12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 148

Боздошти “РАЛИК” баъд аз нашри наворҳои баҳсбарангез

0

Рэпсарои ҷавони тоҷик Рамазон Муродов, ки бо тахалуси “РАЛИК” маъруф аст, рӮзи 23-уми июл пас аз интишори чанд навори интиқодӣ боздошт шуд.

Рамазон дар саҳифаи инстаграми худ бо нашри чанд навор идао кард, ки дар пушти шабакаи “ПАРВИЗ ТВ”, ки одатан хабарҳои фаврӣ аз ҳолатҳои садама ва сӯхтору дигар ҳодисаҳоро нашр мекунад ва инчунин “ҲОДИСА ТВ”, ки бо пахш кардани наворҳои фаҳш ва наворҳои хусусии мардум машғул ҳаст, мақомоти қудратӣ меистанд.

Ӯ дар яке аз наворҳо иддао мекунад, ки “ҲОДИСА ТВ” ба Саидмумин Ятимов, раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ПАРВИЗ ТВ ба Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилӣ тааллуқ дорад. Ӯ дар идома мегӯяд инҳо (манзур КДМ ва ВКД) бо ҳамроҳи Сураё Қосимова ва духтаронаш Шабнами Сураё ва Фарзонаи Хуршед дар хонаҳои мардум камераҳои махфӣ мегузоранд.

Рамазон Муродов бо асабоният хитоб мекунад, ки мехоҳад “ҳақ ба қақдор бирасад”, аммо маълум нест ӯ аз чӣ ин қадар асабӣ шудааст ва чаро якбора ба сохторҳои қудратии кишвар метозад.

Ӯ аз генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо (Бузмаков), муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба шиддат интиқод мекунад. Инҷунин дар хитоб ба Ҳасан Асадуллоза, додараруси Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, флешкартаҳояшонро дар даст дорад ва “замоне ки ҳамаҷизро ба номи ман кунед баъд флешкартаҳоро бар мегардонам.”

Ангезаи вокуниши тунди ин рэпсарои ҷавон то ҳол рӯшан нест. Корбарон ҳам мепурсанд, ки чӣ чиз боис шуда, ки то ин ҷавон “бо ҷони худ риск” карда, даст ба интишори ин видеоҳо задааст.

Рамазон Муродов дар як навори дигар, ки зоҳиран пештар нашр шудааст, мегӯяд, “баъзе гапҳо ва корҳое”-ро медниост ва мехоста барои нашр кардани онҳоро бо кормандони Радиои Озодӣ дар миён бигузорад.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе шоми 23-юми июл аз боздошти Рамазон Муродов хабар дод. ВКД иддао карда, ки пас аз тафтиши рафтори ӯ маълум шуда, ки “Рамазон Муродов наворҳоро баъди истеъмоли маводи мухаддир сабт кардааст.” Ҳамчунин Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, Рамазон “ҳамчун нашъаманд дар қайди Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои наркологӣ” қарор дорад.

Аммо онҳое, ки Рамазонро мешиносанд, мегӯянд, ин дар ҳаққи ӯ туҳмат аст ва ин ҷавон маводи мухаддир истеъмол намекунад.

Назари худи Рамазон Муродов вобаста ба қазия мазкур ва пайвандони ӯ дастраси расонаҳо нагаштааст ва ҳамин тавр сарнавишти ояндаи ӯ низ маълум нест.

То ин дам мушаххас нест, ки мақомот алайҳи ин рэсапро бо чӣ иттиҳом парванда боз кардаанд.

Ҳалокати 5 узви як хонавода дар Суғд

0

Бино ба иттилои расонаҳо, 24-уми июли соли ҷорӣ дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дасти кам 7 нафар ҷони худро аз даст додааст.

Ба қавли манбаъ: “Дар садамаи нақлиётие, ки зуҳри имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ рух дод, дастикам 7 сокини ин ноҳия ба ҳалокат расиданд, ки 2 нафарашон ноболиғ мебошанд.”

Дар робитаи ба ин ҳодиса, як масъул аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ гуфтааст, ки “5 нафари онҳо узви як оила ҳастанд ва сокинони ҷамоати деҳоти Фотеҳободи ноҳия мебошанд.”

Ин масъули ҳукуматӣ гуфтааст, ки субҳи имрӯз ин сокинон ба хотири пешвози писари муҳоҷирашон ба шаҳри Хуҷанд рафта буданд ва “баъди пешвози муҳоҷир, падари хонадон ва дигар аҳли оила ба самти ноҳияи Мастчоҳ ҳаракат карданд. Дар роҳи даромадгоҳи ноҳия мошини кироякаш (таксӣ), ки самти ҳаракаташ Ойбек – Душанбе буд, бо мошини онҳо бармехӯрад” ва боиси ин фоҷеаи пурқурбонӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ба сабаби дуруст риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби ронандаҳо садамаҳои маргбори ба ин монанд дар роҳҳои Тоҷикистон зиёд рух медиҳад. Аммо дар бораи ин ҳодиса, то замони таҳияи ин матлаб, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ ба сурати расмӣ изҳороте нашр накардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон писари Аҳмадшо Масъудро аз Душанбе ронд

0

Бархе расонаҳои афғонистонӣ хабар доданд, ки мақомоти Тоҷикистон дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро дар Душанбе баст.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон вақтҳои охир ба фаъолияти ин дифтар шубҳа карда, онро бастааст. Аммо бархе расонаҳо баста шудани онро ба далели фаъолият накардани ҶММА рабт медиҳанд.

То ҳол раҳбарияти ин ҷабҳа ба таври расмӣ аз баста шудани дафтараш дар Душанбе чизе нагуфтааст ва пойгоҳи хабарии ҶММА ҳам зоҳиран фаъол нест.

Нисораҳмади Шайхзай, яке аз таҳлилгарон ва ҷонибдорони ҶММА дар суҳбате бо расонаҳои маҳаллӣ гуфт, ки дафтари ин ҷабҳа дар Душанбе “ба маркази гирифтани пулҳои кумакӣ ва барои онҳое, ки зану фарзандонашон дар хориҷ зиндагӣ мекарданд, ба як мусофирхона табдил шуда буд.”

Инчунин Шайхзай дар мусоҳибаи худ таъкид мекунад, ки “дар дохили он дафтар суханҳои зиёде, ки ба амнияти дохилии Тоҷикистон хатар дошт, гуфта шудааст ва инчунин дар онҷо тарадудҳои шубҳанок ҳам вуҷуд дошт, ки амнияти Тоҷикистон ин ҳамаро беназорат нагузошт.”

Аммо бархе дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки чун Русия бо Толибон муносибати нек дорад, Тоҷикистон ҳам наметавонад сиёсати Путинро дар ин росто нодида бигирад. Аз ин рӯ, маҷбур аст фаъолияти мухолифони Толибонро дар Душанбе қатъ кунад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз тоҷикон ва зодагони Панҷшери Афғонистон ташкил шуд. Сардории ин ҷабҳаро Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд бар уҳда дорад ва худи ҳамон сол дафтари худро дар Душанбе боз кард ва масъулони он фаъолияти худро аз пойтахти Тоҷикистон пеш мебурданд.

Боздошти як шаҳрванди Узбекистон дар Лаҳистон

0

Бино ба иттилои расонаҳои лаҳистонӣ, як шаҳрванди Узбекистон бо иттиҳоми ҳамла ба корд ба ҷони ду ноболиғ боздошт шудааст.

Дар ин ҳамла ду ҷавони 15-сола захмӣ шудаанд. Ба иттилои пулиси Варшава, як ҷавон аз ноҳияи қафаси сина бо ду корд осеб дида ва нафари дуюмӣ оринҷи дасташ маҷруҳ шудааст.

Пулис ба расонаҳо гуфта, ки ин ҳодиса рӯзи душанбе дар кӯчаи Глобенский шаҳри Варшава рух дода, ҷабрдидагон шаҳрвандони Украина будаанд. То ҳол ангезаи ин ҳамла маълум нест.

Дар пайи ин ҳодиса пулис як шаҳрванди 26-солаи Узбекистонро ҳамчун гумонбари асосӣ ва 5 каси дигарро ҳамчун гумонбар боздошт кардааст. Аз боздоштшудагон ном бурда нашудааст.

Беш аз 135 муҳоҷир дар интизори ихроҷ аз Русия

0

Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон кардааст, ки танҳо дар як боздоштгоҳи муваққатии Маскав беш аз 135 муҳоҷири тоҷикистонӣ дар интизори ихроҷ қарор доранд.

Бино ба иттилои расмӣ, 22-юми июли соли 2024 масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия бо муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷикистонӣ дар боздоштгоҳи Сахаровои шаҳри Маскав мулоқот кардаанд.

Ба қалви манбаъ, дирӯз, “кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия воқеъ дар Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.”

Сафорати Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир “дар маркази номбурда 136 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”, ки дар байни байни он чанде аз муҳоҷирзанҳо ҳам вуҷуд доранд.

Гуфта мешавад, вазъи муҳоҷирони боздоштшуда дар ин ва дигар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия барои муҳоҷирон хуб нест. Дар аксари ҳолатҳо гуруснагӣ, камобӣ ва тибқи меъёр тозаву мураттаб набудани боздоштҳои муваққатӣ мушкилоти боздоштшудаҳоро зиёдтар ва афсурдагии онҳоро афзун мекунад.

Инчунин аз ҳад зиёд будани муҳоҷирон дар ин боздоштгоҳи муваққатӣ кормардони сафорартро маҷбур карда, ки аз раҳбарони Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав талаб кунанд, ки раванди фиристодани онҳо ба Ватанро зудтар анҷом диҳанд.

Аблуҳалим Ғафоровро ҳам аз вазифа ронданд

0

Абдуҳалим Ғаффоров пас аз 20 соли раисӣ дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз вазифааш барканор шуд.

Рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ Анҷумани ғайринавбатии ҲСТ дар бинои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин анҷуман Абдуҳалим Ғаффоров бо хоҳиши худ аз вазифа канор рафта, Ғулом Ҳалимзода, ки раиси ҲСТ шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буд, раиси ин ҳизб интихоб шудааст.

Дар анҷуман 3 номзад ба раисии ин ҳизб пешниҳод шуда, 2 тан ба нафъи Ҳалимзода аз рақобат даст кашиданд.

Бино ба иттилои “Asia-Plus”, Ҳалимзода пас аз интихоб шудан ба ҳамҳизбиёнаш ташаккур гуфта, таъкид кардааст, ки “Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҳизбро пеш барам, муттаҳид шавем ва ба қуллаҳои баланд расем”. Инчунин ӯ аз Абдуҳалим Ғаффоров хоҳиш кардааст, ки ҳамчун мушовири ҳизб фаъолиятро идома диҳад.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумони кишвар сабаби маҳз дар ин шабу рӯз аз вазифа канор рафтанашро шарҳ надодааст, аммо гуфтааст, ки “дар натиҷаи мушоҳидаҳои бисёр ба хулосае омадем, ки Ҳалимзода Ғулом раиси ҲСТ интихоб карда шавад”. Аммо ӯ пеш аз ин анҷуман ба расонаҳо гуфта буд, ки номзадиашро боз барои раисии ин ҳизб пешниҳод хоҳад кард.

Бояд гуфт, ин аввалин тағйироти раис дар сафи ҳизбҳои Тоҷикистон нест. Пештар рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ дар Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки дар яке аз толорҳои Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуд, Рустам Қудратови 64-сола аз раисӣ барканор ва Ғиёсиддин Ашӯрзодаи 48-сола, ки то ин дам муовин буд, раиси нави ҲИИТ интихоб шуд.

Анҷумани ин ҳизбҳо дар ҳоле дар толори донишгоҳҳо баргузор мешавад, ки дар аксар ҳолат ҳукумат дар гузашта ба ҳизбҳои мухолифи мисли ҲНИТ ва ҲСДТ толор намедод ва ин ҳизбҳо маҷбур мешуданд анҷумҳои худро дар хона ё толори ҳизбашон баргузор кунанд.

Инчунин дар моҳи майи соли ҷорӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии худро баргузор намуда, Шӯрои сиёсии ин ҳизб Саидҷаъфар Усмонзодаро аз роҳбарии ҳизб барканор ва Шаҳбози Аброри 34-соларо раиси нави ҳизб интихоб кард. Худи Усмонзода Анҷумани ҳизб ва барканорияшро ғайриқонунӣ номида, ба Вазорати адлияи кишвар шикоят бурда буд. Аммо Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси расмии ин ҳизб донист.

Дертар Додситонии кулли Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” боздошт кард ва вакилии ӯ дар парлумон бекор гардид. Пас аз ӯ Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини Усмонзода, ки дар Анҷумани ғайринавбатии ҲДТ муовини Шаҳбози Аброр инхоб гардида буд, низ бо ҳамин иттиҳом боздошт гардид.

Коршиносон ҳизбҳои дар боло зикршударо ҳизбҳои кисагӣ ё наздик ба ҳукумат меноманд ва мегӯянд, ки ин ҳизбҳо барои шаффоф нишон додани интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ дар кишвар фаъолият мекунанд, чун боре ҳам аз ҳукумат ва рафти интихобҳо дар кишвар интиқод накардаанд.

Муҳамадҷон Кабиров, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, тағйир ва ҷавонсозии раҳбарони ҳизбҳо, боздоштҳои ахири чеҳраҳои шинохта дар кишвар ва нопадид шудани Сӯҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” аз Туркия ба омодагӣ барои интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистон рабт дорад.

Чаро мардум телевизионҳои давлатиро кам тамошо мекунанд?

0

Рӯзи 22- юми июли соли Кумитаи радио ва телевизони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Нуриддин Саид, раиси Кумита дар нишасти матбуотии ниҳодаш, ки дар як сол ду бор баргузор мегардад, иштирок кард ва ба саволи хабарнигон посух дод.

Ӯ ба суоли ин ки оё дар телевизони давлатӣ барномаҳои танқидӣ вуҷуд дарад, гуфт, “барномаҳи танқидӣ вуҷуд дорад, ҳатто ба телевизени “САЙЁҲӢ” фармон додам, ки барномаи танқиди таҳия кунанд.” Нуриддин Саид мушахасан аз ягон барномаи танқидӣ ном набуд.

Ӯ дар идома гуфт: “Ман чандин маротиба гуфтам ва боз таъкид мекунам, ки барномаҳои танқидӣ бояд созанда ва барои рафъи мушкилӣ ва инчунин беҳбудӣ ва ислоҳи камбудӣ бошанд.”

Ин идаои Нуриддин Саид дар ҳолест, ки мунтақидон ва рӯзноманигорони мустақил аз бесифат будани муҳтавои банромаҳои шабакаҳои телвезионии кишвар интиқод мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аксари барномаҳои телевизионӣ ба таърифу тамҷиди ҳукумат ва хонаводаи раисиҷумҳур равона шудааст, аммо мушкилоти мардум фаромӯш шуда, амалан барномаҳои танқидӣ вучуд надорад.

Дар Тоҷикистон 15 шабакаи телвизони давлатӣ вуҷуд дорад, онҳо бо буҷети давлат, ки аз кисаи мардум гирифта мешавад, кор мекунанд. Ин шабакаҳо аз имкониятҳои зиёде бархӯрдоранд. Дар баробари ин, дар кишвар 18 телевизони хусусӣ низ вуҷуд дорад, аммо мардум чандон ба телевизонҳои давлатӣ эътимод надоранд, аз ин рӯ, дида мешавад, ки барномаҳои телевизонии кишвар дар интернет камтарин бинандагро доранд.

Беш аз 33% сокинони Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд

0

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 33 фоизи сокинони кишвар аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Бино ба иттилои расмӣ, “аз шумораи 10 миллион аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 66 фоиз, ё ин ки 6 миллион 741 ҳазор нафар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мебошанд.”

Ба қавли Раҷабалӣ Расулзода, муовини Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” агар то охир соли ҷорӣ Барномаи “Таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ барои давраи то соли 2032” аз ҷониби ҳукумат қабул карда шавад, сокинони ҳама шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо ва кӯчаҳои кишвар бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.

Сокинони хеле аз шаҳру ноҳияҳои кишвар дар деҳаҳои дуру наздик аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Аксари онҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, обро аз масофаҳои тӯлонӣ тавассути хару арабоҳо кашонда ба хонаҳои худ меоранд.

Ҳафтаи гузашта ҳам даҳҳо нафар аз сокинони бузургшаҳрҳои Тоҷикистон бо нашри аксу наворҳо аз пойтахт, шаҳри Бохтар, шаҳри Кӯлоб, шаҳри Турсунзода ва ғайра гуфта буданд, ки дар ин гармои тафсони тобистон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар беш аз ду даҳсолаи ахир аз ҳама минбарҳое, ки барои ӯ фурсат дода мешуд, дар бораи оби тоза барои ошомиданӣ, ва камобӣ дар дигар кишварҳои дунё суҳбат мекард. Ва чанде пеш ҳам нишасти ҷаҳоние низ бо ҳузури Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе дар бораи даҳсолаи об баргузор кард, аммо ҳамоно мардум дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз норасоии оби ошомиданӣ шикоят мекунанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки сокинони шаҳр борҳо дар бораи чунин мушкилоти камобӣ ва ё беобии худ ба масъулин арзу шикоят кардаанд, аммо чун дар Тоҷикистон вазифаҳо хариду фурӯш мешаванд ва дар хеле марвидҳо касоне ба вазифаҳо таъйин мешаванд, ки аз уҳдаи кор баромада наметавонанд, мушкилоти мардум зиёдтар ва эътимоди онҳо нисбат ба ҳукумат камтар мешавад ва сокинон ҳам маҷбур мешаванд, ки ҳама дарду додхоҳии барои рафъи мушкилоти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо рӯзноманигорон ва дигар фаъолони ҷомеа бигӯянд.

Қонуни муҳоҷират дар Русия сахттар мешавад

0

Вакилони Думаи давлатии Русия барои cахттар кардани будубоши муҳоҷирон 25 тағйиротро ба қонуни муҳоҷирати ин кишвар баррасӣ доранд.

Бар асоси яке аз ин тағйиротҳо, ки дар хониши дуюми вакилон ба қонуни муҳоҷирати Русия ворид карда мешавад, муҳлати дар боздошт нигоҳ доштани хориҷиҳо ва шахсони бесанад аз 90 рӯз ба 48 соат кӯтоҳ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, вакилони рус дар хониши аввал ба полис ҳақ дода буданд, ки шаҳрвандони хориҷиро аз Русия бе қарори додгоҳ ихроҷ кунанд. Акунун агар пулис қарори ихроҷи ягон муҳоҷирро аз хоки Русия содир кунад, ин нафар фақат ду шабонарӯз вақт дорад, ки аз кишвар биравад ва танҳо қарори дигари додгоҳ нисбати ин муҳоҷир метавонад монеи ихроҷи ӯ шавад.

Инчунин мақомоти рус мехоҳанд ба муҳоҷирон гирифтани симкортро бисёр сахт кунанд ва то замоне ки худашон ба идораи ширкати мобилӣ наоянду қарордод набанданд, шумораи телефон гирифта наметавонанд.

Дар дигар лоиҳаҳои тағйирот ба қонуни муҳоҷират ба вакилони рус пешниҳод шудааст, ки масъулияти ҷиноӣ барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро пурзӯр, сомонаҳое, ки ба фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ машғуланд, масдуд намоянд ва иштироки миёнаравҳоро дар имтиҳонҳои муҳоҷирон комилан манъ кунанд.

Пештар раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александ Бастрикин низ барои сахттар кардани назорат болои муҳоҷирон, гирифтан ва маҳрум кардан аз шаҳрвандии хориҷиҳо ба думаи давлатӣ пешниҳодҳо ирсол карда буд.

Гуфта мешавад, вазъи муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон дар Русия рӯз ба рӯз бадтар шуда, дар баробари тафтишу “рейдҳо” ва боло будани нархи “патент” дар ин кишвар қонунҳое, ки фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад, қабул мекунанд.

Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2023 ба Думаи давлатӣ қабули тарҳи нави қонун пешниҳод шуд, ки бар асоси он ба шаҳрвандони хориҷӣ кор дар мактабу соҳаи дорусозӣ, сохторҳои давлатии тиббӣ, таксӣ ва интиқоли бор манъ мешавад.

Инчунин мақомоти ин кишвар пас аз ҳодиса хунин дар “Крокус сити ҳолл”, ки гумонбарони асосиаш зодагони Тоҷикистон гуфта мешаванд, рейдҳои сахтеро болои муҳоҷирони тоҷик ташкил карда, қисмеро ҷаримаву ихроҷ ва баъзеҳоро ба ҷанг дар Украина фиристоданд.

Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки мақомоти рус зодагони Тоҷикистонро чандин рӯз дар сарҳаду фурӯдгоҳҳои Русия нигаҳ дошта ҳаққи ворид шудан ба хоки ин кишварро надоданд.

Душанбе ба партовгоҳ табдил шудааст

0

Пас аз гузориши Azda TV дар бораи вазъи экалогӣ ва риоя нашудани тозагӣ аз тарафи сокинон дар ҷамоати Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, шикоятҳои зиёде ба унвонии мо расид.

Аз ҷумла, корбарони Фейсбук дар зери гузориши Azda TV навиштанд, ки вазъи экалогӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз сӯи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур мудирият мешавад, аз дигар ноҳияҳо бадтар аст.

Корбарон мегӯянд, масъалаи тозагии шаҳри Душанбе хело “ташвишовар” шудаст. “Пештар партовҳоро дар як хафта як ё ду бор аз пеши хонаҳои истиқоматӣ ва партовгоҳои шаҳр тоза мекарданд. Ҳозир бошад, дар ин гармии ҳаво дар як моҳ як ё ду бор тоза мекунанд, ки ин боиси касалиҳои сироятӣ ва хатар ба саломатии сокинони шаҳр мебошад.”, менависанд корбарон. 

Корбаре менависад, ки “рӯз ба рӯз вазъияти шаҳр бад шудааст, ҳаққи хизматрасониҳои коммуналиро пешакӣ аз мардум ҷамъ карда мегиранду партовхоро сари вақт тоза намекунанд. Фақат нарху наво ва ҳаҷми ҷаримаву андозро баланд карда, дигар парвои мардум надоранд.”

Як кобари дигар хулса карда гуфтааст, “кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба ахлотхона табдил шудааст.”

Рустами Эмомалӣ бо як фармони падараш соли 2017 раиси шаҳри Душанбе таъйин карда шуд. Инак 7 сол мешавад ба курсии шаҳрдори Душанбе нишастааст. Ӯ дар ин симат Маҳммадсаид Убайдуллоевро иваз карда буд, сокинони шаҳр аз мудирияти Рустами Эмомалӣ ба шиддат интиқод карда, мегӯянд, ки наметавонад мушкилоти шаҳрро ҳал кунад.