҳанда (радиатор)” гуфтааст. Вале хисороти воридшуда дар пайи ин сӯхторро то ҳол эълон накардааст.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Иқболи Садриддин, раҳбари шабакаи “Ислоҳ.нет” дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дода, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми марти соли ҷорӣ “Панҷ сокини Хистеварз аз бе барқӣ ҳалок шуданд”.

“Ба “ Ислоҳ” ин хабар расид, ки санаи 1-уми март рӯзи ҷумъа дар Хистеварз панҷ нафар мурданд, чаҳор нафарашон ҷаноза шуданд дутояш дар масҷиди Сурх. Иллати марг дуди ангишт буда, як зану шавҳарро ҷанозаашонро дар намози ҷумъа адо намудем. Як дигараш дар масҷиди Аҳрориён баргузор гардид.”, навиштааст мудири шабакаи “Ислоҳ”.

Манбаи “Ислоҳ” ҳамчунин таъкид карда, ки ин ҳодиса дар натиҷаи бебарқӣ ва сармои сахт, ки мардум хонаҳояшонро бо ангишт гарм мекунанд, рух додааст. Вале мақомот то ҳол ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Дар давоми як ҳафтаи гузашта Тоҷикистонро сармои шадид фаро гирифтааст, бар иловаи ин масъулони барқрасонӣ барқро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо қатъ карданд. Дар пайи ин бебарқӣ дар кишвар се ҳодисаи марги дастаҷамъии хонаводаҳо рух дод, ки аксари қурбониёнашон кӯдакони ноболиғ буданд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ шаш сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт ҷон бохтонд. Гуфта мешавад, дар ҳавои сард масъулини “Барқи тоҷик” барқро қатъ карданд ва падари оила хоста, ки хонаи сардро бо ангишт гарм кунад, вале дуди он ҳамагиро ҳалок кард.

Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола буданд. Ҳамсояҳо аз марги онҳо нисфирӯзии 28-уми март бо хабар шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.