13.9 C
Dushanbe

Додгоҳе дар Маскав аз боздошти як блогери тоҷик худдорӣ кард

Додгоҳи Симоновскийи Маскав дархости Кумитаи тафтишоти Русияро барои ба ҳабс гирифтани блогери тоҷик Салмон Ҷумъабой (Раҷабзода Салмон Ҷумъабой), ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад, рад кард.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, мурофиа рӯзи 9-уми январ баргузор шуда, додрас Салмонро аз толори додгоҳ озод кардааст. Гуфта мешавад, ин блогер рӯзи 7-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти Русия дар шаҳри Маскав боздошт шуда буд.

Кумитаи тафтишоти Русия нисбати Салмон Ҷумъабой бо иттиҳоми “барангехтани бадбинӣ ва паст задани шаъну шараф” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва бо ин иттиҳомҳо ба блогери тоҷик 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба иддаои ин кумита, Салмон “дар пайи муносибатҳои душманона бо як гурӯҳ аз шаҳрвандони Русия” навореро бо нишонаҳои “таҳқири шаъну шарафи духтарони дорои чеҳраи славянӣ” таҳия карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст.

Инчунин моҳи декабри гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ садое нашр шуд, ки дар он нафаре мегӯяд, ки “ба зудӣ ҳамаи духтарони рус аз мо мешаванд”. Ин навор дар баъзе аз гурӯҳҳои шабакаи Телеграм вокуниши зиёд ба бор овард ва гуфта мешуд, ки ин садо ба Салмон Ҷумъабой тааллуқ дорад. Аммо ин блогери тоҷик мегӯяд, ки садо ба ӯ тааллуқ надорад ва дар давоми кори худ ба касе бадӣ ё ба барангехтани бадбинии миллӣ даъват накардааст.

Ин блогери тоҷик дар ҳоле аз ҷониби Кумитаи тафтишот боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд, ки чанде пеш раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин, дастур дода буд, ки наворҳои “таҳқиромез ва бадномкунанда”-ро дар бораи духтарони рус бисанҷанд ва омилони онро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ин бори аввал нест, ки блогерони зодаи Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Пештар аз ин моҳи октябри соли 2021 додгоҳе дар Русия, блогери дигари тоҷик Руслан Бобиев (Талабҷон Муродҷонзода) барои аксҳои ҷанҷолӣ дар назди калисои Василийи Муқаддас дар Маскав 10 моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд.

Инчунин дар моҳи феврали соли 2020 мақомоти Русия Кароматулло Ҷабборовро барои “пранк” ё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав боздошт ва ба ду солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.