Додситонии шаҳри Жешуви Лаҳистон алайҳи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, онро ба додгоҳ ирсол кардааст.
Бино ба иттилои мақомоти додситонии шаҳри Жешув, ин ҷавони тоҷикистонӣ ба гумони сабабгор будан дар як садамаи маргбори нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст. Дар сурати гунаҳкор дониста шудан, ӯро то 28 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бино ба иттилои сомонаи TVP3-и Лаҳистон, садама шаби 30-юми ноябри соли 2025 дар кӯчаи Лангевичаи шаҳри Жешув рух додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, ин ҷавон дар ҳолати мастӣ ронангӣ карда, мошинро идора карда натавониста, аз роҳ хориҷ шуда, ба дарахт бархӯрдааст. Дар натиҷа, яке аз мусофирон дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, мусофири дигар ҷароҳати вазнин бардоштааст. Худи ронанда низ ба бемористон интиқол дода шудабуд.
Тибқи иттилои Додситонии шаҳри Жешув, ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки дар хуни ронанда тақрибан 2,5 промилл машруб мавҷуд будааст. Ҳамчунин хулосаи коршиноси бозсозии садамаҳои нақлиётӣ нишон медиҳад, ки мошин пеш аз садама бо суръати 71 километр дар як соат ҳаракат мекард, дар ҳоле ки маҳдудияти суръат дар он қитъаи роҳ 50 километр дар як соат буд. Муфаттишон таъкид кардаанд, ки вазъи техникии мошин ба рух додани садама ҳеҷ таъсире надоштааст.
Гумонбар ҳангоми бозпурсӣ эътироф кардааст, ки мошинро дар ҳолати мастӣ идора мекард, аммо масъулияти рух додани садамаро напазируфтааст. Ӯ иддао кардааст, ки яке аз мусофирон пеш аз садама рулро кашидааст. Аммо, ба гуфтаи додситонӣ, коршиноси парванда ин фарзияро рад кардааст.
Ғайр аз ин, додситонӣ ҷавони тоҷикро ба он низ муттаҳам мекунад, ки соли 2023 барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ дар Лаҳистон ҳуҷҷати бардурӯғ оид ба вазъи молиявии худ пешниҳод кардааст.
Қобили зикр аст, ки дафтари матбуоти Додситонии шаҳри Жешув ҳанӯз пас аз рух додани ин садама ҷузъиёти ҳодисаро нашр карда буд. Ба гуфтаи он, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки ронандаи 20-сола Рустамбек С. шоми ҳодиса ҳамроҳи ду ҳамватани худ — Далер С. ва Ҳофиз С., шаҳрвандони Тоҷикистон якҷо сипарӣ кардааст. Тақрибан соати 23:00 ин се нафар бо мошини тамғаи Mercedes ба сайру гашт баромада буданд ва мошинро Рустамбек С. идора мекард. Додситонӣ он замон ному насаби ихтисоршудаи ронанда ва ду мусофирро низ нашр карда буд.
Ҳоло, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Дар солҳои охир, бо сабаби сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратӣ ва бад шудани шароити кор барои муҳоҷирон дар Русия, инчунин таъсири ҷанги Русия алайҳи Украина, шумори бештари шаҳрвандони Тоҷикистон кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Лаҳистонро барои кор ва зиндагӣ интихоб мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сархати хабарҳои расонаҳои Лаҳистон қарор мегиранд. Солҳои охир расонаҳои ин кишвар борҳо дар бораи боздошт, муҳокима ё маҳкум шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қонуншиканиҳои гуногун, аз ҷумла садамаҳои нақлиётӣ, қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ ва дигар ҷиноятҳо хабар додаанд. Бо вуҷуди ин, чунин ҳодисаҳо ба ҳамаи муҳоҷирони тоҷик дахл надоранд ва аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон қонунҳои ин кишварро риоя намуда, ба таври қонунӣ фаъолият ва зиндагӣ мекунанд.
