Дар Ваҳдат чӣ мегузарад?

Сару садоҳо байни сокинони деҳаи Хоҷабойқули шаҳри Ваҳдат дар бораи пайдо шудани ҷин, то ҳол аз ҷониби мақомот тасдиқ ва ё такзиб на шудаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, дар давоми чанд рӯзи ахир мардум дар деҳаи Хоҷабойқули шаҳри Ваҳда дар таҳлука афтода, барои пайдо кардани “ҶИН” гаштҳои шабона ташкил кардаанд.

Дар давоми ин чанд рӯзи ахир чанд навори видеоӣ ҳам дар бораи сокинони ин деҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида аст, ки нигаронии мардумро нишон медиҳанд.

Инчунин дар байни мардум ин овоза ҳам паҳн шуда, ки ин “ҷин” ҳам ба мардумозорӣ машғул ҳасту ҳам бархе маҳсулоти зироатии мардумро заминҳо оташ мезанад. Аммо бо ин вуҷуд, то ҳол мақомоти расмии кишвар ба ин ҳодиса вокуниш накардаанд.

Пеш аз ин дар бархе шабакаҳои интернетӣ навори видеоие ҳам аз боздошти як нафар, ки гӯё мардумро дар шаҳри Ваҳдат метарсондааст, нашр шуда буд. Дар он навор дида мешавад, ки чанд нафар аз сокинон як марди Африқоиро боздошт карда, дар мошин савор карда мебаранд.

Аммо то ҳол ягон ниҳоди давлатӣ боздошти ин ҷавони африқоиро ва иртибод доштан ё иртибот надоштанаш ба ин сару садоҳоро ба сурати расӣ дар шаҳри Ваҳдатро шарҳ надодааст.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест ки чунин овозаҳо дар байни сокинон паҳн мешаванд ва боиси тарсу нигаронии мардум мегарданд.

Пеш аз ин  дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд овозаҳо аз пайдо шудани мардони ниқобпӯш, ки шабона ба хонаи мардум даромада, даст ба куштору дуздӣ мезаданд, низ садо дода буд. Баъдтар, 31-уми июли соли ҷорӣ Абдусалом Тӯхтасунзода, шаҳрдори Конибодом зимни нишасти матбуотӣ овозоҳо дар бораи пайдо шудани як гурӯҳи қотили занҷираиро рад карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.