Коҳиши наздик ба 20% хонасозӣ дар Тоҷикистон

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон наздик ба 20% коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 29-уми июли соли 2024, Кумитаи меъморӣ ва сохтони Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ эълон кард, ки сохтони хонаҳои истиқоматӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 фоиз камтар шудааст.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфтааст, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар “ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст.”

Ҳамзамон Низом Мирзозода, гуфтааст, ки дар ин давраи ҳисоботӣ “инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 9,5 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,7 фоизро ташкил намуд”.

Бархе коршонисон таъкид мекунанд, ки вақте Кумитаи меъморӣ ва сохтон мегӯяд, ки наздик ба 20 фоиз ҳаҷми кори сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар ин нимсола дар Тоҷикистон камтар шудааст, афзоиши 115,7 дарсадии “сармоягузорӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳо” далел боло рафтани нархи кор ва маҳсулоти сохтмонӣ дар киршвар арзёбӣ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.

Украина мегӯяд: 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ барои Русия меҷанганд

Украина беш аз 20 ҳазор ҷангҷӯи ҷалбшуда ба артиши Русия аз кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардааст. Мақомоти Осиёи Марказӣ бошанд, мавқеи ягона надоранд.

Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.