Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз дорад ва шиддати он рӯз то рӯз бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла ҷанг бо Укроин меафзояд, моҳе нест, ки мақомоти ин кишвар маҳдудияти болои муҳоҷирон ҷорӣ накунанд ва ё ҳади ақал муносибати хасмона алайҳи муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони осиёимиёнагӣ нишон надиҳанд. Сабаби тағйири муносибати Русия бо муҳоҷирони осиёимиёнагӣ чист ва чӣ авоқибе хоҳад дошт?
Қабл аз баррасии сабабу авоқиб лозим аст назари кӯтоҳе ба амалкардҳои ахири мақомоти ин кишвар алайҳи муҳоҷирон дошта бошем. Агар қаблан мақомоти ин кишвар бештар бо чораҳои маъмурӣ ё тафтишҳои ҷудогона маҳдуд мешуданд, ҳоло сухан дар бораи тағйири пурраи қонунгузорӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва ба таври оммавӣ бекор кардани ҳуҷҷатҳои истиқомат меравад.
Мақомоти Русия силсилаи ислоҳотеро ба тасвиб расониданд, ки будубош ва кори муҳоҷиронро дар қаламрави ин кишвар шадидан маҳдуд мекунад:
а) Барои онҳое, ки мӯҳлати ҳуҷҷатҳояшон гузаштааст ё қоидаҳоро вайрон кардаанд, режими махсуси ҳуқуқӣ роҳандозӣ шуд. Нафаре, ки ба ин феҳрист дохил мешавад, тақрибан аз тамоми ҳуқуқҳои молиявию шаҳрвандӣ маҳрум мегардад: ӯ ҳуқуқи харидани амвол ва мошин, гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ, кушодани ҳисоби бонкӣ, гузаронидани пул ва ҳатто ақди никоҳро надорад.
б) Қонуни нав гирифтани шиносномаи Русияро бо баҳисобгирии ҳарб тавъам кард. Саркашӣ аз ба қайдгузорӣ дар комиссариати ҳарбӣ дар мӯҳлати муайяншуда асоси мустақим барои бекор кардани шаҳрвандӣ ва ихроҷ (депортатсия) аз кишвар гардид.
в) Аз ним бештари минтақаҳои Русия (аз ҷумла Подмосковйе, вилоятҳои Новосибирск, Калуга, Тюмен ва ғайра) фаъолияти муҳоҷиронро дар соҳаҳои калидӣ — такси, нақлиёти ҷамъиятӣ, фурӯши чакана, маориф ва хизматрасонии хӯрокворӣ комилан манъ карданд.
г) Вуруди аъзои хонаводаи муҳоҷирони кории камкасб маҳдуд карда мешавад. Барои фарзандони муҳоҷирон ҳангоми қабул ба мактабҳои русӣ санҷиши мураккаби забондонӣ ҷорӣ гардид; кӯдаконе, ки забонро дар сатҳи кофӣ намедонанд, ба таҳсил қабул карда намешаванд.
д) Гузаштани ҳама санҷишҳои тиббӣ ва дактилоскопия/аксбардорӣ ба кишварҳои мабдаи муҳоҷирон (аз ҷумла Тоҷикистон) кӯчонида шуда, раванди интихоби созмондодашударо (оргнабор) зери назорати қавии полис дароварданд.
Кор бо маҳдудиятҳо тамом намешавад. Сиёсатмадорони рус бо баёниҳои хасмона ва муҳоҷирситезона рӯҳияи муҳоҷирбадбинӣ дар кишварашонро ташдид мебахшанд. Ва шумори ин гуна сиёсатмадорони мухосим ва ҷанҷолӣ сол то сол бештар мешавад. Баъид дар интихоботи навбатӣ ба Думаи (парлумони) Русия бештари номзадҳо бо шиорҳои зиддимуҳоҷирӣ ворид шаванд ва шумори боз ҳам бештари вакилонро чунинҳо ташкил диҳанд.
Ин ҳам чанд мисол аз сиёсатмадорони муҳоҷирситези Русия:
Сергей Миронов, вакили Дума ва раҳбари фраксияи “Справедливая Россия — За правду” душмани рақами аввали муҳоҷирон дар парлумони Русия аст. Ӯ яке аз ташаббускорони аслии сахттар кардани сиёсати мигратсионӣ буда, зуд-зуд бо пешниҳодҳои радикалӣ ироа мекунад. Барои мисол ӯ борҳо пешниҳод карда, ки мораторияи пурра (манъи пурра) ба воридшавии муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ карда шуда, режими виза бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҳандозӣ шавад.
Яке аз изҳороти дигари маъруфи Миронов, ин аст, ки “Муҳоҷир бояд биёяд, кору худро анҷом диҳад ва биравад. Ҳеҷ гуна оила, зану фарзанд ва нафақаву ёрдампулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби андозсупорандагони Русия набояд бошад”. Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки дар сурати содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби як муҳоҷир, на танҳо худи ӯ, балки тамоми хонаводааш низ аз Русия ихроҷ шаванд.
Сиёсатмадори муҳоҷирситези дигари, раиси Кумитаи тафтишотии ФР Александр Бастрикин аст. Дар тохтан ба муҳоҷирон бисёр фаъол аст ва муҳоҷиронро манбаъи асосии ҷинояткорӣ мехонад. Барои мисол ӯ дар Форуми ҳуқуқии Петербург аз сустии вакилон дар қабули қонунҳои мигратсионӣ интиқод карда, гуфта буд: “Мунтазирем, ки кай ин “Государственная дура” қонунҳои хубро ба тасвиб мерасонад?”.
Бастрикин дар як баромадаш бо сароҳат ва ошкоро хабар дод, ки мақомот беш аз 30 ҳазор собиқ муҳоҷирони соҳиби паспорти Русияшударо шомили баҳисобгирии ҳарбӣ сохта, ҳазорон нафари онҳоро барои кандани окопҳо ва хизмати ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷангӣ фиристодаанд. Ӯ ин усулро “фишка”-е номид, ки муҳоҷиронро ба фирор аз Русия водор мекунад.
Ноиби раиси маҷлиси Русия (Дума) Пётр Толстой ба ин назари нозиёна аст, ки муҳоҷирати оммавӣ ба “ҷаҳони русӣ” ва сохтори фарҳангии кишвар таҳдид мекунад ва даъват мекунад фаъолияти диаспораҳо “ҳамчун сохторҳои мувозеи (параллелии) қудрат” манъ карда шавад. Раиси Дума Вячеслав Володин пофишорӣ дорад, ки қонунгузории мигратсионӣ на танҳо сахт, балки бояд “ба ҳади аксар (максималӣ) сахтгирона” бошад.
Аммо чаро, дар ҳоле, ки Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад ва дар ин байн муҳоҷирони Осиёи Марказӣ (аз ҷумла тоҷикон), забонро то ҷое медонанд, бо фарҳанги русӣ ошно ҳастанд ва даҳҳо сол таҷриба доранд, алайҳашон меситезад?
Ба назар мерасад мақомоти Русия ба хотири ҳадафҳои сиёсиву амниятӣ аз манофеъи иқтисодӣ чашм мепӯшанд. Чун сабабу омилҳое, ки ба андешаи мо Русияро таҳрик ба иқдомҳои зиддимуҳоҷирӣ, аниқтараш зиддимуҳоҷиразосиёимарказӣ менамояд, сиёсӣ ва амниятианд.
Аслитарин сабаб динист. Бо ҷуз се миллион тоҷике, ки ҳоло дар Русия зиндагӣ мекунанд ва ҳади ақал нимашон шаҳравандии ин кишварро доранд, наздики панҷ миллион аз Узбекситону ҳудуди якуним миллион аз Қирғизистон низ ҳузур доранд. Мақомот ва хадамоти амниятии Русия (ФСБ, МВД) ба ин назаранд, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба ҷои “ассимилятсия” (ҳал шудан) дар ҷомеаи русӣ, ба ташкили диаспораҳо ва анклавҳои худӣ шурӯъ карданд. Онҳо хонаводаҳояшонро меоранд, фарзандонашонро ба мактабҳои маҳаллӣ медиҳанд ва маҳаллаҳои алоҳида ташкил мекунанд. Дар чашми сиёсатмадорони Кремл, ин раванд сохтори демографӣ ва диниву фарҳангии кишварро тағйир медиҳад. Дар ҳоле, ки сокинони таҳҷоии мусалмон дар Русия – Қафқоз, Тотористон, Бошқирдистон меафзоянд (бо дарназардошти таваллуди зиёд дар хонаводаҳои мусалмон), бо қабули шаҳрвандони ОМ ба шумори мусалмонон бо суръат сифрщои нав илова мешаванд, дар ҳоле, ки дар муқобил шумори худи русҳо дар ҳоли кам шудан аст. Бо ин суръат, дар чанд даҳсолаи дигар мусалмонон аксариятро ташкил хоҳанд дод. Бо дарназардошти сатҳи баланди бегонаситезӣ дар Русия, ин раванд онҳоро сахт ба даҳшат афкандааст.
Сабаби дигар ин аст, ки назорати заъиф яке аз омилхои аслии қудратгирии диаспораву ҷамоъатҳост. Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бинобар режими бевиза ва таҷрибаи даҳсолаҳо ҷамъкардаашон дар Русия, хеле “озод” шуда буданд — метавонистанд корфарморо аваз кунанд, патент гиранд, ҳуҷҷат созанд ва мустақил кор кунанд. Мақомоти Русия барои пешгирӣ аз авоқиби контролнашаванда мехоҳанд ҳамин “озодӣ”-ро то ҳади имкон кам кунанд. Яке аз сабабҳои интихоби муҳоҷирон аз Ҳинду Шри-Ланка ҳам ҳамин аст, онҳоро бо қоидаҳои ҷояфтода дар кишварҳои арабии Халиҷи Форс бо номи “Кафола” меоранд ва ҷои корашону замону макони будубошашон аз аввал маълум ва таҳти контрол аст.
Яке дигар аз сабабҳо ин истифодаи муҳоҷирони тақрибан бепуштупаноши Осиёи Марказӣ ба ҳайси “аламхоликун” аст. Дар шароити ҷанг, таҳримҳо ва мушкилоти иқтисодӣ, ҳукуматҳо ҳамеша ба душмани дохилӣ ниёз доранд, то диққати ҷомеаро аз мушкилоти аслӣ канор баранд. Ҳамчунин мавзӯъи муҳоҷират барои сиёсатмадороне мисли Миронов ё Бастрикин соддатарин роҳи гирифтани холҳои сиёсӣ (рейтинг) байни аҳолии маҳаллӣ мебошад.
Ҳамчунин мақомоти рус метавонанд ин фишорҳоро барои ҷалби ҳарчи бештари муҳоҷирон ба ҷанги Укроин истифода кунанд. Бо сахттар шудани қонунҳо қисме аз муҳоҷирон назди интихоб қарор мегиранд, ки ё ба ҷанг бираванд ва ё бепулу қарздору бечора ба назди зану фарзанди нимгуруснаашон баргарданд.
Зоҳиран, муҳоҷирон бояд ин умедро, ки рӯзе ҳама чиз ба шакли қаблиаш бармегардад, канор бигзоранд ва барои ояндаи худ талош кунанд. Чи ояндаи боқӣ мондан дар Русия ва чи баргаштан ба ватан ва ё интихоби кишвари дигаре барои кор.
