33.9 C
Dushanbe

Ҳалокати ду бародар дар як садамаи нақлиётӣ

Шаби 26 сентябр, тахминан соати 22:45 дар километри 550-уми шоҳроҳи федералии М-5 «Урал» дар наздикии шаҳри Нижний Ломов, воқеъ дар 110-километрии шимолуғарби шаҳри Пенза, рӯзи 26 тсентябрн ду мошини сабукрави «Lada Priora» ва «Ford Focus» бо ҳам бархӯрдаанд, ки дар натиҷа ронандаи 46-солаи «Лада» ва мусофири 38-солаи вай дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Сомонаи “Ахбор” хабар додааст, нафарони дар ин садама ба ҳалокат расида шаҳрвандони Ҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Исфара бародарон  Бахтиёр ва Зафар Қурбоновҳо будаанд.

ГИБДД вилояти Пенза хабар додааст, ки ронандаи «Форд» ҷароҳати сабук бардошта, баъди расондани ёрии аввалияи тиббӣ ба хонааш рафтааст.

Сабабҳои садама то ҳол маълу нест, тафтишот дар ин самт идома дорад, гуфтааст, ГИБДД вилояти Пенза.

Ҳамасола дар Русия бар асари садамҳо садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон медиҳанд. Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ зиёда аз якуним миллион шаҳрвандони Тоҷикстон дар Русия кору фаъолият мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.