Дар Тоҷикистон дигар барои “лайк” зиндонӣ намекунанд?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунеро имзо кард, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани “писанд”-у “бознашр”-ро бекор мекунад.

Хадамоти матбуотии Президент менависад, ки имрӯз, 14-уми май раисҷумҳур чанд қонуни наверо ба имзо расонид, ки яке аз онҳо дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки муҷозот барои гузоштани аломатҳо дар фазои маҷозиро бекор мекунад.

Имзои иловаҳо ба ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ дар ҳолест, ки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябри соли 2024 зимни чорабиние дар шаҳри Душанбе эътироф карда буд, ки муҷозоти шаҳрвандон ба хотири “лайк” гузоштан зери навору гузоришҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ беасос аст ва аз ин падида интиқод карда буд.

Ба гуфтаи расонаҳо, пас аз интиқодоти Раҳмон вакилони парлумон 10-уми апрел ба Кодекси ҷиноятӣ дар ин бора илова ворид карданд ва сипас 13-уми май қонунҳо аз тарафи Маҷлиси миллӣ пазируфта шуданд. Ҳоло пас аз имзои Эмомалӣ Раҳмон ва эълони он дар матбуоти расмӣ ин моддаҳо ҳукми қонунӣ мегиранд.

То ҳол маълум нест, ки пас аз имзои ин қонунҳо нафарони зиндонишуда ба хотири “лайк”-у бознашр, ки миёни онҳо рӯзноманигору фаъолон ва ҳатто занон ҳастанд ва аксарашон барои гузоштани шарҳу “лайк” дар зери навору навиштаҳои мухолифону расонаҳои дар табъид қарордошта зиндонӣ шудаанд, бегуноҳ дониста мешаванд ё хайр? 

Бори аввл Умед Каримзода, муовини аввали додситони кул эътироф карда буд, ки то ҳол беш аз 1,5 ҳазор нафар бо иттиҳоми гузоштани “лайк” дар зери навору гузоришҳои “мамнуъ” дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доранд.

Бар асоси моддаҳои 179, иловаи 3 ва 307, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ шаҳрвандон то ҳозир барои мондани “лайк” ва дигар амалҳои диҷиталӣ бо иттиҳомоти мухталиф ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд.

Дар гузашта Каримзода ба парлумон тарҳеро пешниҳод карда ва аз вакилон хоста буд, ки ба моддаҳои 179 (терроризм) ва 307 (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳо ворид намоянд ва “ҷавобгарии ҷиноӣ барои гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳо” пурра бардошта шавад.

Бояд гуфт, Тоҷикситон борҳо аз сӯи созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ барои муҷозот намудани шаҳрвандон ба хотири “писандидану ба дигарон фиристодани наворҳо дар интернет” танқид шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.