22.9 C
Dushanbe

Ду созмони ҷаҳонӣ аз мақомоти тоҷик озодии Бузургмеҳр Ёровро талаб карданд

Ду созмони ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёровро фавран озод кунанд.

Иттиҳоди ҷаҳонии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (CIVICUS) ва Шарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) дар изҳороти якҷояе аз ҳаштумин солгарди боздошти Бузургмеҳр Ёров ёдовар шуда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ҳама иттиҳомот нисбати ин маҳбуси сиёсиро бекор ва ӯро озод кунанд. 

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 27-уми сентябр нашр шудааст, директори IPHR Бриҷит Дюфур боздошти Бузургмеҳр Ёровро худсарона номида, гуфтааст, ки ин адвокати шинохта ба хотири ҳимоят аз мухолифони сиёсии Тоҷикистон муҷозот шуд.  

Дар идома Бриҷит Дюфур аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба қазияи Бузургмеҳр Ёров таваҷҷуҳи ҷиддӣ намуда, озодии фарии ӯро аз мақомот талаб кунанд. 

Гуфта мешавад, маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров соли 2015 замоне боздошт шуд, ки вакили мудофеи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. 

Мақомот баъд аз боздошт ӯро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла таҳқири мансабдорони давлатӣ, беэҳтиромӣ ба додгоҳ, тавҳин ба президенту қаллобӣ ва дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. 

Баъдан тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи афв” соли 2019 шаш сол ва соли 2021 чор сол аз муҳлати иҷрои ҷазои ӯ дар зиндон кам гардида буд ва дар умум дар ин марҳила 10 сол аз иҷрои ҷазои ӯ кам карда шуд.

Вале дар моҳи июли соли ҷорӣ дар як мурофиаи дигар, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуд, ба ҳукми ӯ боз даҳ соли дигар бо иттиҳоми сохтаи қаллобӣ изофа карда шуд.

Дэвид Код, намояндаи CIVICUS мегӯяд, ки ҳукмҳои ӯ таҳқир ба адолат аст ва бояд фавран қатъ карда шаванд. Ҷаноби Код дар идома таъкид мекунад, ки ҳашт соли зиндон хеле тӯлонӣ буда, набояд иҷозат дод, ки Ёров аз ин вақти бештарро дар зиндон гузаронад. 

Гуфта мешавад, Бузургмеҳр Ёрови 52-сола дар маҳбас борҳо мавриди фишор ва шиканҷа қарор гирифтааст.   

Соли 2019 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баъд аз баррасии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва дигар раҳбарони ҲНИТ, боздошти ӯро худсарона эълом карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки бидуни қайду шарт фавран ӯро  озод кунад, вале то имрӯз ҳукумати Эмомали Раҳмон ҳеч дархости ин кумитаи СММ-ро иҷро накарда ва ба таъаҳудоти байналмиллалии худ пойбанд набудааст.

CIVICUS ва IPHR Бузургмеҳр Ёровро ба маъракаи “Шоҳиди ман бош” шомил кардаанд, ки барои озодии фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон талош мекунад.

Коршиносони ин созмонҳо боздошт ва ҳабси Бузургмеҳ Ёровро бахше аз саркӯб дар Тоҷикистон номида мегӯянд, ки дар ин кишвар ҳама кӯшишҳои тазоҳуроти осоишта ба таври бераҳмона саркӯб мешаванд, намояндагони мухолифони сиёсӣ нопадиду зиндонӣ мешаванд, вебсайтҳои расонаҳои мустақил баста мешаванд, ҳомиёни ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, блогерҳо ва рӯзноманигорон таъқиб мешаванд. 

Бино ба гузориши нави солонаи CIVICUS Monitor, ки вазъи озодиҳои ҷомеъаи шаҳрвандиро дар саросари ҷаҳон арзёбӣ мекунад, Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои “пӯшида” ҷойгир карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия "рейд"-и муҳоҷирон бо номи амалиёти "Нелегал" оғоз ёфтааст.

Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегирад. Ҷанг ба куҷо мекашонад?

Бо оғози шашумин рӯзи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Эрон раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Хоманаӣ бо нашри паёме гуфт, ба Исроил "посухи қавӣ" хоҳад дод.

Мақомот нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуҳ сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳомҳои ифротгароӣ равонаи зиндон кард.