32.9 C
Dushanbe

Ҷузъиёти ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, рӯзноманигори тоҷик ва маҳбуси сиёсӣ бар асари як ҳамла дар зиндон, ки имрӯз

Бино ба маълумоти ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, Фароғат Сангинова ҳамлагар Турсунов Аслиддин як зиндонӣ, ки бо ҷурми одамкушӣ маҳкум ба зиндон шудааст, дар шуъбаи санитарии зиндон ба Сайфуллозода ҳамла карда бо чойники оҳанин ба сараш зарба мезанад. Дар натиҷа Сайфуллозода аз ноҳияи сараш осеб хӯрда, пирамарди 70-сола дар шӯъбаи беҳдоштии зиндон як ҳафта бистарӣ мегардад.

Гуфтанист, Турсуновро барои 10 рӯз ба шӯъбаи бемории зиндон ҷойгир мекунанд. Ба гуфтаи хонум Сангинова ҳамлагарро ҳадафмандона ба ин шӯъба овардаанд, то ки Сайфуллозодаро латукӯб кунад. Ӯ афзуд, ки ин ҳодиса тарҳрезӣ шуда ва ба қазияи амалиёти маҳви физикии Маҳмадалӣ Ҳаит шабоҳат дорад.

Инчуни дар сӯҳбат бо Аздо тв Сангинова гуфт, ҳамсараш қаблан дар шӯъбаи беҳдоштии зиндон бо сабаби бемории қалбаш бистарӣ буд ва бояд табобат гирифта аз шӯбаи санитарӣ ҷавоб мешуд. Аммо тӯли як ҳафтаи ахир Сайфуллозода бо пайвандонаш тамоси телефонӣ надошт.

Сангинова барои дидани шавҳараш имрӯз ба зиндони Ваҳдат рафта ба шӯъбаи беҳдоштии он роҳ намеёбад. Масъулони зиндон ба ӯ гуфтанд, ки ба шавҳараш ҳеҷ ҳамлае сурат нагирифта ва ӯ сиҳату саломат аст.

“Дар назди бинои зиндон пофишорӣ кардам ва ба зиндонбонҳо гуфтам, то шавҳарамро набинам ба ҳеҷ куҷо намеравам. Баъд аз 20 дақиқа аз рақами муассиса шавҳарам занг заданд ва ҳодисаро аз худашон пурсидам. Ҳоҷӣ ба ман нақл карда гуфт, ҳамлагар одамкуш буда, ними шаб ба ӯ дар “санчаст” ҳуҷум карда бо чойники оҳанин ба сараш мезанад…”, – афзуд Фароғат Сангинова.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Хабарнигорони Бидуни Марз “RSF” бо баёнияе, ки рӯзи 9 сентябр нашр шуд аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, Ҳикматулло Сайфуллозодаро афв кунад. Чунки “Сайфуллозода аз соли 2015 дар зиндон аст ва ҷонаш дар хатар аст.”

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ сардабири ҳафтаномаи Наҷоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз таҳлилгарони шинохтаи кишвар айни замон дар бинои зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иттиҳоми сохтаи мақомот 6 сол пеш боздошт ва барои 16 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.