24.9 C
Dushanbe

Лаҳистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ифротгароӣ ихроҷ кард

Акс аз: regiony.tvp.pl


Се нафар аз шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми он ки эҳтимол дорад дар қаламрави Лаҳистон (Полша) амалиёти террористӣ анҷом диҳанд, аз Лаҳистон ихроҷ кардаанд. Дар ин бора вебгоҳи телевизиони расмии Лаҳистон “tvp.info” бино ба хулосаи тафтишоти Хадамоти амнияти дохилии ин кишвар хабар додааст.

Хадамоти амнияти дохилӣ дар Лаҳистон изҳор медорад, ки ин афрод бо созмони ба ном “Давлати исломӣ” робита доштаанд ва мебоист шаҳрвандони Лаҳистон ва Украинаро барои амалисозии ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар ташвиқ бикунанд. Гуфта мешавад, ин ниҳоди амниятӣ моҳҳо аз болои ин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон кор мебурданд. Дар аввали моҳи майи соли равон чаҳор нафари онҳо аз сӯи нерӯҳои марзбонӣ ва Хадамоти амнияти дохилӣ боздошт шуданд.

Як нафари онҳо, ки узви панҷуми ин гурӯҳ гӯфта мешавад, охири моҳи июн дар натиҷаи ҳамкории байналмилалии Хадамоти зиддитеррористӣ боздошт шуд. Ӯ моҳи декабри соли 2019 аз Лаҳистон фирор карда будааст.
Хадамоти амнияти дохилӣ муайян кард, ки вай барои иштирок дар ҷангҳои низомӣ ба Сурия сафар карданист ва бо як узви ташкилоти террористии марбут ба “Ал-Қоида” тамос гирифтааст.

Тибқи бозёфтҳои муфаттишон, ин гурӯҳ, навмусалмононро барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Лаҳистон ташвиқ мекардаанд. Дар моҳи декабри соли 2019 манзили иҷоравии сардори ин гӯруҳро кофтукоб карданд.
Хадамоти амнияти дохилӣ мегӯяд, онҳо робитаи ин гурӯҳи тоҷиконро  бо созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” исбот кардаанд. Ҳамзон ҳайати гурӯҳ ва аҳдофу фаъолияти онҳоро низ муъаян кардаанд.
Дар аввали моҳи апрели соли равон роҳбари Хадамоти амнияти дохилӣ аз вазири корҳои дохилии Лаҳистон дархост карда буд, ки ин панҷ тоҷикро ба ватани худ баргардонанд ва вуруди дубораи онҳоро ба қаламрави кишвари Лаҳистон ва дигар давлатҳои узви Шенген мамнӯъ кунанд. Пас аз як моҳ чунин қарор содир шуд, ки эътибори он ба муҳлати 5 сол будааст.

Се нафари онҳо дар авоили моҳи сентябр ба “рӯйхати шахсони номатлуб дар қаламрави Ҷумҳурии Лаҳистон” ворид карда шуда, ба кишвари аслашон ихроҷ шудаанд. Дар робита ба ду шаҳрванди боқимондаи ин гурӯҳ аз Тоҷикистон, иҷрои қарори ихроҷ бинобар шикояти ҳомиёни ҳуқуқии онҳо ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар қатъ карда шудааст. Дар ҳамин ҳол вебгоҳи “wiadomosci.onet.pl” менависад, ки Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба иттиҳоми тамоюл ба фаъолияти созмони ба истилоҳ “Давлати исломӣ” гумонбар дониста мешавад, манъ кардааст.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикстон моҳи май аз ҷониби Хадамоти амнияти дохилӣ боздошт ва дар Маркази боздоштгоҳи хориҷиён нигоҳ дошта мешавад. Тибқи иттилои ин расона, ин шаҳрванди Тоҷикистон наметавонад дар сурати бозгашт ба кишвараш ба мурофиаи одилона умед бандад. Гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки афроди гумонбар ба фаъолияти экстремистӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон зери хатари шиканҷа ва ҳатто қатл қарор мегиранд. Қонунҳои байналмилалӣ ихроҷи ҳар шахсро – новобаста аз хусусияти ҷинояти даст задаасш, ба кишваре, ки дар онҷо имкони шиканҷа шудан бошад, манъ мекунад.

Мавгожата Явинска (Małgorzata Jawwíńska), узви Раёсати (Stowarzyszenia Interwencji Prawnej) (Анҷумани мудохилоти ҳуқуқӣ) мегӯяд, бар зидди шаҳрванди хориҷие, ки зери ҳимояти онҳо қарор дорад, ягон айбнома эълон нашудааст. Ғайр аз ин, тамоми асноди аслии парванда махфӣ буданд. Бинобар ин, ӯ имкони дифои муассирро надошт. Мавгожата бар ин бовар аст, ки Лаҳситон мехост бо чунин шакл аз шаҳрванди хориҷии “нохушоянд” бо роҳи ихроҷ карданаш халос бишавад. Ба ин тартиб, қавонини байнамилалӣ нақз шудааст. Агар далелҳои воқеӣ исбот кунад, ки ӯ фаъолияти террористӣ доштааст, пас зерҳимояи мо бояд ҳаққи додрасии одиланро дар Лаҳистон дошта бошад. Ҳеҷ як аз мақомот баррасӣ накард, ки оё дар сурати ихроҷи ин шаҳрванди хориҷӣ, ӯ ба хатари шиканҷа дучор мешавад ё на. Дар ҳамин ҳол Мавгожата Явинска ба Суди Страсбург муроҷиат карда, ки аз чораи муваққатӣ, ки ихроҷи хориҷиёнро дар ҳолатҳои асоснок монеъ мешавад, кор бигирад.
Ҳукумати Лаҳистон вазифадор аст, ки ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупоро иҷро кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.