17.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳрух Саидзода рутбаи полковник тақдим кард

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми сентябр ба иддае аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ мукофоти давлатӣ ва рутбаҳои низомӣ супорид. Дар ин бора Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр хабар дод.

Инчунин дар баробари онҳое, ки соҳиби мукофоту рутба гардиданд, ба сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Шоҳрух Саидзода низ рутбаи полковники милитсия дода шуд.

Дар умум бо фармони Эмомалӣ Раҳмон “ба 13 нафар, аз ҷумла ба 1 нафар рутбаи махсуси генерал-полковники адлия, 1 нафар генерал-лейтенанти гвардия,4 нафар генерал – майор, 1 нафар генерал-майори адлия, 2 нафар рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, 1 нафар генерал-майори милитсия, 3 нафар генерал – майори хадамоти гумрук супорида шуд.”

Супоридани мукофоти давлатӣ дар Тоҷикстон ҳамасола дар остоани ҷашни Истиқлол, ки 9-уми сентябр таҷлил мегардад, доир мешавад. Имсол ба 54 нафар ордену медал ва ифтихорномаҳо дода шудааст. Ҳамчунин Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот, фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро “арзишманд” гуфтааст. Илова бар ин, ӯ афзуда, ки аз 1-уми сентябри имсол маоши кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари низомӣ зиёд мешавад.

Шоҳрух Саидзода, ки 34 сол дорад аз намояндагони “ҷавонони тиллоӣ”, ва фарзандони мансабдорони баландпояи Тоҷикистон Фатоҳ Саид мебошад.Ҳамзамон аз афроди хеле наздик ба Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад.

Шоҳрух Саидзода ва Рустами Эмомалӣ ҳарду дар сину соли хело ҷавон соҳиби рутбаҳои баланди низомӣ шудаанд. Мухолифон дар шабакаҳои иҷтимъӣ пайваста ба он ишора мекнунад, ки ҳарду  ҳатто хидмати ҳарбӣ ҳам накардаанд ва ин мақомҳо аз тарафи падаронашон ба онҳо тӯҳфа шудааст. Шоҳрух Саидзодаро ба далели дӯстиаш бо шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ва наздикиаш ба хонаводаи Президент аз кадрҳои ояндаи ҳукумат ном мебаранд.

Нозирони умур аз ҳоло рақам мезананд, ки дар сурати интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш, Шоҳрух Саидзода метавонад яке аз аъзои калидии командаи Рустами Эмомалӣ шавад ва ҳамингуна Раҳмон барои писараш дар баробари мансаб, тимашро низ омода менамояд. Дар артиши Тоҷикистон аллакай ҳудуди 50 нафар соҳиби унвони генералӣ шудаанд, дар ин бора соли 2019 худи Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш гуфта буд. Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ ҳамагӣ ду генерал дошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Amnesty International аз марги маҳбусон, шиканҷа ва саркӯб дар Тоҷикистон гуфт

Созмони ҳуқуқии Афви байнулмилал ё Amnesty International вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нигаронкунанда номидааст.

Сафари Эмомалӣ ба Қазоқистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 21-уми апрел бо як сафари корӣ вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд.

Думаи давлатӣ: Барои нарафтан ба артиш шаҳрвандӣ бекор карда намешавад!

Думаи давлатии Русия тарҳи қонун дар бораи маҳрум сохтан аз шаҳрвандӣ барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ нисбати хориҷиёне, ки шаҳрвнадии Русияро ба даст овардаанд, бекор карда шуд.

Зиёда аз 3 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина иштирок доранд

Тарҳи украинӣ (Хочу жить) дар гузориши нави худ хабар додааст, ки 3 ҳазору 407 зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд.