9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 128

Бозии тимҳои футболи “Истиқлол” ва “Сипоҳон” зери мушакҳои Эрон ба Исроил

0

Наворҳое дар интернет мунташир шудаанд, ки нишон медиҳад, шуморе аз мушакҳои партобшудаи Эрон ба сӯи Исроил аз осмони варзишгоҳи Фулодшаҳр ҳангоми бозии тими “Сипоҳон”-и Эрон ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон дида шудаанд.

Бозии тимҳои “Сипоҳон”-и Эрон ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон шоми рӯзи сешанбе, 2-уми октябр дар шаҳри Исфаҳони Эрон баргузор гардид. Ва дастаи “Истиқлол” чаҳор бар сифр бозиро ба тими “Сипоҳон” бохт.

Ин бозии дувуми “Истиқлол” дар доираи Лигаи дувуми қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё 2024/2025 мебошад. Дастаи “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи “C” дар майдони худ аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.

Ҳамлаҳои низомии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ алайҳи Исроил аз шаҳрҳои мухталифи Эрон дар ҳоле сурат гирифт, ки тими “Маҳан Баган”-и Ҳиндустон ба далели ноамнӣ ва эҳтимоли ҷанг дар чаҳорчӯби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз сафар ба шаҳри Табрези Эрон барои бозӣ бо “Трактор” худдорӣ кард.

Агар бозии “Трактор” ва “Маҳан Баган” дар Табрез баргузор мешуд, ин ҳамзамон бо оғози ҳамлаҳои мушакии Сипоҳи посдорони инқилоб алайҳи Исроил рост меомад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар

0

Имрӯз, 2юми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари озими давлати Қатар шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президент хабар дод.

Дафтари матбуоти Дастгоҳи раёсатҷумҳӣ мегӯяд, дар Фурӯдгоҳи Давҳа аз Эмомлаӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш Вазири давлати Қатар дар умури хориҷӣ Султон ал-Мурайхӣ ва сафири Тоҷикистон дар Қатар Нурмурод Муродалӣ пешвоз гирифтанд.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи ҳадафи ин сафар чизе нагуфтаанд, аммо расонаҳои қатарӣ мегӯянд, ҳадаф аз сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар даври сеюми нишасти Созмони гуфтугӯи ҳамкориҳои осиёӣ, ки дар Қатар баргузор мешавад, мебошад.

Созмони мазкур соли 2002 бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Қитъаи Осиё таъсис ёфтааст. Соли 2013 як нишасти ин созмон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд.

 

CPJ: Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои минтақа хеле бад аст

0

Дар ҳошияи нишасти солонаи ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варшава қазияи рӯзноманигорони зиндонии тоҷик баҳсу баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст, намонядагони кишварҳои узви САҲА, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ва мухолифини табъидии Тоҷикистон ширкат карданд.

Гулноза Саид, намояндаи Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ), Муҳаммадҷон Кабиров, сардабири Azda TV, Фарҳод Одинаев ҳомии ҳуқуқи башар ва фаъоли маданӣ, Шавкати Муҳаммад сардабири Payom TV, ва Фирӯзи Ҳаит, рӯзноманигори Azda TV дар ин нишаст суҳбат карданд.

Гулноза Саид дар суҳбаташ гуфт, ки вазъи озодии баён дар давоми 3-4 соли охир дар Тоҷикистон нисбати ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бадтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар зиндонӣ кардани рӯзноманигорон дар байни ин кишварҳо дар ҷои якум меистад.

Хонум Гулноза афзуд, ки ҳоло 8 рӯзноманигори тоҷик аз 8 то 20 солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Ва дар раванди боздошти онҳо қонунҳо поймол гашта, мурофиаи додгоҳии онҳо пушти дарҳои баста баргузор гашт ва ҳеҷ маълумоте аз ҳукми ниҳоии онҳо нашр нашудааст.

“Мо қазияи Улфатхоним Маҳмадшоеваро баррасӣ кардем, ӯ 60-сола аст, вазъи саломатияш бад аст ва ҳеҷ маълумоте аз ҳукми додгоҳ ва иттиҳомоти алайҳи ӯ ва шароиташ дар дохилии зиндон пайдо накардем.”, мегӯяд Гулноза Саид.

Ин намояндаи CPJ дар канори Улфатхоним Мамадшоева аз чанд рӯзноманигори зиндонии дигар, аз ҷумла Хушрӯз Ҷумаев, Абдулло Ғурбатӣ, Далер Эмоалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов ва Аҳмад Иброҳим ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти дарёфтӣ, онҳо дар зиндон шиканҷа шудаанд ва дар ниҳоят гирифтори бемориҳо шуш, Ковид19 ва фишори хун шудаанд.

Ӯ таъкид кард, ки ҳоло Улфатхоним аз бемории фишори хун ранҷ мебарад ва “бо фарорасии фасли зимистон ва шароити бади зиндонҳои Тоҷикистон мо нигарони саломатии ӯ ва дигар ҳамкасбони зиндонии ӯ ҳастем.”

Ҳамчунин дар ин нишаст, Муҳамадҷон Кабиров, сардабири Azda TV дар бораи вазъи расонаҳо ва рӯзноманигорони табъидӣ суҳбат кард. Ӯ гуфт, ки мақмомоти Тоҷикистон барои фишор болои рӯзноманигорони табъидӣ пайвандони онҳоро дар Тоҷикистон пайваста мавриди озору шиканҷа қарор медиҳанд.

“Мақомоти Тоҷикистон ҳатто пайвандони рӯзноманигорони табъидиро зиндонӣ мекунанд, моликият ва дорои онҳоро мусодира ва аз тариқи Интерпол ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар пайгард қарор медиҳанд.”, мегӯяд сардабири Azda Tv.

Кабиров дар поёни суханронияш аз кишварҳои Ғарбӣ даъват кард, ки алайҳи мақомоти кишварҳое, ки дар саркӯби рӯзноманигорон даст доранд, таҳрим ҷорӣ кунанд.

Оё Исроил ба ҳамлаҳои Эрон посух медиҳад?

0

Шаби 1-ум ба 2-юми октябр Ҷумҳурии исломии Эрон бо 250 мушаки баллистикӣ ба чанде аз пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохторҳои Исроил ҳамла кард.

Мақомоти Эрон мегӯянд, қисмати зиёде аз ин мушакҳо ба ҳадаф расидаанд, аммо мақомоти Исроил ва Амрико мегӯянд, адади зиёди ин мушакҳо тавассути падофандҳои исроилӣ ва амрикоӣ дар осмон мунҳадим шуданд. Аммо гуфта намешавад, ки нерӯҳои низомии Амрико дар минтақа ва худи Исроил дақиқан аз 250 мушак чандтояшро тавонистанд роҳгирӣ кунанд.

То ҳол мақомоти Исроил аз талафот ва зарарҳои инсонӣ ва ғайриинсонӣ бар асари ин ҳамлаҳоро гузориш надодаанд.

Мақомоти Исроил пас аз ин ҳамла гуфтанд, ки ҳатман ба Эрон посух хоҳанд дод, аммо Эрон ба Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дод, ки дар ҳоли посухи Исроил ба ин ҳамалот, ба ҳамлаи сахттар ва васеътаре мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Иёлоти Муттаҳида Амрико қаблан нигаронии худро дар бораи ҳамлаи Эрон ба Исроил баён карда буд ва субҳи рӯзи сешанбе Кохи Сафед бо пахши изҳороте аз оғози қарибулвуқуи ин ҳамла хабар дод, аммо худи ҳамон рӯз сурат гирифтани ҳамла хелеҳоро ғофилгир кард.

Ба назари коршиносон, Амрико ба Эрон ҳушдор дода буд, ки агар ҳамла ба Исроил сурат бигирад, барои Эрон паёмадҳои сангине хоҳад дошт.

Бори аввал моҳи апрели соли ҷорӣ Эрон ҳамлаи мушакии худро ба Исроил анҷом дода буд. Гуфта мешуд, он замон партоби мушакҳо дар пайи ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия ва кушта шудани чанде аз мақомҳои эронӣ сурат гирифт. Аммо ин бор, Эрон ҳадафи ҳамларо интиқом аз қатли Исмоил Ҳаниа, раҳбари сиёсии ҲАМОС ва инчунин террори раҳбари “Ҳизбуллоҳ” Ҳасан Насуруллоҳ анҷом дод.

Ва то ҳол маълум нест кишварҳои минтақа, аз ҷумла Урдун, Арабистони Саудӣ ва дигарон дар ин ҳамла чӣ мавқеъе доштанд. Оё онҳо низ Исроилу Амрикоро дар раҳгирии мушакҳо кумак кардаанд ё на, ҳанӯз чизе гуфта намешудааст. Дар ҳоле, ки ин кишварҳо дар ҳамлаи моҳи апрели Эрон ба Исроил дар раҳгирии мушакҳо фаъол буданд.

Ҳамзамон бо ҳамлаҳои мушакаии Эрон ба Исроил дар шаҳри Ёфои Исроил ду фаластинӣ тирандозӣ карданд, ки дар натиҷа 8 нафар кушта ва наздики 20 нафари дигар захмӣ шуданд. Гуфта мешавад, ҳамла дар истгоҳи метро сурат гирифтааст. Пулиси ин шаҳр ҳамларо “ҳамлаи террористӣ” эълон кард.

Ташдид танишҳо дар минтақа пас аз ҳамлаи ҲАМОС дар 7-уми октябри соли 2023 ба заминҳои ишғолшудаи Фаластин аз ҷониби Исроил афзоиш ёфт. Исроил пас аз як соли ҳамлаи ҳавоӣ ва заминӣ бар болои мардуми Ғазза акнун бо “Ҳизбуллоҳ” вориди ҷанг шудааст. Аммо коршиносон аз шуруи як ҷанги шомил дар Ховари Миёна ҳушдор медиҳанд.

Хабарҳои зидду нақиз дар бораи оғози ҳамлаҳои заминии Исроил ба Лубнон

0

Мақомоти исроилӣ гуфтанд, ки нерӯҳои артиши ин кишвар барои анҷоми як амалиёти маҳдуд вориди хоки Лубнон шудаанд, аммо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ин иддаоро рад мекунад.

Мақомоти исроилӣ имрӯз, 1-уми октябр ба расонаҳо гуфтаанд, ки нерӯҳои артиши ин кишвар “амалиёти маҳдуд ва ҳадафманд”-еро дар ҷануби Лубнон оғоз кардаанд.

Аммо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, ки аз 8-уми октябри соли 2023 то кунун дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Ғазза ва Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ҳамалоти худро оғоз карда буд, мегӯяд, ҳеч як аз нерӯҳои артиши Исроил вориди хоки Лубнон нашудааст.

Артиши Исроил, ки тайи чанд рӯзи ахир ҳамалоти сангини худро алайҳи Лубнон оғоз кардааст, даъво дорад, ки бо террор кардани аксари раҳбарони гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” зерсохторҳои онро ҳам тахриб ва тазъиф кардааст.

Аммо ҳамалоти сангин ва мушакии имрӯз “Ҳизбуллоҳ” алайҳи Исроил нишон дод, ки бо вуҷуди ин ҳама террорҳо ҳамоно хеле аз зерсохторҳои ин гурӯҳ побарҷо буда, тавони онро дорад, ки дар майдони набардҳо ҳарфи худашро бигӯяд.

Аз сӯи дигар, Нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар ҷануби Лубнон, дар марзҳои ин кишвар бо Исроил қарор доранд, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки “ҳар гуна убур аз марзи Лубнон нақзи ҳокимият ва тамомияти арзии ин кишвар ва нақзи Қатъномаи 1701 -и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид мебошад”.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пас аз даргириҳои 33-рӯза байни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” дар соли 2006 хостори ақабнишии комили Исроил аз ҷануби Лубнон шуда буд.

Гуфта мешавад, ихтилофоти Исроил бо ҳамсояҳояш даҳсолаҳо инҷониб идома дорад. Исроил минтақаҳое аз Фаластин, Лубнон, Сурияро ғасб карда, шаҳраксозиҳои худро идома додааст. Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бо қабули Қатъномае аз Исроил хоста буд, ки дар муддати 12 моҳ тамоми сарзаминҳои ғасбкардаашро дар Фаластин баргардонад.

Истеъфои додрасе дар Хатлон

0

Эргаш Хидирзода, яке аз додрасҳои Додгоҳи вилояти Хатлон аз мақоми худ истеъфо додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 1-уми октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон истеъфои Хидирзода Батир Эргаш, додраси вилояти Хатлонро имзо кардааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, “Хидирзода Батир Эргаш бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.”

Пеш аз ин Хидирзода Батир Эргаш дар мақомои раиси Додгоҳи ноҳияи Лахш адои вазифа мекард ва 7-уми феврали соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон аз ин вазифа озод ва сипас худи ҳамон рӯз ҳамчун додрас дар Додгоҳи вилояти Хатлон таъйин шуда буд.

Гуфта мешавад, фарҳанги истеъфо дар байни мансабдорони Тоҷикистон қариб, ки ба фаромӯшӣ супурда шудааст. Барои мисол, худи Эмомалӣ Раҳмони 72-сола зиёда аз 30 сол мешавад, ки ҳамчун президент амал мекунад ва бо вуҷуди интиқодҳои зиёд, фишорҳои зиёди саломатии ҷисмонӣ ва нотавониҳои дигар аз қудрат канор рафтан намехоҳад.

Гиря ва шикояти як ҷонибдори ҳукумат аз мақомодорони тоҷик

0

Идибег Мардон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Идибег Бохтарӣ” машҳур аст, дар наворе бо ашки резон аз мақомдорони Тоҷикистон шикоят кард.

Ин блогер, ки гуфта мешавад, наворро пас аз баромаданаш аз кишвар нашр кардааст, дъво дорад, ки мақомдорон мехостаанд “миёни ӯро бишикананд”. Навори ин блогер дирӯз дар шабакаи “Ютюб” нашр шуд ва то ҳол бештар аз 130 ҳазор нафар ӯро дидааст.

Идибек дар ин навор мегӯяд, ба хотири он ки дар Тоҷикистон “мақомдорони миёншикан” зиёд шудаанд ва амнияташ дар хатар афтодааст, Тоҷикистонро тарк мекунад. Ӯ аз раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Абдулмаҷид Муминзода ном бурда, иддао мекунад, ки маҳз фишорҳои ӯ ҳамроҳи раиси видояти Хатлон маҷбураш сохта, ки тарки Ватан кунад.

Ин блогери тоҷик замони дар Русия буданаш дар сабтҳояш бо риши дароз зоҳир мешуд ва бо наворҳои интиқодӣ аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шуҳрат пайдо карда буд. Бохтарӣ пештар дар Русия кору фаълият мекард ва чанде пеш аз баргаштанаш ба Тоҷикистон хабар дод. Аммо дар ин навори охир дида мешавад, ки ришашро хеле кӯтоҳ кардааст.

Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои ҳуқуқи башар ва мухолифон барои монеъ шудан ба гузоштани риши мардон ва хоссатан диндорон борҳо интиқод шудааст. Чизе, ки ин блогери таблиғгари ҳукумат онро пайваста рад мекард. Аммо ин бор зоҳиран риши худашро кӯтоҳ карданд.

Идибег даъво дорад, ки 70-80 дарсади ҷавоное, ки маҷбур ба тарки Ватан мешаванд ва ба мухолифон мепайванданд, сабабаш муомилаи бади ин гуна маснабдорон мебошад. Ӯ бо гиря мегӯяд, ки ба хотири таҳдиди амнияташ тарки Тоҷикистон мекунад. Вале ӯ аз Раҳмон тамҷид мекунад ва ба қавли худаш, “ин кори зердастон аст”, ки раисҷумҳур аз он хабаре надорад. 

Маълум нест, ки чаро якбора мақомот алйҳи ӯ чора андешидааст, дар ҳоле, ки худаш даъво дорад, ки бо мақомдорон ҳамшин будаву бо чанде аз мансабдорон шиносоӣ пайдо карда аст. Ва дар наворҳои собиқаш низ пайваста аз ҳукумат ва аз шахси Раҳмон дифоъ мекард.

Моҳе пеш ин блогери тоҷик дар наворе аз шаҳрдори шаҳри Бохтар ба хотири дар ҳолати бад нигоҳ доштани шаҳр интиқод кард. Дар навор ӯ кӯли оберо нишон дод, ки дохилаш партоби зиёд буд ва аз бӯи ғализи он шикоят мекард. Ин кӯли пур аз партоб миёни хонаҳои истиқоматӣ ҷой гирифта ва онҷо садҳо одамон зиндагонӣ мекунанд. Ба иддаои Идибек, барои бартараф кардани ин мушкилӣ аз сӯи ҳукумат пул ҷудо шуд, аммо боз 70 ҳазор сомонии ин маблағи ҷудошударо масъулон дуздиданд. Чизе, ки дар Тоҷикисон ҳоло маъмул аст ва аксари иншооту корҳои ободонӣ маҷбуран аз тарафи соҳибкорон анҷом дода мешаванд ва роҳбарон ҳангоми ифтитоҳ иштирок кардаву аз ободонии ҳукумат лоф мезананд. 

Ин блогер дар навораш таҳдид ҳам мекунад, ки маълумоти зиёде дар бораи фасоди раиси шаҳри Бохтар дорад ва дар ҳолати зарурӣ ҳамаро нашр хоҳад кард. 

Ин навор аз субҳи ирмӯз байни корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷик ба таври васеъ бозтоб ёфт ва бисёриҳо дар шарҳи навор блогерро ба дурӯягиву дуруғгӯӣ муттаҳам карданд. Ба қавли шарҳнависон, мушкилоте, ки ҳоло ӯ мегӯяд, ҳамеша дар кишвар вуҷуд дошт, танҳо ӯ ин мушкилотро пас аз оне, ки худаш гирифтор шуд, қабул кард.

Боздошти собиқ роҳбари Дастгоҳи шаҳри Истиқлол

0

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки собиқ роҳбари Дастгоҳи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 30-уми сентябри соли ҷорӣ аз боздошти ӯ хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, “Носиров Ф.С. вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд буда, аз 20 июли августи соли 2022 то 01 июли соли 2024 дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истиқлол кор кардааст.”

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон собиқ роҳбари Дастгоҳи шаҳри Истиқлолро ба қаллабӣ “ба миқдори махсусан калон” муттаҳам дониста, таъкид карда, ки вай “дар давраи фаъолияти кориаш новобаста аз он ки қаблан ду маротиба суд шуда буд”, барои харидани манзили истиқоматӣ аз хонаҳои давлатӣ дар шаҳри Истиқлол аз шаҳрванд Носиров Ф.С. дар давоми ду сол 45 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ин ниҳоди давлатӣ дар хабарномааш меафзояд, ки “Носиров Ф.С. бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш дар ду ҳолат аз шаҳрванд У.А.Г. тавассути ҳамсараш Ю.М.Р. маблағи 45000 сомониро гирифта, онро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф карда, ба фоидаи онҳо ягон амалро иҷро накард”.

Дар матни хабари Агентии зидди фасоди кишвар назари Носиров, вакил ва ё наздикону пайвандонаш зикр нашудааст. Azda Tv ҳам то замони таҳияи ин матлаб натавонист назари онҳоро дарёфт кунад. Дар ҳолати дастрас шудани назари муттаҳам ва наздиконаш, он нашр хоҳад шуд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, пас аз боздошт бар зидди собиқ роҳбари Дастгоҳи шаҳри Истиқлол бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, аллакай таҳқиқи пешакии он ба поён расид ва ҳоло барои айбдоркунӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Моддаи мазкур барои шахси гунаҳкор ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.

Барои шиканҷаи Далери 5-сола падархондашро зиндонӣ карданд

0

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Екатеринбурги Русия Александр Наумовро барои шиканҷаи Далер Бобиеви 5-сола ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Наумов дар додгоҳ иттиҳоми эълоншударо эътироф накарда, иддао кардааст, ки то моҳи июни 2023 дар ҷанги зидди Украина қарор дошт. Аммо ба гуфтаи шоҳидон, ӯ зимистони соли гузашта ба таътил омада буд ва аз нопадид шудани кӯдак низ хабар доштааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки ӯ ин кӯдаки панҷсолаи тоҷикро борҳо бо “скотч” ба курсӣ баста, муддатҳо ғизо надодааст ва шиканҷаи бераҳмона боиси чанд маротиба фирор кардани кӯдак аз хона гаштааст.

Дар баробари панҷ соли зиндон додрас Наумовро аз рутбаи ҳарбӣ маҳрум карда, додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷмӣ 5 миллион долларро ба падари биологии Далер рад кардааст.

Жанна Калегина, вакили дифои Александр Наумов гуфтааст, ки онҳо бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва аз он шикоят хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки расонаҳо дар моҳи июни соли 2023 аз нопадид шудани Далер Бобиев, муҳоҷири панҷ солаи тоҷик хабар дода буданд. Садҳо сокини маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи ин тифл баромада, ҷасади ӯро 29-уми июни соли 2023, ки дохили як халта гузошта шуда буд, аз наздикии хонаи Наумов пайдо карда буданд.

Дертар тафтишот маълум кард, ки кӯдак ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2022 ба қатл расонида шудааст.

Барои ба қатл расонидани Далер Бобиев ҳамсари Александр Наумов, Вероника Наумова ва ҷияни 21-солаи ӯ Даниил Еголников гумонбар буда, мурофиаи онҳо идома дорад. Бояд гуфт, худи Вероника Наумова ба расонаҳо аз нопадид шудани ин тифли тоҷик хабар дода буд.

Гуфта мешавад, Хуҷановиддин Бобиев, падари Далер Бобиев дар Русия барои дуздӣ зиндонӣ шуда буд ва мақомот ин тифлро ба Наумовҳо барои парасторӣ дода буданд.

Ин бори аввал нест, ки дар Русия тифлакони тоҷик кушта мешаванд. Дар соли 2018 Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик аз ҷониби Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия таҷовуз ва ваҳшиёна кушта шуда буд. Александр Сёминро соли гузашта ба ҳукми абад маҳкум карданд.

Пештар аз ин, рӯзи 13-уми октябри соли 2015 Умаралӣ Назарови 5-моҳа фарзанди муҳоҷирони тоҷик Заррина Юнусова ва Рустам Назаров ҳангоми тафтиши кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Дар марги ин тифл касеро гунаҳкор надонистанд.

Лағви раводид байни Тоҷикистон ва Арабистон

0

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо имзои як санад талаботи раводид байни ду кишварро бекор карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 27-уми сентябри соли 2024 байни Тоҷикистон ва Арабситони Саудӣ як Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки бар асоси он “талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус” бекор карда шуд.

Ба қавли манбаъ, шаҳрвандони ҳар ду кишвар, ки “дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус мебошанд, аз талаботи гирифтани раводид барои вуруд, хуруҷ, убур ва будубош дар ҳудуди давлати тарафи дигар ба муҳлати на зиёда аз 90 (навад) рӯз дар муддати 180 (яксаду ҳаштод) рӯз аз санаи вуруди аввалин озод карда мешаванд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд: “Ёддошти тафоҳуми мазкур баъд аз 30 (сӣ) рӯзи гарифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, эътибор пайдо мекунад.”

Гуфта мешавад, ин Ёддошти тафоҳумро аз тарафти Ҳукумати Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз тарафи Арабситони Саудӣ, вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Файсал бин Фарҳон Оли Сауд дар ҳошияи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк имзо карданд.