Собиқ муовини Ашраф Ғанӣ аз таъсиси ҳизби нав хабар дод

Сарвари Дониш, собиқ муовини дувуми расиҷумҳури Афғонистон дар замони Ашраф Ғанӣ аз таъсиси ҳизби наве бо номи “Ҳизби адолат ва озодии Афғонистон” хабар дод.

Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, айни замон Сарвари Дониш дар хориҷ аз Афғонистон қарор дошта, паноҳандагии кишвари Зеландияи Навро ба даст овардааст ва инак дар онҷо як ҳизби сиёсии ҷадидеро, ки ҳадафаш мубориза бо Тлибон гуфта мешавад, таъсис додааст.

Рӯзи душанбе ин ҳизб бо нашри эъломияе сабаби пайдоиши гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро мудохилаи кишварҳои дуру наздик хонда, ин ҳама мушкилоти мавҷудро натиҷаи “ҳокимияти номашруи гурӯҳи ифротӣ ва инҳисорталаби Толибон” донистааст.

Ин ҳизб иддао карда, ки “ҷунбиши исломгарои муътадил” аст ва ҳалли мушкилоти мавҷударо на бо ҷанг, балки бо гуфтугӯ бо Толибон ва аз роҳи музокирот мебинад.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои дигари мухолифи Толибон, ки пас аз суқути ҳукумати қаблии ин кишвар ба вуҷуд омаданд, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, роҳи ҳаллро танҳо бо силоҳ ва ҷанг бо Толибон медонанд.

Пас аз ба сари қудрат омадани Толбион дар Афғонистон аксари чеҳраҳои сиёсӣ ва намояндагони мардумӣ ба хориҷи кишварашон фирор карданд. Ва бештари онҳо бо расонаҳои афғонистонӣ дар бораи идомаи мубориза бо Толибон ҳарф мезаданд.

Дар ҳамин ҳол ин чеҳраҳои сиёсии собиқи Афғонистон аз таъсиси ҳизбу ҳаракатҳое дар хориҷ аз Афғонистон хабар медиҳанд. Аз ҷумла, чанде пеш “Ҳаракати миллии сулҳ ва адолат” бо раҳбарии Муҳаммадҳанифи Атмар, собиқ вазири корҳои хориҷаи Афғонистон таъсис ёфт. Ва пеш аз ин “Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон” бо иштироки чеҳраҳои сиёсӣ ва шинохтаи ин кишвар низ аз мавҷудити худ хабар дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...