7.9 C
Dushanbe

Дар Душанбе “Маркази яхшиносӣ” месозанд

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология масъалаи таъсиси маркази “яхшиносӣ”-ро матраҳ кард.

Мулоқоти Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология хонум Селеста Сауло рӯзи 28-уми май дар Душанбе сурат гирифт.

Тавре Хадамоти матбуоти Дастгоҳи Президент хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо хонум Сауло масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро муҳим донистааст.

Гуфта мешавад, таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дастгирии дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе анҷом хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ дар робита ба ҳифзи пиряхҳо вориди шаҳри Душанбе шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз фардо, 29-уми май то рӯзи 31-уми ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҳузури кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои гуногун баргузор мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

СПАД ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ медиҳад

Рӯзҳои наздик Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон таҷҳизоти нави низомӣ медиҳад.

Боздошти ду нафар бо иттиҳоми фиреби мардум дар либоси пулис

ВКД дар шаҳри Душанбе ду нафарро, ки бо пӯшидани либоси пулис худро ҳамчун кормандони мақомоти бозрасӣ муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандон маблағҳои зиёд мегирифтаанд, боздошт кард.

Ҳамлаҳои хакерӣ ба корбарони Apple ва Google дар Тоҷикистон

Ширкатҳои "Apple" ва "Google" ба корбаронашон дар чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, огоҳинома дар бораи хатари ҳамлаҳои ҳадафмандонаи киберӣ фиристодаанд.

Боздошти чанде аз фарзандони шахсони шинохта аз марказҳои дилхӯшӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чанде аз фарзандони чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон аз марказҳои дилхушии пойтахт боздошт шуданд.