30.9 C
Dushanbe

Чанд шаҳру ноҳия дар рӯзи аввал нақшаи даъватро иҷро карданд

Мақомот иддао доранд, ки дар чанд соати рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Вахшу Фархор ва ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳи Исфара нақшаи даъват пурра иҷро шудааст.

Дар ин бора хабаргузории ҳукуматии “Ховар” хабар дод. Анҷом ёфтани нақшаи даъватро дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ рабт додааст.

Гуфта мешавад, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда, то аввали моҳи декабр идома хоҳад кард, аммо тибқи як қарори нав бо вуҷуди комил шудани нақшаи даъват, ҷавонон ба комиссариятҳои ҳарбӣ бурда, сабти ном мешаванд.

Таҳлилгарон дар рӯзҳои аввал иҷро шудани нақшаи даъватро дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ҳамин қароре, ки ҷавон тамоми сол ба артиш ҷалб мешаванд, рабт медиҳанд.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре нашр шуда буд, ки дар ВМКБ ҷавононро пеш аз оғози даъвати тирамоҳӣ иҷборан ба комисариатҳои ҳарбӣ бурда истодаанд.

Инчунин 29-уми январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тарҳи нав қабул карда шуд.

Агар дар гузашта шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамуданд, аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод буданд ва ба онҳо рутбаи афсари хурди таҳмовар (младший лейтенант) дода мешуд, аммо тибқи тарҳи нави қонун баъди 12 моҳи хидмати ҳарбӣ ба онҳо ин рутбаро медиҳанд.

Ҳамчунин тибқи тарҳи нави ин қонун ҷавонон метавонанд бо пардохти беш аз 50 ҳазор сомонӣ аз хидмат озод шаванд.

Баъд аз қабули ин қонун нафарони пулдор бо додани маблағ дигар ба хидмат намераванд, ин боис гашта, ки мақомдорон барои пур кардани нақша ҷавононро ҳатто аз донишгоҳҳо “облава” кунанд.

Инчунин гуфта мешавад, ин тарҳи қонун боиси сол ба сол кам гаштани сафи довталабон барои дохил шудан ба донишгҳҳо шудааст.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш мебаранд, ки ин амали мақомдорон ҳамеша дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди баҳс қарор дорад.

Ҳамасола дар мавсими даъвати ҷавонон ба артиш наворҳо ва аксҳои зиёде аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад, ки дида мешавад, маъмурони низомӣ ҷавононро бо зарби мушту лағат ба мошин савор карда, ба комиссариятҳои ҳарбӣ мебаранд. 

Баъд аз нашри зиёди чунин аксу наворҳо, Вазорати дифои кишвар на барои бартараф кардани мушкилот, балки барои рӯпӯш кардани ҷинояти кормандонаш, барои пешгирӣ аз нашри маълумотҳо аз рафти “Облава” дар кӯчаву бозорҳои ҷумҳурӣ тарҳи қонуни наверо ба парлумони кишвар таҳия ва пешниҳод кард, ки тибқи ин барои нашри наворҳои облава ҷазо пешбини шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳунари аз “фил пашша сохтан” дар 33 соли истиқлоли Тоҷикистон

Тоҷикистон истиқлоли худро аз Иттиҳоди Шӯравӣ 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард. Инак аз ин рӯзи торихӣ 33 сол мегузарад.

Сафари Рамазон Раҳимзода ба Чин

Бино ба иттилои расонаҳо, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Чин сафар кардааст.

Ҳамалаи паҳподҳо ба Русия ва қатъи фаъолияти фурӯдгоҳҳои Москав

Шаби гузашта дар манотиқи мухталифи Русия ҳамлаи густардаи паҳподҳои...

Эмомалӣ Раҳон нонвойхонаеро дар Хуҷанд ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумуҳури Тоҷикистон ду руз шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ифтитоҳи мағозаву ҳавз ва обкашу дигар иншооти хурду калон машғул аст.